Манбаи Озодӣ дар Хоруғ мегӯяд, шоми 21 май як ҳайати кормандони масъули Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллӣ аз Душанбе тавассути чархбол роҳии Хоруғ шудаанд ва қарор аст, ҳамроҳ бо мақомоти маҳаллӣ вазъи пешомада дар маркази вилояти мухтори Бадахшонро дар як ҷаласа баррасӣ кунанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ҷараёни амалиёти боздошти як гурӯҳ аз ҷавонони маҳаллӣ, ки зоҳиран ба қочоқи маводи мухаддир айбдор мешуданд, 2 нафар кушта ва 6 тани дигар захмӣ шудаанд. Як манбаи наздик ба созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон бо такя ба "манобеи боварбахш" хабар дод, ки "пулис дар шаҳри Хоруғ як мошини ҳомили 3 ҷавонмардеро, ки "раҳбарони ғайрирасмии ҷавонон" ба шумор мерафтаанд, манъ мекунад ва "бигӯ-бигӯ"-и байни онҳо мунҷар ба тир хӯрдани ҳарсе мусофири ин мошин мешавад." Хабаргузории Интерфакс мегӯяд, дар ин тирпарронӣ Давид Ниёзбеков ном афсари нирӯҳои вижаи мавсум ба ОМОН низ ҷароҳат бардоштааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, шаҳрдори Хоруғ Фаромӯз Имомбердиев бо "бархе шахсиятҳои калидӣ аз байни эътирозгарон" вориди музокирот шудааст, Ба гуфтаи ин манбаъ, шаҳрдори Хоруғ қасд дорад бо мақомоти маҳаллӣ дар бораи вазъи Хоруғ ташкили ҷаласа кунад. Раиси вилояти Бадахшон Шодихон Ҷамшедов, ба гуфтаи манбаи дигари Озодӣ, дар рӯзи нооромиҳои Хоруғ бо сафаре дар Ӯш қарор доштааст ва ҳоло дар роҳи бозгашт қарор дорад. Хабари музокироти шаҳрдори Хоруғ бо эътирозгаронро Амрихудо Дамдор, муовини аввали раиси вилояти Бадахшон низ дар сӯҳбат бо Озодӣ тасдиқ кард.
Бархе сокинони маҳаллӣ, дар ҳамин ҳол, дар бораи маҳдуд шудани равуо ба Хоруғ хабар медиҳанд. Онҳо мегӯянд, дар ҳоли ҳозир даромадан ба Хоруғ ва ҳамин тавр, хуруҷ аз шаҳр ба далели назорат дар посгоҳҳо хеле мушкил шудааст. Сафорати Бритониё ба ин далел ба атбои ин кишвар машварат додааст, ки аз сафар ба Хоруғ худдорӣ кунанд. Сафири Бритониё дар Тоҷикистон Робин Орд-Смит низ дар саҳифааш дар Твиттер тасдиқ кардааст, ки "роҳҳо ба сӯи Хоруғ баста шудааанд. Бритониёиҳое ки қасд доранд ба онҷо сафар кунанд, бояд то рӯшан шудани вазъ набояд ба роҳ бароянд." Орд- Смит ҳамчунин афзудаааст, ки ин машварат "ба маъноест, ки онҳо(бритониёиҳо) бояд машварати ҳукуматҳои худ ва албатта, сафоратҳоро гӯш кунанд."
Robin Ord-Smith @RobinOrdSmith 53s
@eTajikistan @UKinTajikistan @FCOtravel means they should follow travel advice from their respective governments, Embassies of course
Аммо як манбаи Озодӣ боздошти бародари Маҳмадбоқировро рад мекунад: "Ман худам имрӯз Маҳмадбоқирро дидам, ки писарашро баъди дарс аз мактаб гирифту рафт. Зоҳиран хеле ором ба назар мерасид. Агар бародарашро мегирифтанд, ӯ ҳам пеши идораи милиса меомад, вале онҷо набуд. Толиб Аёмбеков (фармондеҳи дигари собиқи мухолифин)-ро ҳам дар маҳаллааш дидаанд."
Амрихудо Дамдор, муовини якуми раиси вилояти Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳақиқат ҳангоми дастгир кардани як гурӯҳ тирпарронӣ шудааст. Ӯ гуфт, ин амалиёти боздоштро раёсати корҳои дохилаи вилоят анҷом додааст.
Амрихудои Дамдор гуфт, "дар ин тирпаронӣ як нафар ба шиддат ҷароҳат бардошта ва дар бемористон фавтидааст ва ҳамакнун се тани дигар ҳоло дар бемористон ҳастанд." Ҷаноби Дамдор гирди ҳам омадани издиҳом дар шаҳри Хоруғро, ки миёнашон ҷавонон зиёданд тасдиқ кард ва гуфт, ки раиси шаҳри Хоруғ бо раҳбарон ё лидерони мардуми ҷамъомада сӯҳбат намуд.
Аммо ба таъкиди ҷаноби Дамдор ҷониби шаҳрдорӣ ва раҳбарони мардуми гирдомада ҳанӯз ба тавофуқи ниҳоӣ нарасиданд, вале мардум дар ҳоли парокандашавӣ буда, танҳо қисми ками онҳо, асосан ҷавонон, дар назди идораи пулис боқӣ мондааст. Талаби мардуми гирдиҳамомада ба муҷозот кашидани омилони ҳодиса аст.
Дар посух ба суоли Озодӣ ки оё "лидерҳо"-е ки бо раиси Хоруғ мулоқот карданд, ҳамонҳоеянд, ки дар тобистони соли 2012 раҳбарии гурӯҳҳои Хоруғро ба дӯш доштанд?, Амрихудо Дамдор гуфт, ки на, ин лидерҳо комилан дигар ва ҳамагӣ ҷавонанд.
Аммо моҷарои рӯзи 21 май дар Хоруғ дар ҳолест ки як рӯз қабл дар матбуот хабари мулоқоти ҳафтаи гузаштаи Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров бо 3 намояндаи дафтари душанбегии Иттиҳодияи Аврупо нашр шуд. Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров дар қатори Толиб Аёмбеков, Ёдгор Мамадасламов ва Имумназар Имумназаров дар шумули 4 фармондеҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи худсари Хоруғ буд, ки нирӯҳои давлатии Тоҷикистон дар тобистони соли 2012 алайҳи онҳо амалиёти густардаеро ба роҳ андохтанд.
Дар давоми рӯзи 21 май дар бораи ҳалокати то 3 нафар дар Хоруғ гузориш шуда, аз ҷумла аз Собир ном сокини маҳаллаи Тем ва Мунаварр ном нафаре аз маҳаллаи Бархоруғ ном мебурданд. Аммо Исмоил Орифшоев, муовини раиси вилояти Бадахшон шоми 21 май ба Озодӣ ҳалокати Мунавварро, ки бовар меравад, амалиёти боздошти ӯ ба тирпарронии имрӯза дар маркази Бадахшон мунҷар шудааст, тасдиқ накард ва гуфт, танҳо 2 нафар ҷон бохтаанд.
Сокинони Хоруғ рӯзи 21 май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мардум ба думболи тирпарронӣ дар назди идораи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ ҷамъ омада, талаб доранд, ки боздоштшудаҳоро озод карда ва маъмурони ОМОН-ро, ки алайҳи сокинони Хоруғ тир кушодаанд, ба масъулият бикашонанд.
Ин видеоро аз Хоруғ хабаргузории Тоҷнюс ба даст овардааст:
Куштаҳову захмиҳо ҳам аз маҳаллаҳои Тем ва Бархоруғ будаанд. Ин ҷавонон гӯё ба узвият дар кадом гурӯҳҳои мафиозӣ гумонбар дониста мешаванд. Вале мақомоти Бадахшон то ҳол ҷузъиёти ин амалиётро ташреҳ накардаанд. Ин ҳам маълум нест, ки нафарони боздоштшуда мушаххасан ба чӣ айбдор мешаванд?
Хоруғ дар моҳи июли соли 2012 низ маркази амалиёти вижае буд, ки нирӯҳои давлатӣ дар посух ба пайи қатли раиси идораи амнияти Бадахшон генерал Абдулло Назаров ба роҳ андохтанд. Ин амалиёт мунҷар ба ҳалокати зери 70 нафар аз ду ҷониб шуд ва танҳо баъди чанд рӯзи даргириҳо бо мусоидати созмонҳои ғайридавлатӣ байни нирӯҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳи Хоруғ оташбас эълон шуд.
Ба дунболи ин тирпарронӣ, издиҳоме аз сокинони Хоруғ бо талаби раҳоии боздоштшудаҳо ва муҷозоти ходимони ОМОН ба назди бинои идораи умури дохилаи вилояти Бадахшон рехтанд. Хабаргузории ИТАР-ТАСС шумори эътирозгаронро аз 500 то 1500 нафар баршумурдааст. Аммо як манбаи наздик ба созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон гуфт, ба маълумоти онҳо, аз 200 то 300 нафар ба ин эътирозҳо пайваста, эътирозгарон бинои пулису амният ва додситонӣ ва ҳамчунин ду мошини пулису як мошини марбут ба як корманди додситониро оташ задаанд. Дар тирандозиҳо дар назди идораи пулис дастикам як нафари дигар тир хӯрдааст.Ба гуфтаи ин манбаъ, шаҳрдори Хоруғ Фаромӯз Имомбердиев бо "бархе шахсиятҳои калидӣ аз байни эътирозгарон" вориди музокирот шудааст, Ба гуфтаи ин манбаъ, шаҳрдори Хоруғ қасд дорад бо мақомоти маҳаллӣ дар бораи вазъи Хоруғ ташкили ҷаласа кунад. Раиси вилояти Бадахшон Шодихон Ҷамшедов, ба гуфтаи манбаи дигари Озодӣ, дар рӯзи нооромиҳои Хоруғ бо сафаре дар Ӯш қарор доштааст ва ҳоло дар роҳи бозгашт қарор дорад. Хабари музокироти шаҳрдори Хоруғ бо эътирозгаронро Амрихудо Дамдор, муовини аввали раиси вилояти Бадахшон низ дар сӯҳбат бо Озодӣ тасдиқ кард.
Бархе сокинони маҳаллӣ, дар ҳамин ҳол, дар бораи маҳдуд шудани равуо ба Хоруғ хабар медиҳанд. Онҳо мегӯянд, дар ҳоли ҳозир даромадан ба Хоруғ ва ҳамин тавр, хуруҷ аз шаҳр ба далели назорат дар посгоҳҳо хеле мушкил шудааст. Сафорати Бритониё ба ин далел ба атбои ин кишвар машварат додааст, ки аз сафар ба Хоруғ худдорӣ кунанд. Сафири Бритониё дар Тоҷикистон Робин Орд-Смит низ дар саҳифааш дар Твиттер тасдиқ кардааст, ки "роҳҳо ба сӯи Хоруғ баста шудааанд. Бритониёиҳое ки қасд доранд ба онҷо сафар кунанд, бояд то рӯшан шудани вазъ набояд ба роҳ бароянд." Орд- Смит ҳамчунин афзудаааст, ки ин машварат "ба маъноест, ки онҳо(бритониёиҳо) бояд машварати ҳукуматҳои худ ва албатта, сафоратҳоро гӯш кунанд."
Robin Ord-Smith @RobinOrdSmith 53s
@eTajikistan @UKinTajikistan @FCOtravel means they should follow travel advice from their respective governments, Embassies of course
Details
Robin Ord-Smith @RobinOrdSmith 6m
Understand roads to Khorog closed. Brits planning to travel there should not do so until situation clear. @UKinTajikistan @FCOtravel