Ёдовар мешавем, ки бозии байналмилалии дӯстона миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Афғонистон рӯзи якшанбе , 4-уми май, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе соати 18:00 шурӯъ мешавад.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби Афғонистон (сармураббиаш Муҳаммад Юсуф Коргар) бо шумули 23 нафар, аз он ҷумла 18 футболбоз , ба Душанбе омадаааст.
Муҳаммад Юсуф Коргар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «тавре маълум аст, тими миллии Афғонистон ҷиҳати омодагӣ барои мусобиқоти осиёӣ - Challenge Cup, ки дар Молдив аст, омодагиҳои худро мегирад. Бо тасмими федератсиюнҳои футболи Афғонистону Тоҷикистон мо як бозии дӯстона, як ҷамъомади тамринӣ дар кишвари ба мо ҳамҷавор, дӯст дорем. Мардуми тоҷик, ки бо мо ҳамзабон, ҳамдин, ҳаммазҳабанд, ба мо мисли бародар ҳастанд. Иртиботот ва таваққуоти бисёр неке федератсиюнҳои мо доранд. Бо ҳамин иртиботот бозии дӯстонаро тимҳои миллии Тоҷикистон ва Афғонистон рӯзи якшанбе анҷом медиҳанд. Ҳадаф аз бозӣ дӯстӣ, бародарӣ, ҳамбастагӣ ва ҳамчунин иртиқои зарфиятҳои футбол аз ду кишвар мебошад.”
Ҳайати варзишии Афғонистон дар меҳмонхонаи «Азия Гранд отел»-и Душанбе иқомат мекунад. Футболбозони Афғонистон аввалин тамрини худро дар Душанбе пеш аз бозии дӯстона бо мунтахаби Тоҷикистон имрӯз, 2-юми май, ду бор – соати 11:00 ва соати 17:00 - дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ анҷом медиҳанд.
Ҳайати васеи тими мунтахаби миллии Афғонистон:
Дарвозабонҳо: Мансур Фақирёр («Олденбург», Олмон), Ҳамидуллоҳ Юсуфзай Ғулом Маидин («Тӯфон Харирод», Афғонистон).
Ҳимоятгарон: Харун Фахруддин («Демпо», Ҳиндустон), Аҳмад Замир Даудӣ (TGM SV Jügesheim, Олмон), Фарзод Ғулом Муҳиддин, Ҳамидуллоҳ Носир Аҳмад, Муҷтаба Файз Забиҳуллоҳ («Биг Бир», Афғонистон), Муҳаммад Мирзо Ҳусайн, Масъуд Абдул Саид, Мустафо Мирзо Муҳаммад («Туфон Харирод», Афғонистон).
Нимҳимоятгарон: Ҳасан Амин («Айнтрахт-2», Олмон), Мустафо Зазаӣ («Санкт-Паули-2», Олмон), Муҳаммад Юсуф Машриқӣ («Бҳаванипур», Ҳиндустон), Ҷалолиддин Шаритёр («Швайнфурт-05», Олмон), Аҳмад Араш Хатифӣ («Мумбай», Ҳиндустон), Мустафо Озодзай («Турнебрунд Упхусен», Олмон), Файзал Шоиста («Сонгҳма Юнайтед», Тайланд), Ҳамид Садид («ÖSK Söder», Шветсия), Муҳаммад Рофӣ Файз Муҳаммад («Тӯфон Харирод», Афғонистон).
Ҳамлагарон: Мустафо Хадид («Алтона-93», Олмон), Ҳашматуллоҳ Муҳаммадҷон, Санҷар Аҳмадӣ («Мумбай», Ҳиндустон), Амируддин Муҳаммад Анвар, Сафиуллоҳ Борикзай («Биг Бир», Афғонистон).
Менеҷери даста: Муҳаммад Фарид Муҳаммад Ёсин.
Сармураббӣ: Муҳаммад Юсуф Коргар.
Омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба бозии дӯстона
Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев омодагиро ба бозии байналмилалии дӯстона бо тими миллии Афғонистон рӯзи 30-юми апрел дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, шурӯъ кард. Ба ҳайати даста 23 футболбоз даъват шудааст, ки дар байни онҳо танҳо як легионер – ҳамлагар Аҳтам Ҳамроқулов (“АЗАЛ”-и Озарбойҷон) – мебошад.
Ҳайати васеи тими мунтахаби миллии Тоҷикистон:
Дарвозабонҳо: Рустам Ризоев («Энергетик»), Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»).
Ҳимоятгарон: Идибек Ҳабибуллоев («Хайр»), Сиёвуш Асроров, Наим Ӯлмасов, Эраҷ Раҷабов, Ҷаҳонгир Ҷалилов (ҳарчор аз «Истиқлол»), Ҳасан Рустамов («Энергетик»).
Нимҳимоятгарон: Фаридун Шарифов (ССКА «Помир»), Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ромиш Ҷалилов (ҳарсе аз «Истиқлол»), Иброҳим Рабимов, Бахтиёр Ҳасанов, Бахтиёр Чориев (ҳарсе аз «Энергетик»), Амирбек Ҷурабоев («Хайр»), Абдурасул Раҳмонов («Регар-ТадАЗ»).
Ҳамлагарон: Аҳтам Ҳамроқулов («АЗАЛ», Озарбойҷон), Шодибек Ғаффоров («Энергетик»), Фарҳод Тоҳиров («Парвоз»), Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Эргашев (ҳарду аз «Истиқлол»).
Менеҷери даста: Улуғбек Каримов.
Сармураббӣ: Мӯҳсин Муҳаммадиев.
Ба бозии байналмилалии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Афғонистон доварон аз Қазоқистон хидмат мекунанд. Довари FIFA Александр Алиеви 27-сола аз шаҳри Алмаатои Қазоқистон сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Ёварони ӯ ҳамшаҳриҳояш - ёварони довари FIFA Сергей Васютини 27-сола ва Самад Тергеусизови 28-сола - мебошанд.
Дидори панҷуми тимҳои Тоҷикистону Афғонистон
Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Афғонистон барои панҷумин бор бо ҳам рақобат хоҳанд кард. Сар аз соли 2005 то имрӯз бо ҳам чаҳор бозӣ кардаанд, ки сетоаш дӯстона ва яктоаш расмӣ буд. Дар ҳамаи бозиҳо футболбозони тоҷик пирӯз шудаанд. Онҳо ба дарвозаи ҳарифонашон 12 тӯб зада, аз дарвозаи худ 2 тӯб сар додаанд.
Натоиҷи бозиҳои тимҳои миллии Тоҷикистону Афғонистон:
9-уми ноябри соли 2005. Бозии дӯстона. Душанбе. Тоҷикистон – Афғонистон – 4:0 (Нӯъмонҷон Ҳакимов, 28, 31, Хуршед Маҳмудов, 45+1, Алиёр Ашӯрмамадов, 67).
3-юми августи соли 2008. Ҷоми даъвати АФК-2008. Даври ниҳоӣ. Ҳайдаробод, Ҳиндустон. Тоҷикистон – Афғонистон – 4:0 (Юсуф Рабиев, 14, 44, 56, Даврон Тухтасунов, 39).
17-уми ноябри соли 2010. Бозии дӯстона. Душанбе. Тоҷикистон – Афғонистон – 1:0 (Фаррух Чориев, 33).
4-уми июни соли 2013. Бозии дӯстона. Қӯрғонтеппа. Тоҷикистон – Афғонистон - 3:2 (Ҳашматулло Борикзай, 5 (0:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 17 (1:1). Ҳамидуллоҳ Каримӣ, 41 (1:2). Хуршед Маҳмудов, 44 – аз пеналтӣ (2:2). Соҳиб Саванқулов, 74 (3:2).
Дар айни ҳол дар рейтинги ФИФА мунтахаби Афғонистон дар ҷойи 122-юм ва мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи 133-юм қарор доранд