Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бар асоси шикояти сокинон се ширкати мухобиротиро ҷазо додааст. Мақомот ва намояндагони ширкатҳо суҳбат намекунанд.
Ду манбаи огоҳ дар бахши мухобиротии кишвар бо шарти зикр нашудани номашон рӯзи 8-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ширкати “Тселл” 6 миллион сомонӣ, “Мегафон-Тоҷикистон” 5 миллион сомонӣ ва “ТоҷНет” 3 миллион сомонӣ ҷарима шуданд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, “нисбат ба ҳар се ширкат дар охири моҳи декабри соли 2024 ва дар пайи як санҷиш бар асоси моддаи 350-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ санад тартиб доданд.” Ин банди қонун барои риоя накардани талабот дар мавриди иртиботот ҷазо пешбинӣ кардааст.
“Барқ нест, интернету гуфтугӯи телефонӣ ҳам”
“Сокинон, бахусус аҳолии деҳаҳо пайваста шикоят карданд, ки баъди хомӯш шудани барқ алоқа ва интернет қариб кор намекунад. Пештар ширкатҳои мобилӣ ба Хадамоти алоқа ваъда дода буданд, ки ҳатто дар сурати қатъи барқ ҳам истгоҳҳо кор мекунанд. Санҷиши Хадамоти алоқа нишон дод, ки чанд истгоҳ баъди хомӯш шудани барқ аз кор мемонанд,” -- афзуд ҳамсуҳбати мо.
Мавқеи се ширкате, ки аз сӯи Хадамоти алоқа муҷозот шуданд, маълум нест. Радиои Озодӣ рӯзи 7-уми январ ба “Тселл” ва “Мегафон” номаи расмӣ фиристод.
Масъулони ширкати “Мегафон” дар посух ба Радиои Озодӣ аз шарҳи масъала худдорӣ карда, танҳо навиштаанд, ки “қарорҳои мақомоти танзимкунандаро шарҳ дода наметавонем. Ширкати мо қатъиян тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд...”
Намояндагони ширкати “Тселл” ваъда доданд, ки посухро дертар ба Радиои Озодӣ мефиристанд. Дар ширкати “Тоҷнет” гуфтанд, тобеи “Тоҷиктелеком” ҳастанд ва бояд масъаларо аз “Тоҷиктелеком” пурсем.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзҳои 7 ва 8-уми январ дар бинои ширкати “Тоҷиктелеком” касеро пайдо накарданд. “Тоҷиктелеком” ширкати давлатӣ ва вобаста аз Хадамоти алоқа аст.
Манобеи огоҳ аз масъала ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ширкатҳои “Тселл” ва “Мегафон” ба тасмими Хадамоти алоқа эътироз накарданд, аммо “Тоҷнет” гуфтааст, аз 3 миллион сомонӣ ҷарима танҳо 1,5 миллионашро қабул дорад. Ҳоло маълум нест, ки “Тоҷнет” аз рӯйи қарори Хадамоти алоқа ба додгоҳ шикоят мебарад ё не.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
"Ҷарима роҳи ҳал нест"
Бори аввал нест, ки Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ширкатҳои мобилиро барои паст будани сифати иртибот ҷазо медиҳад. Хадамоти алоқа дар моҳи феврали соли гузашта чор ширкати мобилӣ, “Тселл”, “Мегафон”, “Вавилон-Мобайл” ва “Таком”-ро ҷарима карда буд, аммо ҳаҷми онро эълон накард.
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон моҳи ноябри соли гузашта ба ширкатҳои мобилӣ ҳушдор дода буд, ки агар сифати интернету алоқа беҳтар нашавад, иҷозатномаашонро бекор хоҳад кард.
Бег Сабур, сардори Хадамот ва қудои раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 26-уми ноябр дар як ҷаласа бо ҳузури намояндагони ширкатҳои мобилӣ гуфт, сифати алоқа дар кишвар қонеъкунанда нест.
Коршинос Фариштамоҳ Гулова мегӯяд, ҷаримаи ширкатҳои мобилӣ роҳи ҳалли масъала нест.
“Агар ба ширкатҳо вақти муайян дода мешуд, ки онҳо хатоҳоро аз ҳисоби ҷарима беҳтар менамуданд, фикр мекунам, сифати алоқа беҳтар мешуд. Ин ҷаримаҳо боз ҳам ба баланд шудани хароҷоти ширкатҳо оварда мерасонад. Мумкин аст, боз аз ҳисоби муштариён бароварда шавад,” -- таъкид кард Гулова.
Муҷозоти ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар ҳолест, ки шикоятҳо аз паст будани сифати алоқа ва интернет дар кишвар солҳост, ки садо медиҳад. Ин гуна шикоятҳо тақрибан аз ҳама минтақаҳои кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мешаванд.
Мушкили суръати пасти интернет ва сифати номуносиби хидматрасониҳои ширкаҳои мобилӣ бо вуҷуди танқидҳои раисиҷумҳур ва баҳси вакилон дар порлумон ҳанӯз ҳам ҳалли худро наёфтааст.