Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар сулҳи Хоруғ ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муҳим дошт"


Гуфтугӯи хабарнигори "Озодӣ" бо Наврӯзмамад Наврӯзмамадов, раҳбари гурӯҳи 20-нафарии миёнҷӣ дар ҳалли қазияи Хоруғ.

Озодӣ: Ба фикри Шумо, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ то куҷо барои ба эътидол овардани вазъ дар минтақа нақш доштанд?

Наврӯзмамадов: "Гурӯҳи 20" як рӯзи пас аз амалиёти 24-уми июл, бо даъвати раиси вилоят аз ҷониби худи гирдиҳамомадагон интихоб гардид. Имрӯз метавонем бигӯем, гурӯҳ интизороте, ки аз он доштанд, бароварда сохт. Чун аъзои гурӯҳ табақаҳои мухталифи ҷомеаро намояндагӣ мекарданд, метавон гуфт, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ба эътидол овардани вазъият дар Хоруғ саҳм гузошт. Дар баробари "Гурӯҳи 20", халифаҳо, занон, ҷавонон, ашхоси обрӯманди маҳаллаҳои шаҳр низ дар пешгирии низоъ нақш доштанд."

Озодӣ: Ҳадафи аввали гурӯҳ оташбас ва назорати риояти шартҳои оташбас аз ду ҷониб буд. Оё дар ин марҳила гурӯҳ бештар ба кадом мушкилот дучор гардид?

Наврӯзмамадов: "Ҳадафи аввали гурӯҳ ин оташбас ва риояти шартҳои оташбас аз ҳар ду тараф буд. Вале мушкилиҳо зиёд буданд. Аввалан хашму ғазаби тарафайн ва махсусан нобоварии аҳолии осоишта нисбат ба оташбас буд. Он рӯз тамоми аҳолии шаҳр новобаста аз муносибат ба амалиёт, бо эҳсосоти баланди хашму ғазаб дар майдони шаҳр гирд омада буданд ва аксари онҳо аз поймол гаштани қонунҳои ҷумҳурии Тоҷикистони ҳарф мезаданд. Бисёрии ҷамъомадагон, махсусан ҷавонон ва занон, талаб мекарданд, ки саркардагони амалиёт ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Хуллас, ҳар ду тараф гунаҳкоронро меҷустанд. Дар он рӯзҳо мардумро ба оромӣ даъват намудан кори осон набуд. Гурӯҳ дар ҳар қадам ба баҳсҳои пурэҳсосот дучор мешуд. Аммо муҳим буд, ки тарафҳо ба "Гурӯҳи 20", ки миёнрав буд, боварӣ ҳосил кунанд. Ба ин хотир аъзои гурӯҳ аз рӯзи ташкилшавӣ дар кӯчаҳои шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз карда, муҳим будани оташбасро ба тарафҳо, ки ҳанӯз бо силоҳ дар муқобили ҳам қарор доштанд, фаҳмонданд ва то андозае ба ҳамдигарфаҳмӣ муваффақ ҳам шуданд. Акнун, баъд аз пурра ба эътидол омадани вазъият, вақте ба гузашта назар мекунӣ, мефаҳмӣ, ки ин ягона кори муҳим ва рост буд дар он рӯзҳо, зеро бе эълон намудани оташбас ба ягон мувофиқаи дигар ноил шудан номумкин буд."

Озодӣ: Вале чаро мақомот бештар ба мулоқот "Гурӯҳи 20"-ро даъват мекард. Оё Шумо бештар гапгир будед?

Наврӯзмамадов: "Бале, ситоди доимоамалкунанда баъд аз имзои тарафайни сулҳи Хоруғ 25-уми август таъсис ёфта, дар он ба ғайр аз "Гурӯҳи 20", дигар табақаҳои аҳолӣ ва хусусан намояндагони ҷавонони шаҳр низ дохил шуданд, ки барои ба эътидол овардани авзоъ хизмати зиёдеро ба анҷом расонданд. Чаро мақомот бо "Гурӯҳи 20" бештар мулоқот мекард? "Гурӯҳи 20" дар рӯзҳои аввали низои Хоруғ таъсис ёфта, яке аз масъалаҳои вазнинтаринро ба ӯҳда гирифт ва ба ҳалли он муваффақ ҳам шуд. "Гурӯҳи 20" сохтор, ҳадаф, кодекси фаъолият ва роҳбар дорад, ки ҳар як аъзои гурӯҳ муваззаф аст, онро риоят кунад ва ин имконият намедод, ки ягон аъзои гурӯҳ аз доираи мақсад ва талаботи гурӯҳ берун барояд. Аз рӯзи аввали таъсисёбӣ, гурӯҳ бо мақомот ҳамкории зич дорад ва шояд аз ин сабаб мақомот ба гурӯҳ таваҷҷӯҳи бештаре дорад. Гурӯҳ ва мақомот дар рӯзҳои низои Хоруғ як намунаи хуби ҳамкории мақомот ва ҷомеаи шаҳрвандиро нишон дод."

Озодӣ: Бархе аз аъзои Шумо мегӯянд, ки "Гурӯҳи 20" рисолаташро иҷро кард. Шумо чӣ назар доред?

Наврӯзмамадов: "Бале, "Гурӯҳи 20" рисолаташро иҷро намуд. Ноил шудан ба оташбас ва вайрон нашудани шартҳои он аз ду тараф. Вақте, имрӯз ба кӯчаҳои шаҳр назар карда, зиндагии осоишта, хандаи кӯдакон ва осмони беғуборро мебинӣ, сад шукр мекунӣ, ки Худованди бузург моро ба ин рӯз расонд. Барои ба эътидол овардани авзоъ беҳтарин фарзандони Бадахшон дар паҳлӯи "Гурӯҳи 20" буданд, ки қисме дар Бадахшон зиндагӣ доранду қисмате дар навоҳии ҷумҳурӣ. Инҳо одамони касбу кори гуногунанд ва дар байнашон кормандони мақомот ҳам ҳастанд, ки бо ихтиёри худ ба гурӯҳ шомил гардиданд."

Озодӣ: Аммо дар бӯҳрони Хоруғ Шумо киро гунаҳкор мешуморед?

Наврӯзмамадов: "Кофтани гунаҳкорони бӯҳрон, вазифаи гурӯҳ набуд. Агар гурӯҳи миёнрав ба кофтани гунаҳкорон сарукор мегирифт, он вақт ин гурӯҳ ҳамчун миёнрав фаъолият карда наметавонист. Барои муайян кардани гунаҳкорон, дигар сохторҳо бояд фаъолият намоянд."

Озодӣ: Интизороти Шумо аз сафари президент ба Бадахшон чӣ аст?

Наврӯзмамадов: "Аз рӯзҳои аввал дар вохӯриҳое, ки бо мардум доштем, қариб ҳама интизори омадани президенти кишвар буданд. Вақте ки кӯдакеро касе озор медиҳад, ӯ падарашро мекобад, то додашро гӯяд. Ба назари ман чунин менамуд, ки дар он рӯзҳо мардум дар симои президенти кишвар мушкилкушои худро мекофт. Имрӯз чун тамоми мардуми Бадахшон умеди онро дорем, ки сафари президент ба Бадахшон ба ҳамаи мушкилиҳои сокинони шаҳри Хоруғ нуқтаи охиринро мегузорад."
XS
SM
MD
LG