Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КМИР мегӯяд, 210 000 имзо барои номзад бояд танҳо аз дохили кишвар бошанд


Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Коммисия марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон.
Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Коммисия марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҷамъоварии имзои тарафдорони номзадҳо аз рӯзи пешбарии номзад сар шуда, то 7-уми октябр идома хоҳад ёфт.

Шаҳрвандони тоҷик, ки дар берун аз қаламрави Тоҷикистон ба сар мебаранд, наметавонанд номзадии худро ба мансаби президентӣ пешниҳод кунанд ва дар ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзади худ саҳм гузоранд.

Дар ин бора Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи 31-уми август зимни як ҷаласаи ин ниҳод, ки дар он намояндагони аҳзоби сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорон ширкат доштанд, хабар дод. Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, бояд муддаии курсии раёсатҷумҳурӣ аз миёни беш аз чаҳор миллион интихобкунанда на камтар аз 210 ҳазор имзо ҷамъ оварда ба комиссия пешниҳод кунад.

Ҷаноби Шоҳиён афзуд, бар пояи муқарароти қонун, протоколи ҷамъоварии имзои шаҳрвандон ба тарафдории номзад ба мансаби президентӣ аз тарафи раисони шаҳру ноҳияҳо тасдиқ карда мешавад: «Бар асоси қонун, таъйиди баргаҳои раъй танҳо ба уҳдаи ҳукуматҳои шаҳру навоҳии Тоҷикистон аст ва ба ин далел имкони ҷамъоварии имзо дар хориҷ аз кишвар вуҷуд надорад. Ба ақидаи шахсии ман, танҳо дар дохили кишвар бо риояи талаботи қонуни амалкунанда ҷамъоварии имзо сурат гирад. Лекин намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд ба ин розӣ набошанд. Ва ҳамзамон дар ин сурат барои додани тафсири меъёри қонуни конститутсонӣ дар бораи интихботи президенти Тоҷикистон зарурат пайдо мешавад ва ин масъала аз салоҳияти КМИР берун шуда, тибқи қонун ин салоҳияти конститутсионии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон мешавад».

Масъулини КМИР дар ҳоле аз имкон надоштани ҷамъоварии имзо дар хориҷ аз кишвар хабар медиҳанд, ки беш аз як миллион нафар аз атбои Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ба сар мебаранд. Илёс Солеҳов, як ҷавони тоҷик, ки дар яке аз шаҳрҳои Русия кору фаъолият дорад, аз гуфтаҳои Шоҳиён изҳори нигаронӣ кард. Вай гуфт, дар ҳоли ҳозир шумораи муҳоҷирони корӣ дар Русия зиёд аст ва бояд имзои онҳо ба ҷонибдории ин ё он номзад ҳатман ба назар гирифта шавад.

Ӯ афзуд: «Бояд номзади арзанда аз тарафи мардум интихоб карда шавад. Дар Русия танҳо муҳоҷирон нестанд. Нафароне, ки касбу кори гуногун доранд на ба ҳайси муҳоҷир, балки ба корҳои дигар машғуланд. Вақте интихобот шаффоф мегузарад, он вақт маълум мешавад, ки номзади арзанда кист. Ба хусус ҷавонон ба маъракаи интихобот таваҷҷуҳи бештар доранд. Аз ин хотир бояд имзо ва пешниҳодҳои онҳо ҳам ба назар гирифта шавад».

Дар ҳамин ҳол Ватан Абдураҳмонов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, қонунгузории Тоҷикистон барои нафароне ҳуқуқи иштирок дар интихобот ва пешниҳоди номзад ба мақоми президентиро маҳдуд мекунад, ки дар даҳ соли охир берун аз қаламравӣ кишвар зиндагӣ кардаанд. Ба бовари ҷаноби Абдураҳмонов, ҳар нафаре, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро дорад, метавонад ба номзади интихобкардаи худ овоз диҳад ва ҳамзамон имзояш барои интихоби номзад ба назар гирифта шавад: «Вай шаҳрвандии худашро иваз накардааст. Зиндагии вай доимӣ дар қаламрави дигар набошад. Қонунгузории Тоҷикистон нагуфтааст, он шаҳрвандоне, ки берун аз кишвар ҳастанд, ҳуқуқи имзо карданро надорад. Барои чӣ ва овоз медодаасту имзо не?»

Аммо Абдуманнон Додоев, раҳбари дастгоҳи КМИР мегӯяд, бар асоси омори дар дастбудаи онҳо, шумори муҳоҷирон тақрибан 900 ҳазор нафар аст. Ва бештари онҳо муҳоҷирони мавсимӣ ҳастанд, ки бо сард шудани ҳаво ба ватан бармегарданд. Ба гуфтаи ҷаноби Додоев, феълан дар ҳудуди Тоҷикистон бештар аз 4 миллон интихобкунанда сабт шудааст, ки ин нишондод бо дарназардошти муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Ҳамзамон ӯ гуфт, тибқи талаботи қонун, комиссияи ҳавзавӣ 45 рӯз пеш ташкил мешавад. Барои муҳоҷирони тоҷик ҳам дар дигар кишварҳо қитъаҳои овоздиҳӣ ташкил мешаванд то онҳо имкони раъй доданро дошта бошанд.

Ҷаноби Додоев афзуд: «Дар кишвар 15 субект метавонад номзад ба мансаби раёсатҷумҳурӣ пешниҳод кунад. Аз ҷумла, аҳзоби сиёсӣ, федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил, иттифоқи ҷавонон, маҷлиси вакилони халқӣ. Дар интихоботи парлумонӣ, бештар аз 100 ҳазор муҳоҷирон дар 8 шаҳрҳои бузурги Русия овоз дода буданд. Шумораи ҳарчи зиёди муҳоҷирон бояд овоз диҳанд. Аммо онҳо ҳуқуқи пешниҳоди номзадҳоро надоранд.»

Бар пояи тасмими аъзои Кумисияи марказии интихобот, 68 ҳавзаи интихоботӣ дар саросари Тоҷикистон ташкил мешавад. Аммо шумораи қитъаҳои интихоботӣ барои шаҳрвандони тоҷик дар Русия то ҳол дақиқ нест. Интизор меравад, ки ба ин маъракаи сиёсӣ нозирони байналмиллалӣ даъват шаванд. Ба гуфтаи Абдуманнон Додоев, қарор аст нозирон аз Ассамблеяи байнипарлумонӣ, СҲШ, ИДМ ширкат дошта, ҷараёни интихоботро назорат кунанд. Ва аммо ба гуфтаи ин масъули КМИР, феълан теъдоди ин нозирон ҳам мушаххас нашудааст.
XS
SM
MD
LG