Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ аз фишор ба аъзо ва ҳаводоронаш нигарон аст


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо нашрия як баёния, аз фишор алайҳи аъзо ва ҷонибдорони худ аз сӯи мақомоти давлатӣ нигаронӣ кардааст. Дар ин баёния, ки рӯзи шанбе зимни як нишаст матбуотӣ дар қароргоҳи ин ҳизб қироат шуд, ин фишорҳоро мухолиф ба қавонини ҷории кишвар «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» арзёбӣ шуданд. Дар ин баёния аз ҷумла зимни ишора ба дахолати мақомоти давлатӣ ба фаъолияти ин ҳизб, ки дар маҳалҳо хеле афзоиш ёфта ва тавассути телевизионҳои давлатӣ намоиш дода мешаванд, омадааст, ки ташкили ин гуна барномаҳо дар шабакаҳои телевизиони давлатӣ дастурӣ ва аз тарафи мақомоти марказӣ ва бар асоси “Протоколи 32-20” роҳандозӣ мегарданд ва ҳадаф бадномсозиву аз байн бурдани обрӯву ҳайсияти ин ҳизби сиёсӣ дар ҷомеа мебошад». ҲНИТ ин ҳама фишорҳоро ба интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ рабт дода, ки ба гуфтаи онҳо мақомот мехоҳанд аз ҷонибдории мардум аз номзади ин ҳизб ва Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон ҷилавгирӣ намоянд.
XS
SM
MD
LG