Ҳизби Куммунисти Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар бо ҳеҷ ҳизби сиёсӣ эътилоф нахоҳад кард. Дар ин бора Шодӣ Шабдолов-раиси ҳизби мазкур рӯзи чаҳоршанбе ба рӯзноманигорон хабар дод. Вай изҳор дошт, ки Ҳизби Куммунист номзади худро дар ин интихобот пешбарӣ хоҳад кард.
Ин ҳизб ҳамчунин омода нест, аз номзади ягонаи ҳизбҳои дигар дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҷонибдорӣ кунад. Ин дар ҳолест, ки баъзе аз ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла Ҳизби Сотсиал-Демократ ва ҲНИТ ба ба эҳтимоли зиёд дар интихоботи қарибулвуқуъ номзади ягонаи худро пешбарӣ мекунанд.
Ҳизби Куммунист аз лиҳози шумора севвумин ҳизби сиёсии Тоҷикистон ба шумор меравад ва дар доираҳои сиёсии кишвар онро ҳизби надик ба ҳукумат медонанд.