Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раҳбари ҲНИТ, рӯзи 2 сентябр бо таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, "тасмими баргузории анҷумани нӯҳуми ҳизб имрӯз дар нишасти Шӯрои сиёсии ҳизб гирифта шуд." Ба гуфтаи ҷаноби Ҳусайнӣ, дар Шӯро наҳви ширкати ҲНИТ дар интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ баррасӣ гардид.
Муовини раҳбари бузургтарин ташаккули сиёсии мухолифини тоҷик гуфт, ки дар анҷумани ҳизб 600 вакил ширкат хоҳанд кард. Сайидумар Ҳусайнӣ таъкид кард, ки мавзӯъи калидии анҷуман - пешбарии номзади ҲНИТ барои ширкат дар интихоботи президентии моҳи ноябр аст. Ҷаноби Ҳусайнӣ аммо аз исми касе барои пешбарии номзади ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аз ҲНИТ ном набурд.
ҲНИТ як узви фаъоли ИНИТ - Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон -мебошад.
Анҷумани қаблии ҲНИТ қабл аз интихоботи парлумонии соли 2010 дар толори Кохи Ҷомии шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, вале макони баргузории анҷумани имсолааш ҳанӯз мушаххас нашудааст.
ҲНИТ то кунун танҳо дар интихоботи президентии соли 1999 бо номзади худаш ширкат карда буд. Вазири вақти иқтисод Давлат Усмон дар арафаи интихобот номзадиашро пас кашид, вале мақомот исми ӯро дар баргаҳо ҳифз ва баъди интихобот эълон карданд, ки ӯ 2 дарсад раъй гирифтааст.
Дар интихоботи соли 2006 Муҳиддини Кабирӣ, ки тоза баъди даргузашти Саид Абдуллоҳи Нурӣ раиси ҲНИТ интихоб шуда буд, аз пешбарии номзадиаш худдорӣ кард ва амалан дар он маърака нақши як тамошобин аз канорро дошт.
Дар пешорӯи интихоботи имсол ҲНИТ ба як мавҷи бесобиқаи фишори мақомот рӯбарӯ шуд, ки дар маҳфилҳои Тоҷикистон бо номи “амалиёти Анти-наҳзат” маъруф шудааст. Дар моҳи апрел Муҳаммадалии Ҳайит – яке дигар аз муовинони раиси ҲНИТ дар назди манзилаш дар Душанбе шадидан латукӯб шуд. Ахиран тавассути телевизионҳои давлатӣ раҳбарони чанд созмони маҳаллии ҲНИТ дар мазҳари ом эълон карданд, ки аз узвият дар он даст мекашанд. Дар мулоқоти моҳи июли раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳониён чанд нафар ҳазфи сифати “исломӣ” аз номи ин ташаккулро пешниҳод карданд, чунки ба ақидаи онҳо, дар Ислом ҳизб нест.
Масъулони ҲНИТ ин ҳамаро як маъракаи барномарезишуда ва ҳадафмандонаи мақомот алайҳи ин ҳизб ба унвони умдатарин ташаккули мухолифи давлат медонанд ва мегӯянд, ин ҳама ҳокист, ки тақвияти нуфузи ҲНИТ, бахусус натиҷакҳои бадастовардааш дар интихоботи парлумонии соли 2010, мақомотро сахт тарсондааст. Дар он интихобот ба ҲНИТ 8 фоизи ороро нисбат доданд, ҳарчанд раҳбарони ҳизб мегуфтанд, ки дар асл беш аз 30 дарсад раъй гирифтаанд.
Дар ҳар сурат, “амалиёти Анти-наҳзат” боис шуд, ки дар мавқеъи пешазинтихоботии ҲНИТ таҳаввулҳое сурат бигирад. Раиси ҳизб Муҳиддини Кабирӣ агар дар оғози сол эҳтимоли пуштибонии ҳизбаш ҳатто аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи моҳи ноябр ба шарти “пойбандиаш ба арзишҳои созишномаи сулҳи соли 1997”-ро истисно намекард, дар ду моҳи охир ӯву ҳамсафонаш дигар имкони дар як эътилоф ба ҳам омадани ҲНИТ бо ҳизби ҳокимро радд карда, ба сурати фаъолтар ба ИНИТ ҳамроҳ шуданд.
Муҳиддини Кабирӣ аммо ба сурати мукаррар эълон кардааст, ки чандон азму майле барои пешбарии номзадии худи ӯ ба интихоботи моҳи ноябр надорад ва бештар моил аст, ки мухолифин аз як номзади ягона ҳимоят кунанд. Аммо дар маҳофили сиёсии Тоҷикистон ва ҳамин тавр, дар дохили ҲНИТ гурӯҳҳое ҳам зиёданд, ки Кабириро ба эҳтиёти беш аз ҳадд ва ҷуръати андаки сиёсӣ айбдор мекунанд ва мехоҳанд ки ҲНИТ ҳадди ақал барои касби таҷриба номзади худро пешбарӣ кунад. Вале инки вакилони анҷумани ҳизб низ аз дидгоҳи Кабирӣ дар мавриди пешбарӣ ва ҳимоят аз номзади ягонаи аҳзоби мухолиф пуштибонӣ хоҳанд кард ваё ӯро ташвиқ, балки шояд маҷбур кунанд, ки худаш ба интихобот биравад, то ду ҳафтаи дигар дар анҷумани рӯзи 17 сентябр рӯшан хоҳад шуд.