Амирхон Ҳасанов, сармуфаттиши БДА-и Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 17-уми октябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи гузашта муфаттиши БДА Таибов дар ҷои ҳодиса нақшаи ҳолати садама дар хиёбони Исмоили Сомониро аксбардорӣ карда, ба онҳо пешниҳод намудааст.
Ба қавли Амирхон Ҳасанов, мувофиқи ин нақша, ронандаи Ландкрузер, ки аз самти Қаряи боло ба тарафи маркази шаҳр ҳаракат мекардааст, ба хати муқобили роҳ баромада, ба худрави ҳомили хабарнигори Би-би-си Искандари Фирӯз бармехӯрад.
Амирхон Ҳасанов мегӯяд, ки ин ба маънои дар ҳоли ҳозир кадоме аз тарафҳоро гунаҳкор кардан нест. Вай афзуд, ки ҳоло муфаттишон нақшаи ҳолати садамаро омӯхта, бар асоси он ташхиси фаннӣ намуда, сипас натиҷаи ниҳоии онро рӯзи 19-уми октябр эълон хоҳанд кард.
Амирхон Ҳасанов афзуд, ки пас аз номаи журналистон ба унвонии вазири умури дохила Рамазон Раҳимов, гуруҳи муфаттишон ба таври ҷиддӣ дар пайи мушаххас кардани ҳолати ин садама ҳастанд.
Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон бо ирсоли як номаи дастҷамъӣ ба унвони вазири умури дохилӣ дар ҳафтаи гузашта аз Рамазон Раҳимов тақозо кардаанд, парвандаи садамаи хабарнигори бахши форсии Би-би-сӣ, Искандари Фирӯз, ки ҷароҳати сангин бардоштааст, мунсифона сурат гирад.
Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, Шӯрои ВАО, Анҷумани миллии расонаҳои мустақил (НАНСМИТ) ва "Медиа-алянси Тоҷикистон" дар номаи худ навиштаанд, садамаи нақлиётӣ, ки дар натиҷаи он рӯзноманигор, Искандари Фирӯз ҷароҳати вазнин бардошта, дар ҳолати беҳушӣ (кома) ба бемористони Қарияи боло интиқол дода шуд, боиси ташвишу нигаронии ҷомеаи журналистист. Дар муроҷиатномаи ин созмонҳо таъкид шуда буд, ки шахсан вазири умури дохилӣ ҷараёни тафтиши ҳодисаи мазкурро таҳти назорат гирифта, барои воқеъбинона муайян намудани ҷониби гунаҳгор ва ба ҷавобгарӣ кашидани ӯ ҳамаҷониба мусоидат намояд.
Искандари Фирӯз, хабарнигори бахши форсии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон, шоми сешанбе (9 октябр) дар натиҷаи як садамаи автомобилӣ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷароҳати сангин бардошта дар ҳолати беҳушӣ (кома) ба бемористони Қарияи боло интиқол дода шуд.
Аз он замон то ба ҳол дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад ва ба гуфтаи пизишкон вазъи саломатии ӯ ҳамоно вахим аст. Пизишкон, ба ҳолати оддӣ овардани саломатии Искандари Фирӯз ниёз ба вақти бештаре доштааст.