Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Парчами 2-километрӣ. Дархости дигар аз Гиннес


Корхонаи “Тоҷиктекстил”-и Душанбе парчами 2011-метрии Тоҷикистонро таҳия кардааст, ки 860 кило вазн дорад.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, ин парчамро рӯзи 9 сентябр, ҳангоми таҷлил аз 20-умин солгарди истиқлоли кишвар, бештар аз се ҳазор нафар ба хиёбони марказии шаҳри Душанбе хоҳанд овард.

Матои ин парчамро масъулони шаҳрдории Душанбе аз пойтахти Қирғизистон овардаанд. Гуфта мешавад, пас аз он ки дарозтарин парчами Тоҷикистон дар хиёбони марказии Душанбе намоиш дода мешавад, ба осорхонаи шаҳрӣ супорида хоҳад шуд.

Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, дархости худро барои ворид кардани дарозтарин парчами Тоҷикистон ба Китоби рекорҳои Гиннес ирсол карда ва ҳоло мунтазири посухи ин муассиса нишастааст.

Вале то ин ки дарозтарин парчами миллии Тоҷикистон омода бишавад, мақомот баландтарин бурҷи парчамро дар маркази пойтахти ин кишвар, дар канори чапи Қасри Миллат ифтитоҳ карданд. Ин парчами Тоҷикистон бо сутуни 165-метрӣ ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шуд. Дарозии матои ин парчам 60 ва бари он 30 метр аст.

Вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон, соли 2009 санадеро ба имзо расониданд, ки бар пояи он ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр рӯзи парчами миллӣ таҷлил мешавад.

Тоҷикистон баъд аз Туркманистон дуввумин кишвари Осиёи Марказист, ки иди парчами худро ҷашн мегирад. Вале ба фарқ аз Туркманистон Тоҷикистон ин рӯзро рӯзи таътил эълон накардааст.

Парчами миллии Тоҷикистон, ки аз рангҳои сурху сафеду сабз ва як тоҷу ҳафт ситора иборат аст, дар қатори суруди миллӣ ва нишон яке аз рамзҳои давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Ва ин парчам ҳанӯз 19 сол пеш дар ҷаласаи Шӯрои олии Тоҷикистон қабул шудааст.
XS
SM
MD
LG