Ҳарчанд аз барафрохтани ин парчам, ки бо милаи баландтаринаш ба китоби рекордҳои Гиннес шомил шуда буд, як сол сипарӣ гардид, аммо то ҳол маълум нест, ки ин парчам дар ҳисоби кадом ширкат ё ниҳоди Тоҷикистон аст ва нигоҳубини он бар зиммаи кист.
Мила ҳам моли "Талко" будааст
Талошҳои мо барои муайян кардани ниҳоди масъул дар нигоҳубини парчам самараи аҷиб дод. Котибаи шӯъбаи сохтмони дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон сараввал гуфт, ин парчам дар ҳисоби ҳамин шӯъба аст, вале баъд аз чанд дақиқа гуфт, нигоҳубини ин иншоот ба зиммаи "Ориёнбонк" гузошта шудааст. Аммо муовини роҳбари бахши хоҷагиии ин бонк Ёқуб Ҳайдаров гуфт, “Ориёнбонк” масъули нигоҳубини парчам нест ва ин хабарро аслан бори аввал мешунавад. Як масъули ин бонк дар як сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, ҳоло нигоҳубини ин парчам бар дӯши ниҳодҳои тобеи ширкати “Талко” вогузор шудааст.
Сухангӯи "Талко" Игор Сатторов дар тамоси телефонӣ то ҳол дар ҳисоби ин ширкат қарор доштани парчамро тадиқ карда гуфт: “Баъд аз оне, ки сохтмони парчам бо милаи баландтарин ба итмом расид, онро бояд ба ҳисоби шаҳри Душанбе мегузаронданд. Вале аз чӣ бошад, то ҳол он дар ҳисоби ширкати мо қарор дорад ва мутахассисони мо онро нигоҳубин мекунанд.”
Се посбони шабонарӯзӣ
Ҷаноби Сатторов дар мавриди харҷи нигоҳубин ва сари чанд вақт иваз кардани матои парчам изҳори беитилоӣ кард. Пас аз талошҳои зиёд мо бо Юсуф ном корманди ширкати “Талко” ҳамсӯҳбат шудем, ки масъулияти нигоҳубини парчамро бар дӯш доштааст. Ин мусоҳиби мо мегӯяд: “Мо сохтмончием, аммо бар замми корамон парчамро нигоҳубин мекунем. Чун матоъи парчам сари ҳар чанд вақт аз шамолу борон медарад, онро иваз мекунем. Дар зери ин парчам се посбон шабу рӯз ҳастанд ва бо парчам чизе шавад, моро хабар мекунанд. Ҳамчунин барои ҳавои зимистон матои парчам ғафстар ва барои тобистон тунуктар вуҷуд дорад, ки мо бо дигар шудани фасли сол онро иваз мекунем.”
Аммо ин масъули ширкати “Талко”масрафоти ин ширкат барои нигоҳубини парчам ва нархи матоъи байрақро сирри давлатӣ хонд ва аз гуфтанаш худдорӣ кард, вале гуфт, ки тайи ҳар 2-3 моҳ матоъи ин парчам иваз карда мешавад. Дар ҳамин ҳол, як масъули ширкати дузандагии “Ёқут-2000”, ки имкони дӯхтани ин гуна парчамро дорад, гуфт, ки дӯхтани чунин парчам бо 30 метр бар ва дарозии 60 метр ҳудуди 30 ҳазор сомонӣ нарх хоҳад дошт.
Мояи ифтихор ё харҷи беҳудаи пул?
Аз оғози сохтмонаш ин парчам бо миллаи баландтарин дар миёни сокинони Тоҷикистон саволҳои зиёдеро халқ карда, бардошт аз вуҷуди бузургтарин парчами дунё низ дар ҷомиа мухталиф аст. Бархе онро мояи ифтихори миллӣ, вале бархеи дигар харҷи беҳудаи пул мепиндоранд.
Ёқуби Саид, як ҷавони тоҷик мегӯяд: “Агар баландии миллаи ин парчам 20 метр ҳам мебуду дастовардҳои иқтисодии кишвар - бештар, эҳтироми мо ба парчам зиёдтар мешуд. Лекин чун мо як кишвари фақир ҳастему намоишкорона чунин як байрақи баланду пурарзишро сохтем, мавриди хандахариши кишварҳои хориҷӣ хоҳем шуд.”
Вале бархе аз сокинон бо ин парчам хеле ифтихор мекунанд ва ҳатто ҳар ҳазлу шӯхӣ дар бораи онро таҳқири рамзҳои давлатӣ унвон мекунанд. Вақте дастаи “КВН”-и Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар бо ҳазл баландтарин миллаи парчамрро бо рогатка ё фалахмон ташбеҳ дод, Назир Раҳматов ном сокини Душанбе эътирозомез гуфт: "Мо бо парчами худ фахр мекунем. Кӣ ба Шумо иҷозат дод, ки онро гирифта "рогатка" кунед?"
Парчами миллии Тоҷикистон бо 165 метр мила, ки баландтарин дар дунё шинохта шудааст, расман рӯзи 9-уми сентябри соли 2011, дар ҷараёни ҷашни 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон барафрохта шуд. Сохтмони ин миларо ширкати “Trident Support” ва маблағгузориашро "Талко" ба ӯҳда доштанд. Душанбе то ҳол эълон накардааст, ки барои сохтани ин мила чӣ миқдор пул сарф кардааст. Аммо коршиносон бо такя бар нархи милаи парчамҳои тақрибан ҳамсон дар Озарбойҷон ва Туркманистон мегӯянд, харҷи ин сохтмон зоҳиран на камтар аз 10 миллион долларро ташкил додааст.
Навор аз бойгонии "Озодӣ": Парчами "осмонбӯс"-и Тоҷикистон