Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М.Муҳаммадбоқиров: "Ман ҳозир як "обвиняемый"


Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, аз раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Бадахшон.
Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, аз раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Бадахшон.

Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров мегӯяд, талаби асосии онҳо ҳамчунон хуруҷи ҳарчӣ зудтари нирӯҳои давлатӣ аз Бадахшон аст.

Исми Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, яке аз фармондеҳони пешини Иттиҳоди неруҳои оппозисиюни тоҷик дар Бадахшон ва полковники собиқи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, баъд аз амалиёти ахири Хоруғ, ки бо талаби ба мақомот супурдани гумонбарони қатли генерал Абдулло Назаров оғоз ёфт ва зери 70 кушта ба ҷо гузошт, вирди забони расонаҳо шуд.

Мақомот ӯ ва 3 фармондеҳи дигари маҳаллиро ба як силсила ҷиноёти сангин, аз ҷумла қочоқи маводи мухадиру сангҳои қиматбаҳо ва ҳатто ба одамфурӯшӣ айбдор карданд. Аммо Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров дар сӯҳбати ихтисосиаш бо Радиои Озодӣ ин иттиҳомотро радд кард ва гуфт, зиндагии хеле оддӣ дорад ва дар умраш даст ба чунин корҳои сиёҳ назадааст.

Як ҳадаф аз амалиёти низомӣ дар Хоруғ додани дарси адаб ба фармондеҳони саркаши маҳаллӣ гуфта мешуд. Вале оё ин ҳадаф ба даст омад? Имомназар Имомнзаров, қарори маълум, субҳи 22 август кушта шуд. вале 3 ҳамсафи дигари ӯ дар кадом вазъ қарор доранд ва статуси феълии онҳо кадом аст? Интизороти ин фармондеҳон аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон чист? Ва умуман имрӯзҳо дар Бадахшон чӣ мегузарад? Ин суолҳоро дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров дар миён гузоштем.

Озодӣ:Дар ҳоли ҳозир шумо дар кадом вазъ қарор доред?

Муҳаммадбоқиров: Мо, ба ростӣ, дар ҳолати интизорӣ қарор дорем ва бар инем, ки боз ягон балои дигар мешавад. Ман ҳоло фақат як обвиняемый.

Озодӣ: Чаро дар чунин андеша ҳастед, ки ягон балои дигар мешавад?

Муҳаммадбоқиров: Чунки баъд аз он коре, ки бо қумандон Имомназар карданд, ман ҳам чунин назар дорам, ки ягон бало мекунанд. Вале мо ҳам аз хаспора дӯхта нашудаем.

Озодӣ: Аммо дар мавриди куштори Имомназар Имомназар сару садоҳо гуногун аст. Ҳатто гуфта мешавад, ки ин кори нафарони худи ӯст?

Муҳаммадбоқиров: Не. Ин кори ҳукуматиҳо аст.

Озодӣ: Барои чӣ ин корро карданд?

Муҳаммадбоқиров: Барои чӣ? Барои онки Имомназар марди бузургвор буд. Дар Хоруғ мо ҳама ӯро гӯш мекардем. Ҳозир Хоруғ бесоҳиб монд. Ҳамин, ки чӯпонро куштанд, гӯсфанд худаш меравад. Лекин онҳо хато карданд. Мо бесоҳиб нестем, намемонем ва нахоҳем монд.

Озодӣ: Бо шумо намояндагони мақомоти тафтишотии Тоҷикистон саволу ҷавоб карданд?

Муҳаммадбоқиров: Бале. Сӯҳбатҳо доштем.

Озодӣ: Аз шумо чиҳо пурсиданд?

Муҳаммадбоқиров: Дар бораи генерал Назаров, ки ӯро куштанд, дуввум дар бораи тазоҳурот (митинг) ва сеюм гӯё ман авбошӣ (хулиганӣ) карда бошам. Шумо агар ба Хоруғ оед, инҷо як мавзее дорем бо номи Бархоруғ, ки онҷо мазор аст. Сарбозҳо дар онҷо мустақар шуданд. Ман онҳоро аз онҷо рондам. Гуноҳи ман ана ҳамин аст. Ман ҷабрдидаам, чун писарамро куштанд, домодамро куштанд, ҳамсинфамро куштанд. Имомназар барои ман ҳамчун падар буд, вайро куштанд. Ман ҷабрдидаам. Лекин намедонам Тоҷикистон чи гуна қонун дорад, ки ҳоло ман гунаҳкор шуморида мешавам. Ман ғаму ғусса надорам? Тамоман беадолатӣ аст.

Озодӣ: Оё интизор доред, ки дар сафари қарибулвуқӯи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бадахшон бо шумоҳо низ мулоқот мекунад, шуморо ба ҳузур қабул хоҳад кард?

Муҳаммадбоқиров: Ояд, баъд мебинем. Ҳоло чизе нест. Қабул мекунад, намекунад... хуб ояд, баъд хоҳем дид. Лекин халқи Бадахшону моро наметавонанд ба зону шинонанд. Ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ намешавад. Инро бояд бифаҳманд ва бидонанд. Мо, вилояти мухторем, Хуҷанд ва Ғарм нестем.

Озодӣ: Агар ин мулоқот баргузор шавад шумо ягон шарту талаб пешниҳод мекунед?

Муҳаммадбоқиров: Ҳатман!

Озодӣ: Талабу шарти шумо чи хоҳад буд?

Муҳаммадбоқиров: Ҳарчи зудтар нерӯҳои ҳарбӣ ва аз ҷумла ин генералҳоро аз Бадахшон барорад.

Озодӣ: Дар мавриди сарнавишти худ Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов низ сӯҳбатҳое хоҳед кард?

Муҳаммадбоқиров: Тақдири ман ҳал аст. Ман халқи худро дар тамоми умрам танҳо намемонам ва намемонам, ки Бадахшон оянду тирпарронӣ кунанд.

Озодӣ: Шумо бар ин назаред, ки бар ҳифзи мардуми худ бархостаед. Аммо мақомот шуморо айбдор меҳисобанд. Далели онҳо чӣ аст?

Муҳаммадбоқиров: Пештар ҳам гуфтам, ки гӯё ман авбошӣ кардаам, митинг ташкил шудааст. Ман ягон дархости дигар надорам, марҳамат ҳарчи коре мекунанд, кунанд, лекин тезтар аз хоки Бадахшон бираванд.

Озодӣ: Мақомот мегӯяд, ки Бадахшон порае аз хоки Тоҷикистон аст ва агар ҳам ки нерӯҳо ворид шуданд ба хоки худи ин кишвар ворид шудаанд. Яъне шумо бар ин боваред, ки ҳузури ин нерӯҳо дар онҷо зарурат надорад?

Муҳаммадбоқиров: Зарурат нест. Онҳо халқро ба хашм меоранд, раздражат мекунанд. Ҳамин заминфурӯширо ҳам бас кунанд.Замини Бадахшон замини падари онҳо набуд, ки онро ба хитоиҳо фурӯшанд.

Озодӣ: Иттифоқан то ҷое огоҳ шудем шумо яке аз аввалин афсарони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон будед, ки баъди тахлияи марз аз тарафи марзбонони Русия ҳифозати марзи Тоҷикистон бо Чинро бар ӯҳда гирифтед. Он замон корро аз чи шурӯъ кардед?

Муҳаммадбоқиров: Ҳашт сол хеле заҳмати сангин кашидам дар ҳимояти марзҳои Тоҷикистон. Қисми низомии зери раҳбарии ман яке аз воҳидҳои пешқадамтарин ба ҳисоб мерафт. Аммо беасос маро аз кор берун карданд. Чун ман думи баъзеҳоро зер кардам. Ба миқдори 730 килограмм ҳеройини яке аз мансабдоронро боздошт кардам. Ин ҳодиса соли 2007 буд. Баъд аз он ба ман душман шуданд.

Озодӣ: Рутбаи низомии шумо дар ҳоли ҳозир чӣ аст?

Муҳаммадбоқиров: Полковник.

Озодӣ: Агар аз ҷониби мақомот ба шумо кадом вазифа ва посте пешниҳод шавад қабул хоҳед кард?

Муҳаммадбоқиров: Нахоҳам кард. Ман як бор ба ин дом афтодам, дар соли 1997 баъди ҳамоиш (интеграсия)-и нерӯҳои ҳарду тараф. Ман бас кардам. Ман барои халқи худам хизмат мекунам. Фақат барои халқ.

Озодӣ: Барои халқ аз чи роҳе хидмат мекунед?

Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров: Халқи худро муҳофизат мекунам, ки ягон аҷнабӣ наояду моро ин тавр номардвор накушад.

Озодӣ: Дар мавриди сабабҳои роҳандозии амалиёти низомӣ дар Бадахшон фикру назарҳои гуногун баён карда мешаванд. Ба назари худи шумо сабаб ин амалиёт чи буд?

Муҳаммадбоқиров: Ҳарисӣ, пул, ҳадафҳои ғаразнок.

Озодӣ: Вазъи Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов чи гуна аст?. Бо онҳо иртибот доред?

Муҳаммадбоқиров: Каму беш.

Озодӣ: Ҳоло низ барои пурсиш аз тарафи мақомоти додситонӣ ё дохила даъват мешавед?

Муҳаммадбоқиров: Не. Ман дигар намеравам. Баъди куштори Имомназар ман бас кардам. Тамом. Бо ягон кас алоқа надорам.

Озодӣ: Чунин сару садоҳо шунида мешавад, ки ба ҷойи Имомназар шуморо роҳбар баргузидаанд?

Муҳаммадбоқиров: Одамро дар вазифа халқ таъин мекунад. Маро ягон кас таъйин накардааст. Агар маро таъйин кунанд, бо камоли майл қабул хоҳам кард. Ҳарчанд ин кори хеле душвор аст, лекин ман халқи худро намемонам.

Озодӣ: Ҳоло роҳбарии афроди Имомназар дар дасти кӣ аст, чун баъзе шоеъаҳост, ки дар дасти нафаре бо исми Хурсанд бо лақаби синнеглазий аст?

Муҳаммадбоқиров: Не, ин ҳарфҳо дурӯғ аст. Ҳоло мо ба кадом хулосае наомадаем.

Озодӣ: Баъди вуқӯи ҳаводиси ахири Бадахшон шуморо ба қочоқи маводди мухаддир, сангҳои қимматбаҳо ва чанд гуноҳи дигар муттаҳам карданд...

Муҳаммадбоқиров: Дар тамоми ҳаётам ман ин корҳоро кардагӣ нестам. Ман як одами оддиям. Як бор оеду хонаи маро бубинед. Баъд дар бораи ман аз халқ пурсед.

Озодӣ: Зиндагии шахсии шумо аз чи ҳисоб пеш меравад?

Муҳаммадбоқиров: Зиндагии ман мисли зиндагии мардумӣ аст. Чи хеле ки онҳо зиндагӣ доранд, ман ҳам ҳамон тавр зиндагӣ дорам. На нафақа мегираму на кадом имтиёзе дорам. Ҳамин гуна мо давлат дорем.

Озодӣ: Ҳоло метавонед бигӯед, ки мушаххастар ба давлати Тоҷикистон чи пешниҳод доред?

Муҳаммадбоқиров: Пешниҳоди мо ин аст ки ҳарчи зудтар артишро аз хоки Бадахшон берун бароранд.

Озодӣ: Агар кадом таҳдид аз тарафи хориҷа аз берун ба амнияти Тоҷикистон пеш ояд, дар кадом мавқеъ қарор хоҳед гирифт?

Муҳаммадбоқиров: Бадахшониҳо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ ватани худро намефурӯшанд. Ин дар хуни мо нест. Мо дар хатти аввал меистем.

Озодӣ: Гуфта мешавад, ки Имом Оғохони 4 дар ҳаводиси Хоруғ аз мавқеи ҳукумат ҷонибдорӣ карда, пушти мардуми худро нагирифтааст?

Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров: Мо ин ҳуқуқро надорем, ки тасмиму амри Мавлои замонро иҷро нанамоем. Гуфт, силоҳро ба замин гузоред, ки иҷро кардем, супоридем. Дар охир орзуи ман ин аст, ки ҳарчи зудтар тинҷиву оромӣ бишавад.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG