Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони рӯзи интихобот ва баҳси низоми идории кишвар


Ҷаласаи муштараки Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон 6 ноябри соли равонро рӯзи интихоботи президентӣ эълон кард.

Ин тасмим имрӯз, ҷумъаи 30-юми август зимни баргузории ҷаласаи муштараки Маҷлисҳои Миллӣ ва Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳод ва қабул карда шуд. Ин пешниҳод аз сӯи Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон ироа ва аз сӯи намояндагони парлумон бо иттифоқи оро қабул шуд, аммо то раъйгирӣ миёни онҳо ба таври ошкору ниҳон баҳсе сар зад, ки дар гузашта аз сӯи Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳ, танзими сиёсии мухолифи ҳукумат роҳандозӣ шуда буд.

Мухолифини ҳукумат бо қабули як Консепсияи пешазинтихоботӣ эълон дошта буданд, ки номзади онҳо дар ҳоли интихоб шудан тайи чор соли оянда заминаҳоро барои як интихоботи дигар фароҳам меорад ва муҳлати президентӣ аз 7 ба 4 сол коҳиш дода хоҳад шуд. Ба иддаои онҳо, салоҳиятҳои президент бояд бо Сарвазир тақсим ва ҳам низоми парлумонии якпалатагӣ барқарор шавад.

Дар суханронии раҳбарони парлумон ва ҳам аъзои ҷиноҳи Ҳизби халқӣ – демократӣ бар дурустии низоми кунунии президентӣ, ки аз хизматҳои 20-солаи раисҷумҳури феълӣ пайдост ва ҳамчунин озоду одилона ва демократӣ баргузор шудани интихоботи моҳи ноябр ҳамвора таъкид намуданд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, интихоби шакли идоракунии президентӣ муҳимтарини омили барқарории суботи сиёсӣ, зина ба зина рушд ёфтани тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва боло рафтани эътибори Тоҷикистон дар ҷаҳон шуд: «Зеро мо тавонистем ваколати интихоби президентро ба мардум гузошта, ин меъёрро дар Сарқонуни Тоҷикистон ҷой диҳем. Беҳтарин дастоварди мо дар ин самт ин эътирофи мардум ба сифати сарчашмаи ягонаи ҳокимият буда, татбиқи он собит месозад, ки маҳз иродаи мардум қодир аст, чунин шакли ҳокимият ва идоракуниеро ба миён оварад, ки мақсади асосиаш таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад».

Ғайбулло Авзалов, раиси вилояти Хатлон яке аз суханварони иҷлосияи имрӯза буд.
Ғайбулло Авзалов, раиси вилояти Хатлон яке аз суханварони иҷлосияи имрӯза буд.
Дар ду суханронии дигар, ки Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон ва узви Маҷлиси Миллӣ ва Убайдулло Давлатов, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагон ҳам изҳори назар карданд. Ахирӣ аз самарабахш будани 7 соли ахири низоми президентӣ ёдовар шуда, зикр кард, ки Тоҷикистон бо интихоби ин шакли давлатдорӣ пешрафтҳои назарраси иқтисодӣ дошт: «Рақамҳо далели ин гуфтаҳоянд. Масалан, соли 2006 маҷмаи маҳсулоти дохилӣ аз 2,6 миллиард сомонии соли 2006 ба 36, 2 миллиард сомонии соли 2012 боло рафт. Ба ҳар сари аҳолӣ аз 1 335 сомонӣ ба 4 580 сомонӣ расид. Маблағгузории иҷтимоӣ ба 6,4 миллиард сомонӣ расидааст, ки зиёда аз нисфи буҷаи кишвар аст».

Дар Тоҷикистон шакли президентии ҳокимият аз соли 1990 ҷорӣ карда шудааст. 30 ноябри он сол аввалин президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов тариқи раъйдиҳӣ дар парлумон интихоб шуд. Нахустин президенти интихобии Тоҷикистон Раҳмон Набиев аст, ки соли 1992 аз миёни чор нафар дар интихоботи умумихалқӣ пирӯз омад. Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 1992 аввал раиси Шӯрои Олӣ буд ва моҳи ноябри соли 1994 бори аввал президент интихоб шуд. Дар ҳамин моҳ солҳои 1999 ва 2006 ду бори дигар бар маснади президентӣ нишаст.

Мухолифини сиёсии ӯ бар инанд, ки ин як шакли ҳокимияти замони ҷанг буда, ба рушди ҷомиаи демократӣ монеа эҷод мекунад ва ҳоло мӯҷиби фасоду худкомагӣ, беадолатии судиву яккатозии як ҳизб дар парлумон шудааст.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ.
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ.
Дар ҷаласаи муштараки палатаҳои Маҷлиси Олӣ намояндагони ҳизби ҳоким бармало ҷонибдории худро аз ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии моҳи ноябр суҳбат накарданд, аммо ҳама пешрафтҳои Тоҷикистонро ба маҳз ӯ рабт доданд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва намояндаи ин ҳизб дар парлумон, ки охирон суҳбат кард, аз раҳбарони кишвар даъват кард, ки ба ваъдаи интихоботи шаффофу одилона вафо кунанд. Вай аз фишорҳо сари аҳзоби мухолифи ҳукумат, ки ба хотири интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ҷараён дорад, интиқод карда, гуфт: «Як бор иштибоҳ кардем, аз бетаҷрибагӣ буд, истифода карданд. дасти хориҷиҳо буд, вале мутмаинан, агар ин дафъа ягон кас Тоҷикистонро ба мушкилӣ кашонад, мутмаин бошед, ки дигар айби хориҷиҳо нест. Айби дохилиҳо аст. Ҳоло бояд, ки муттаҳид бошем атрофи Сарқонун, атрофи раҳбарият, ҳар касе, ки мардум интихоб мекунад»

Дар ҳамин ҳол Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби комунисти Тоҷикистон дар ҳошияи таъини баргузории интихоботи президентӣ гуфт, ки "шаффофияти интихоботӣ дар ҳеҷ кишвари дунё сад дар сад таъмин нахоҳад шуд, аммо ба қадри имкон мешавад, ин меъёрро таъмин кард"

Вай таъкид бар он дорад, ки дар раванди баргузории интихобот набояд ба ҳизбҳои сиёсӣ фишор ворид карда шавад ва ҳизбҳои сиёсӣ низ бояд бар асоси меъёри қонун фаъолияти худро ба роҳ монанд. Раҳбари коммунистҳои Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ахиран тариқи матбуот фишорҳое ба бархе аз аҳзоб, ба хусус ҳизби коммунист сурат мегирад, ки "ин ҳизб диндор аст, инаш бедин аст", гуфта мешавад, комилан нодуруст аст.

Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҲКТ.
Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҲКТ.
Шодӣ Шабдолов гуфт, "мо эътироф мекунем, ки материалист ҳастем ва дар ойинномаи мо навишта шудааст ва ҳеҷ гуна маҳдудият нисбати аъзои ҳизб вуҷуд надорад, аммо набояд дигарон ба ҳизби мо ва дигар ҳизбҳо наҳ зананд, ки ин ҳизби диндор асту ин бедин".

Аз назари ҷаноби Шабдолов "муҳим манфиати умумихалқист" ва интихобот низ бояд манофеи мардумро дар назар дошта бошад.

Айни замон, намояндагони нирӯҳои мухолифин ҳам ҳанӯз ба тавофуқи назар наомадаанд, ки дар интихоботи президентии имсола ба кадом шакл ширкат хоҳанд кард. Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, ки аз аҳзоби умдаи мухолифин ва ҳам созмонҳои ҷамъиятӣ иборат аст, мегӯяд, феълан сари ду роҳ андеша дорад - яке пешбарии номзади ягонаи мухолифин ва дигаре - пешбарии номзадҳои ҷудогона аз ҳар ҳизби сиёсӣ.

Таъини санаи интихоботи президентӣ марҳалаи нави сиёсӣ дар Тоҷикистон аст, ки ҳамаи неруҳо бо ҳисобу китобҳои худ ба сӯи он ҳаракат намуда, кумисюни марказии интихобот сар аз имрӯз ба фаъолияти ҳамарӯза шурӯъ мекунад.

Аз интихоботи президентӣ чиро интизоред?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:53 0:00
XS
SM
MD
LG