Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости созмонҳои хабарнигорӣ аз Рамазон Раҳимов


Искандари Фирӯз, хабарнигори бахши форсии радиои Би-би-сӣ дар Тоҷикистон.
Искандари Фирӯз, хабарнигори бахши форсии радиои Би-би-сӣ дар Тоҷикистон.

Созмонҳои журналистӣ хостаанд, вазири умури дохилӣ парвандаи садамаи Искандари Фирӯзро шахсан назорат кунад.

Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон бо ирсоли як номаи дастҷамъӣ ба унвони вазири умури дохилӣ -- Рамазон Раҳимов тақозо кардаанд, парвандаи садамаи хабарнигори бахши форсии Би-би-сӣ, Искандари Фирӯз, ки ҷароҳати сангин бардоштааст, мунсифона сурат гирад.

Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, Шӯрои ВАО, Анҷумани миллии расонаҳои мустақил (НАНСМИТ) ва "Медиа-алянси Тоҷикистон" дар номаи худ навиштаанд, садамаи нақлиётӣ, ки дар натиҷаи он рӯзноманигор, Искандари Фирӯз ҷароҳати вазнин бардошта, дар ҳолати беҳушӣ (кома) ба бемористони Қарияи боло интиқол дода шуд, боиси ташвишу нигаронии ҷомеаи журналистист. Дар муроҷиатномаи ин созмонҳо таъкид шудааст, ки шахсан вазири умури дохилӣ ҷараёни тафтиши ҳодисаи мазкурро таҳти назорат гирифта, барои воқеъбинона муайян намудани ҷониби гунаҳгор ва ба ҷавобгарӣ кашидани ӯ ҳамаҷониба мусоидат намояд.

Искандари Фирӯз, хабарнигори бахши форсии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон, шоми сешанбе (9 октябр) дар натиҷаи як садамаи автомобилӣ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷароҳати сангин бардошта дар ҳолати беҳушӣ (кома) ба бемористони Қарияи боло интиқол дода шудааст.

Шуҳратёр, яке аз наздикони Икандари Фирӯз рӯзи 10 октябр дар сӯҳбат бо мо гуфт, Искандар ҳамроҳи писараш Ҷавоншер савори мошини «Тойота Камрӣ» дар хиёбони Исмоили Сомонӣ тарафи Қаряи боло ҳаракат мекарданд, аммо дар наздикиҳои Боғи ҳайвонот як мошини «Ландкрузер» аз самти муқобил бо суръати беш аз 100 километр дар соат, ба мошини онҳо бармехӯрад.

Шуҳратёр мегӯяд, ки пушти фармони «Тойота Камри» писари Искандари Фирӯз, Ҷавоншер менишаст. Тавре пизишкони беморхонаи Қарияи боло ташхис кардаанд, дар натиҷаи ин зарбаи сангин ду пои Искандари Фирӯз аз се ҷой шикаста, ҷигараш кафида ва сараш шадидан зарб хӯрдааст. Вазъи Ҷавоншер, ки мошинро идора мекард, беҳтар арзёбӣ мешавад. Ба қавли кормандони Бозрасии автомобилӣ, ҳодисаи мазкур дар ҳоли омӯзиш қарор дорад. Тибқи иттилои расида, мошини "Ландкрузер»-ро Аёмиддин Раҳмиддинов, як сокини шаҳри Душанбе идора мекард.

Аммо Шуҳратёр, додарзодаи Искандар мегӯяд, ки пас аз ин садама ронандаи «Ландкурзер» фирор кардааст ва то ҳол аз ӯ хабаре нест. Ба қавли вай, кормандони БДА шоми дирӯз мегуфтанд, ки ин садама бо айби ронандаи «Ландкурзер» рух додааст, аммо субҳи имрӯз кормандони Бозрасии автомобилӣ протокол тартиб дода, Искандари Фирӯзро гунаҳкор медонанд.

Аммо Шерафкан Латифов, сухангӯи идораи БДА-и шаҳри Душанбе гуфт, ки садамаи мазкур аз тарафи кормандони Бозрасии автомобилии шаҳр мавриди таҳқиқ қарор дорад. Ба гуфтаи вай, ин садама баҳсбарангез аст ва бинобар ҳамин тасмим гирифта шуд, ки барои ташхиси тарафи айбдор, бозрасии фаннӣ анҷом дода шавад. Ӯ афзуд, ки то замони анҷоми бозрасии фаннӣ, наметавон ҳеҷ яке аз тарафҳоро гунаҳкор донист.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки зарби бархӯрди "Ландкрузер" ба "Тойота Камри" ба андозае сахт буд, ки дуввуми комилан корношоям шудааст.
XS
SM
MD
LG