Ишвтан Нитраи, мудири шӯъбаи сиёсат ва иттилооти намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон дар посух ба интиқодҳои нашршуда пиромуни мулоқоти ӯ бо фармондеҳи собиқи яке аз гурӯҳҳои мусаллаҳи Хоруғ гуфт, ки намояндагони Иттиҳодияи Аврупо бо Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ба ҳайси раиси яке аз маҳаллаҳои маркази Бадахшон сӯҳбат кардаанд ва мавзӯъи мулоқот ҳам паёмадҳои хуруҷи неруҳои НАТО аз Афғонистон то поёни соли 2014 будааст.
Ишван Нитраи рӯзи 19 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ҳамроҳи Вятенис Бенетис ва Маури Пасанен – ду намояндаи дигари ин созмон рӯзҳои 10-14 май дар шаҳри Хоруғ буданд ва бо намояндагони мақомоти мухталифи ин минтақа, аз ҷумла бо намояндагони ҳукумати Бадахшон, масоили марбут ба паёмадҳои хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистонро сӯҳбат кардаанд.
Рӯзи 19 май дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз номи "Маҳмадназар Шакармамадов", ки худро сокини Хоруғ муаррифӣ кардааст, номае таҳти унвони «Намояндаи Евросоюз дар гӯши Маҳмадбоқир чӣ гуфт?» нашр шуд. Маҳмадназар Шакармамадов навиштааст, онҳо аз сафари ҳайати Иттиҳодияи Аврупо ба Хоруғ дар шахси Иштван Нитраи, мудири шӯъбаи сиёсат ва информатсияи намояндагии Иттиҳодияи Аврупо, Вятенис Бенетис ва Маури Пасанен хушҳол шудаанд, ки ин созмон шояд барои беҳбуди зиндагии мардуми Бадахшон Иттиҳоди Аврупо корҳои хайр хоҳад кард, вале онҳо «пинҳонӣ» бо Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров вохӯрдаанд.
Муаллиф Маҳмадбоқирови 50-соларо фармондеҳи як гуруҳи ҷиноӣ меномад, ки аъзояш асосан маҳбусони собиқ буда, дар қочоқи маводи мухаддиру сангҳои қиматбаҳо даст доранд. Муаллиф меафзояд, «ин ҷанобон фикр накунанд, моро фиреб дода метавонанд. Мо ҳадафи сафари шуморо фаҳмидем. Мо намегузорем, ки Тоҷикистони осоиштаро ба Украина, Сурия, Ироқ ва ғайра( рӯйхати кишварҳоеро, ки шумо будед, шояд худатон бидонед) табдил бидиҳед.»
Ин нома дар Фейсбук дар саҳифаи «Ҳалим Сангинҷонов» чоп шудааст. Саҳифаи ӯ маъмулан барои нашри матолиб алайҳи мунтақидони давлат истифода мешавад ва бовар меравад, ки марбут ба "Фабрикаи ҷавоб" бошад.
Аммо Ишван Нитраи, мудири шӯъбаи сиёсат ва иттилоотии намояндагии Иттиҳодияи Аврупо иддаоҳои омада дар ин номаро рад мекунад. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо тибқи барнома бо намояндагони ҳам ҳукумати Бадахшон, ҳам бо шаҳрдори Хоруғ ва ҳам бо намояндагони маҳалҳо, аз ҷумла бо Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ба ҳайси раиси яке аз маҳаллаҳои Хоруғ мулоқот доштаанд: «Суоли мо танҳо ин буд, ки назарашон дар бораи дурнамои вазъ пас аз хуруҷи неруҳои НАТО аз Афғонистон чист? Онҳо ҳама изҳори ташвиш мекунанд ва нигарон ҳастанд, ки минтақа метавонад ноором шавад. Мо фақат ҳамин назари мардуми Бадахшонро мехостем фаҳмем, дигар иддаоҳо асос надоранд.» Ӯ мегуяд, онҳо дар Бадахшон, аз ҷумла дар дидор бо Маҳмадбоқиров дар робита ба ҳаводиси Украина аслан сӯҳбат накардаанд.
Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров дар баробари Толиб Аёмбеков, Имумназар Имумназаров ва Ёдгор Мамадасламов яке аз 4 фармондеҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи худсар дар шаҳри Хоруғ номбар мешуд. Дар моҳи июли соли 2012 дар пайи қатли раиси идораи амнияти Бадахшон генерал Абдулло Назаров ҳукумат алайҳи ҳамин гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Хоруғ амалиёти амниятиеро оғоз кард, ки мунҷар ба ҳалокати зери 70 нафар аз ду ҷониб шуд.
Баъди чанд рӯзи даргириҳо бо мусоидати созмонҳои ғайридавлатӣ байни нирӯҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳи Хоруғ оташбас эълон шуд. Яке аз шартҳои ин оташбас халъи силоҳи гурӯҳҳои худсар ва ба мақомот супурдани афроди гумонбар дар қатли Абдулло Назаров буд. Аз тарафи дигар, ҳукумат тавонист нирӯҳояшро дар маркази Бадахшон мустақар кунад. Коре ки ҳатто дар 5 соли ҷанги шаҳрвандӣ барояш муяссар нашуда буд.
То имрӯз бо ҷурми даст доштан дар ошӯбҳои Хоруғ ду нафар - раиси созмони вилоятии ҳизби наҳзати исломӣ Шерик Карамхудоев ва Димон Ашӯров ба 14 ва 12 соли зиндон ва дуи дигар - Оқил Аёмбеков ва Ҳамза Муродов, бародар ва ронандаи Толиб Аёмбеков - бо ҷурми даст доштан дар куштори генерал Назаров маҳкум ба 17 ва 16 соли зиндон шуданд.
Вале аз 4 фармондеҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи Хоруғ танҳо Имумназар Имумназаров дар як сӯъиқасди мармуз дар августи соли 2012 дар манзилаш дар маркази Бадахшон кушта шуда, сеи дигар, аз ҷумла Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ҳамчунон дар Хоруғ ба сар мебаранд ва Маҳмадбоқиров, тавре намояндаи Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, ҳатто раҳбари яке аз маҳаллаҳои маркази маъмурии вилояти мухтори Бадахшон будааст.