Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Айёмиддин ё Нусратулло? "Тағйир"-и номи соҳиби Ландкрузер


Искандари Фирӯз, хабарнигори Би-би-си (BBC)
Искандари Фирӯз, хабарнигори Би-би-си (BBC)

Дар парвандаи садамаи Искандари Фирӯз ба ҷои номи Айёмиддин Раҳмиддинзода исми Нусратулло Шарифов "пайдо шудааст".

Саидбек Фозилов, яке аз ду вакили дифои Искандари Фирӯз -- хабарнигори Би-би-си, мегӯяд, номи Айёмиддин Раҳмиддинзода, ки ба унвони ронандаи "Тойота Ландкрузер" дар садамаи нақлиётии 9-уми октябр айбдор дониста мешуд ва алайҳи ӯ парванда боз шудааст, дар чанд рӯзи охир аз тафтишот бардошта шуда, ному насаби Нусратулло Шарифов зикр карда мешавад.

Искандари Фирӯз шаби 9-уми октябр ҳамроҳ бо писараш Ҷавоншер дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, ҳанӯз дар ҳолати кома ё беҳушист. Ҷаноби Фозилов гуфт, ду нафаре, ки дар "Тойота Ландкрузер" ҷароҳат бардоштаанду то кунун дар бемористони Қарияи Боло бистарӣ ҳастанд, онҳо низ мегӯянд, шахсе бо номи Айёмиддин Раҳмидинзода дар сари чанбари мошин набудааст. Балки ба гуфтаи онҳо Нусратулло Раҳматович Шарифов ронандаи "Тойота Ландкрузер" буд.

Ин дар ҳолест, ки Аслам Таибов, сармуфаттиши Шӯъбаи тафтишотии садамаҳои автомобилии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, 19-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки бар асоси моддаи 212-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон алайҳи Айёмиддин Раҳмиддинзода парванда боз шуда ва ӯ мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад. Вале Саъдулло Юнусов, муфаттиши Бахши таҳқиқи садамаҳои ВУД, ки бо тафтиши ин садама машғул аст, мегӯяд, то кунун ба таври мушаххас шахсияти ронанадаи "Тойота Ландкрузер" маълум нашудааст. Ба қавли ӯ, агар ронанда дар аввал худро Айёмиддин Раҳмиддинзода муаррифӣ мекард, ҳоло мегӯяд, ному насабаш Нусратулло Шарифов аст.

Бахши таҳқиқоти садамаҳои Вазорати умури дохилӣ ба шуъбаи умури дохилии ноҳияи РӮдакӣ барои маълум кардани шахсияти ронанадаи "Ландкрузер" дархост фиристодааст. Аммо вакилони дифои Искандари Фирӯз мегуянд, то рӯзи душанбе онҳо маълум хоҳанд кард, ки волидони Айёмиддин Раҳмиддинзода киянд ва чӣ вазоиф ё машғулият доранд.

Аз ин пеш, Фахриддин Зокиров, вакили дигари мудофеи хабарнигори Би-би-си, Искандари Фирӯз, аз он шикоят кард, ки то ҳол ба матн ва нақшаи ташхиси садама дастрасӣ надорад. Зокиров мегӯяд, бархӯрди мақомот бо вакилон ва аз як бахш ба бахши дигари таҳқиқи садамаҳо интиқол додани ин парванда ба манфиати кадом тараф ва ё шахсе мебошад. Дар ҳамин ҳол, Ифтихор -- бародари Искандари Фирӯз мегӯяд, тайи ин муддат, ки аз Айёмиддин Раҳмиддинзода, ронандаи "Тайота Ландкрузер" хабаре набуд, рӯзи якшанбеи гузашта 21-уми октябр бародари вай ҳамроҳ бо ду рӯҳонӣ ба бемористон омада, кӯмаки худро пешниҳод кардаанд.

Ифтихор мегӯяд, бародари Айёмиддин сабаби дер омаданашонро ба он рабт додаанд, ки гӯиё онҳо аз ин ҳодиса хабаре надоштанд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG