Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии панҷуми мунтахаби Тоҷикистон бар тими Афғонистон


Бозии байналмилалии дӯстона миёни тимҳои миллии футболи Тоҷикистону Афғонистон бо ҳисоби 1:0 ба нафъи футболбозони тоҷик анҷом ёфт.

Ин бозии дӯстона шоми якшанбеи 4-уми май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури 8000 тамошобин баргузор шуд. Голи ягонаро дар дақиқаи 2-юм нимҳимоятгар Нуриддин Давронов зад.

Бояд гуфт, ки қабл аз оғози бозӣ ба хотираи садҳо нафар одамоне, ки дар яке аз деҳаҳои вилояти Бадахшони Афғонистон бар асари фаромадани ярч ҳалок гаштаанд, лаҳзаи сукут эълон шуд. Инчунин футболбозони ҳарду даста пеш аз лавҳаи «Say no to racism» (Бигӯ ба нажодпарастӣ ҷой нест!) акс гирифтанд.

Бозии дӯстона
Тоҷикистон – Афғонистон – 1:0
Гол: Нуриддин Давронов, 2.
Тоҷикистон: Алишер Тӯйчиев (капитан), Наим Ӯлмасов, Эраҷ Раҷабов, Сиёвуш Асроров, Нуриддин Давронов, Иброҳим Рабимов (Ҳасан Рустамов, 57), Ҷаҳонгир Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев (Абдурасул Раҳмонов, 80), Фарҳод Тоҳиров (Бахтиёр Чориев, 77), Аҳтам Ҳамроқулов (Ҷаҳонгир Эргашев, 62).
Афғонистон: Мансур Фақиржр, Муҳаммадрафӣ Борикзай, Амируддин Шарифӣ (Мустафо Афшор, 73), Фарзод Атоӣ (Муҳаммад Мирзо Ҳусайн, 83), Ислом Амирӣ (капитан), Муҳаммад Юсуф Машриқӣ, Ҷалолиддин Шариатёр, Аҳмад Ораш Отифӣ, Санҷар Аҳмадӣ, Замир Доудӣ, Ҳамид Садид (Ҳамидуллоҳ Каримӣ, 46).
Огоҳонида шуданд: Ҷаҳонгир Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев (Тоҷикистон), Ислом Амирӣ, Ҷалолиддин Шариатёр (Афғонистон).
Сардовар: Александр Алиев (Қазоқистон).
Ёваронаш: Сергей Васютин, Самат Тергеусизов (ҳарду – Қазоқистон).
Довари эҳитётӣ: Хуршед Дадобоев (Тоҷикистон).
Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Тоҷикистон).
Комиссари бозӣ: Ҷовидон Ҳасанов (Тоҷикистон).
4-уми май. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 8000 тамошобин.
Нишасти матбуотии бозии футболи Тоҷикистон ва Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:45 0:00
Линки мустақим

Баъди анҷоми бозӣ нишасти хабарӣ бо ширкати сармураббиёни ҳарду даста доир шуд.
Муҳаммадюсуф Коргар, сармураббии мунтахаби Афғонистон
Муҳаммадюсуф Коргар, сармураббии мунтахаби Афғонистон
Муҳаммадюсуф Коргар, сармураббии мунтахаби Афғонистон:
- Ташаккур аз Федератсиюни футболи Тоҷикистон, аз кулли мардуми тоҷик барои пазироии гарму ҷӯшон. Мо кишварҳои ҳамҷавор, бародар хастем ва фарҳанги муштарак дорем. Як заминаи хуби футболи дӯстона байни Федеросиюнҳои футболи Афғонистону Тоҷикистон гузошта шуд ва мо бо бозии дӯстона тавонистем сатҳи кайфияти футбола дар ин минтақа боло бубарем. Бозии дӯстона бо мунтахаби Тоҷикистон барои мо, ки дар мархилаи нихоии Ҷоми даъвати АФК-2014 бозӣ мекунем, хеле муфид буд. Мо ба мусобиқае, ки дар ҷазоири Молдив баргузор мешавад, хеле ҷиддӣ омодагӣ мегирем. Дар назди худ вазифа гузоштаем, ки Ҷомро ба даст оварем ва соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё - 2015 дар Австралия шавем. Баъди ин бозӣ мо ба Кувайт парвоз мекунем ва дар он ҷо охирин давраи омодагиро ба Ҷоми даъвати АФК - 2014 мегузаронем. Дар Ал-Кувайт мо ду бозии дӯстонаро бо тимҳои мунтахаби Қирғизистон (12 май) ва Кувайт (14 май) ба нақша гирифтаем. Дар бораи бозии дӯстона бо мунтахаби Тоҷикистон гуфтаниям, ки мо аз бозии бозигарони худ розием. Тоҷикистон дастаи пурқувват аст ва бозигарони олидараҷа дорад, бозии хуб нишон дод. Бинобар он ки бозӣ дар рӯзи ғайрирасмии ФИФА доир шуд, шаш бозигари калидиамонро бошгоҳҳояшон чавоб надоданд. Вале онҳо бо мо дар Кувайт мепайванданд. Иштибоҳоти фардӣ дар ин бозӣ бештар буд. Иштибоҳоти тимӣ кам буд. Доварӣ комилан дақиқ буд. Хатое аз доварон дар дохили майдон надидем.

Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими миллии Тоҷикистон:

Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими миллии Тоҷикистон
Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими миллии Тоҷикистон
- Бозӣ вазнин буд. Мо аз натиҷаи бозӣ қаноатмандем, вале аз худи бозӣ чандон розӣ нестем. Ин, албатта, футбол аст ва ҳама вақт зебо бозӣ кардан мушкил аст. Мунтахаби Афғонистон ба ман писанд омад, дастаи пурзӯр аст мо ба мунтахаби Афғонистон эҳтироми зиёд дорем. Имрӯз ин амалан тими нав аст. Дар ҳайати он аслан онҳое бозӣ мекунанд, ки ба сурати доимӣ дар хориҷа иқомат ва тамрин менамоянд. Мунтахаби Афғонистон ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати АФК-2014 роҳ ёфтааст ва барояш муваффақият мехоҳем.

Бояд тазаккур дод, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Афғонистон сар аз соли 2005 барои панҷумин бор бо ҳам рақобат кардаанд, ки чортоаш дӯстона ва яктоаш расмӣ буд. Дар ҳамаи бозиҳо футболбозони тоҷик пирӯз шудаанд. Онҳо ба дарвозаи ҳарифонашон 13 тӯб зада, аз дарвозаи худ 2 тӯб сар додаанд.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои тимҳои миллии Тоҷикистону Афғонистон:
9-уми ноябри соли 2005. Бозии дӯстона. Душанбе. Тоҷикистон – Афғонистон – 4:0 (Нӯъмонҷон Ҳакимов, 28, 31, Хуршед Маҳмудов, 45+1, Алиёр Ашӯрмамадов, 67).

3-юми августи соли 2008. Ҷоми даъвати АФК-2008. Даври ниҳоӣ. Ҳайдаробод, Ҳиндустон. Тоҷикистон – Афғонистон – 4:0 (Юсуф Рабиев, 14, 44, 56, Даврон Тухтасунов, 39).

17-уми ноябри соли 2010. Бозии дӯстона. Душанбе. Тоҷикистон – Афғонистон – 1:0 (Фаррух Чориев, 33).

4-уми июни соли 2013. Бозии дӯстона. Қӯрғонтеппа. Тоҷикистон – Афғонистон - 3:2 (Ҳашматулло Борикзай, 5 (0:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 17 (1:1). Ҳамидуллоҳ Каримӣ, 41 (1:2). Хуршед Маҳмудов, 44 – аз пеналтӣ (2:2). Соҳиб Саванқулов, 74 (3:2).

4-уми майи соли 2014. Бозии дӯстона. Душанбе. Тоҷикистон – Афғонистон – 1:0 (Нуриддин Давронов, 2).

Дар айни ҳол дар рейтинги ФИФА мунтахаби Афғонистон дар ҷойи 122-юм ва мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи 133-юм қарор доранд.

Навори қабл аз бозии дӯстона.
XS
SM
MD
LG