Зубайдулло Доғиев, пизишки беморхонаи Қараболо рӯзи сешанбе дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар ташхисгоҳи хусусии «Нурафзо» воқеъ дар беморхонаи Қарияи боло, санҷиши се ноҳияи бадани Искандари Фирӯз дар дастгоҳи томографӣ дида шуд.
Зубайдулло Доғиев мегӯяд, ки дар қисмати сари бемор осори зарби сахт мушоҳида шудааст, вале ин хатарнок ҳисобида намешавад. Пизишкон аз эҳтимоли хунравии мағзӣ ҳангоми садама бим доштанд, ки аслан ин ҳолат низ мушоҳида нашудааст.
Ноҳияи ҷигар пас аз ҷарроҳӣ беҳтар шудааст, аммо ба қавли пизишк Зубайдулло Доғиев, қисматҳои шикастаи пойҳои Искандари Фирӯз хеле ҷиддӣ ба назар мерасанд, ки феълан пизишкҳо барои ҳамаҷониба табобат кардан ва ҷо ба ҷо кардани устухонҳои рахнахӯрда, талош доранд.
Ба назари Зубайдулло Доғиев, аз нишонаҳои хуби беҳбудёбии саломатии Искандари Фирӯз, ин озодона нафаскашии худи бемор аст ва дигар дастгоҳи сунъии нафасдиҳӣ баргирифта шудааст.
Искандари Фирӯз, хабарнигори Би-би-си ҳамроҳ бо писараш Ҷавоншер дар пайи садамаи нақлиётӣ дар шаби 9-уми октябр ба бемористони Қарияи Боло оварда шудаанд, ки аз он шаб то кунун Искандар дар ҳолати кома ё беҳушӣ қарор дошт.
Мақомот эълон карданд, ки айбдоршавандаи аслӣ дар садамаи хабарнигори Би-би-си, дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешавад. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта эълон кард, ки айбдоршавандаи аслии садамаи хабарнигори Би-би-си Искандари Фирӯз, сокини ноҳияи Рӯдакӣ Аёмиддин Раҳмиддинзода дар боздоштгоҳи ин вазоратхона нигоҳдорӣ шуда, мавриди пурсиши муфаттишон қарор дорад. Сухангӯи ин ниҳод Маҳмадулло Асадуллоев мегӯяд, ки таҳқиқи ин ҳодиса шахсан аз тарафи вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимов таҳти назорат қарор дорад.