Хабаргузории русии Regnum рӯзи 12-уми октябр аз қавли пайвандони журналисти тоҷик Искандари Фирӯз навиштааст, шаби гузашта дастгоҳе, ки барои ҳифзи сунъии ҳолати шуш фаъол буд, якбора аз кор монда, вазъи Искандарро боз ҳам вахимтар кардааст.
Хабаргузории REGNUM мегӯяд, Хадамоти тиббии пойгоҳи ҳарбии Русия низ чунин дастгоҳро дорад ва бинобар ҳамин, онҳо аз пойгоҳи низомии Русия кӯмак талаб кардаанд. Аз ин рӯ, масъулони ин хабаргузорӣ аз Хадамоти тиббии пойгоҳи 201-и Русия дархост кардаанд, ин дастгоҳро барои ҳифзи саломатии ҳамкорашон Искандари Фирӯз ба беморхонаи Қарияи Болои Тоҷикистон диҳанд
Аммо дар ҳамин ҳол масъулини бемористони Қаряи боло гуфтаанд, ки ҳоло ин дастгоҳ фаъол шуда ва ниёз ба кӯмаки Хадамоти тиббии пойгоҳи 201 боқӣ намондааст. Пас аз кор мондани дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, вазъи саломатии Искандари Фирӯзро нигаронкунанда мегӯянд.
Дар ҳамин ҳол Раёсати бозрасии автомобилии пойтахт рӯзи ҷумъа гуфтааст, ки тибқи шавоҳиди аввалия, ҳодиса бо айби ронандаи мошини «Тайота Ландкруйзер» рух додаст.
Аз ин қабл Шерафкан Латифов, сухангӯи идораи БДА-и шаҳри Душанбе гуфта буд, ки садамаи мазкур аз тарафи кормандони Бозрасии автомобилии шаҳр мавриди таҳқиқ қарор дорад. Ба гуфтаи вай, ин садама баҳсбарангез аст ва бинобар ҳамин тасмим гирифта шуд, ки барои ташхиси тарафи айбдор, бозрасии фаннӣ анҷом дода шавад. Ӯ афзуд, ки то замони анҷоми бозрасии фаннӣ, наметавон ҳеҷ яке аз тарафҳоро гунаҳкор донист.
Искандари Фирӯз, хабарнигори шабакаи Би-би-си ва ҳамзамон ҳамкори хабаргузории русии "Regnum", шоми сешанбе (9 октябр) дар натиҷаи як садамаи автомобилӣ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷароҳати сангин бардошта, дар ҳолати беҳушӣ ба бемористони Қарияи Боло интиқол дода шуд.
Дархости созмонҳои хабарнигорӣ аз Рамазон Раҳимов
Шуҳратёр, яке аз наздикони Икандари Фирӯз рӯзи 10 октябр дар сӯҳбат бо мо гуфт, Искандар ҳамроҳи писараш Ҷавоншер савори мошини «Тойота Камрӣ» дар хиёбони Исмоили Сомонӣ тарафи Қаряи боло ҳаракат мекарданд, аммо дар наздикиҳои Боғи ҳайвонот як мошини «Ландкрузер» аз самти муқобил бо суръати беш аз 100 километр дар соат, ба мошини онҳо бармехӯрад.
Шуҳратёр мегӯяд, ки пушти фармони «Тойота Камри» писари Искандари Фирӯз, Ҷавоншер менишаст. Тавре пизишкони беморхонаи Қарияи боло ташхис кардаанд, дар натиҷаи ин зарбаи сангин ду пои Искандари Фирӯз аз се ҷой шикаста, ҷигараш кафида ва сараш шадидан зарб хӯрдааст. Вазъи Ҷавоншер, ки мошинро идора мекард, беҳтар арзёбӣ мешавад.