Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ранҷи тоҷик будан ва ганҷи худшиносии миллӣ


Кандукове дар талошҳои Тоҷикистон ба дарёфти ҳувияти миллӣ дар 20 соли истиқлолият.

Ҷавонон худро ба парчами тоҷдору ҳафтситораи Тоҷикистон мепечанд, дар футболкаҳо ибораи “Ман тоҷикам!” ё “I Love Tajikistan”-ро парчу мӯҳр мекунанд ва сокини Душанбе, Сарвиноз Ҳоҷиева, барои духтараш парчаме дӯхтааст, ки дар сафарҳои хориҷӣ бо худ мебарад ва сари китфон партофтаю аз мазҳари ом мегузарад.

Шарми ҷонсӯзи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон камобеш аз чашму чеҳраҳо зудуда мегардад ва ҷои онро ифтихори миллӣ мегирад.

Аммо муҳаққиқи “Ҳувияти тоҷикӣ ва давлатсозӣ дар Тоҷикистон” Пӯлод Шоазимов мегӯяд, ин фақат оғози як роҳи дароз аст ва худшиносии тоҷикон бо суръати дарёфти посух ба саволҳои мушкили таърихи навтарин ва вазъи имрӯзии онҳо пеш хоҳад рафт. Ӯ, ки мудири Маркази пажӯҳишҳои иҷтимоӣ ва сиёсии “Коршинос” аст, соли 2006 худ дар як рисолаи муфассал кӯшидааст, ба пурсишҳои дардомези сабабҳои ҷанги Тоҷикистон ҷавоб ёбад, вале ҷавонони имрӯзаи тоҷикро саволҳои дигаре бештар азият медиҳанд. Аз ҷумла, мисли ин навиштае дар Фейсбук, ки “Чаро ман вақте ба Ватан меоям, худро бегона ва нодаркор ҳис мекунам?”

Ҳуринисо Ғаффорзода
Ҳуринисо Ғаффорзода
Сарвари созмони ҷамъиятии «Оштии миллӣ”, Ҳуринисо Ғаффорзода мегӯяд, на танҳо ин ҷавон, балки бисёр касонро мешиносад, ки “ҳисси ҳамсон доранд, зеро нерӯи ҷисмонӣ ва равонии онҳо дар ҷомеа талабношуда боқӣ мемонад ва фазои сиёсӣ низ ба гунае озод нест, то ҷавлони онҳоро бардорад.”

РАМЗҲОИ АЁНУ НОАЁН

Ҳаракат ба иттиҳоду ягонагиро шоири араб Ҷуброн Халил Ҷуброн як ҳисси зотӣ мешуморад ва менависад: “миллат – маҷмӯи одамони гуногуни дорои завқу ақоиди рангоранг аст, ки торҳои маҳкам, амиқ ва фарогир онҳоро ба ҳам мепайвандад.” Аз ин лиҳоз ҳувияти қавии миллӣ ба ягон узви ҷомеа имкон нахоҳад дод, ки ҳисси бекасӣ кунад. Вале ҳаракати акс, аз сӯи дигар, дар андарзи нависандаи рус Андрей Платонов бозтоб ёфтааст, ки мегӯяд, “бе ман халқ нопурра аст!”

Эраҷи Баширӣ
Эраҷи Баширӣ
Яке аз муҳаққиқони ҳувияти тоҷикӣ, устоди Донишгоҳи Миннесотаи Иёлоти Муттаҳида, Эраҷи Баширӣ дар таърифи истилоҳи “ҳувият” чуни мегӯяд: "Ҳувият ба худии худ маъние надорад, балки шохисҳою мафҳумҳои мухталиф бояд ҷамъ бишаванд ва маҷмӯи онҳо метавонад худшиносӣ ном бигирад. Барои Тоҷикистон метавонем маҳдудаи ҷуғрофиёӣ, таърихи иҷтимоиву сиёсӣ, раванди иқтисодӣ, мероси фарҳангӣ, адабро канори ҳам бигузорем ва ин ҳувиятро дарёбем."

Номи кишвар, таърихи муштарак, забон, дини Ислом, парчам ва суруди миллӣ, фарҳангу суннатҳо, иқтисоди миллӣ ва вижагиҳои табиати кишвар аз тарафи коршиносоне, ки ҳамсӯҳбаташон шудем, рамзҳои пайвандгари тоҷикон унвон шуданд. Вале онҳо ин ишораро низ карданд, ки бархе аз омилҳои васли тоҷикон худ рахна доранд, монанди лаҳҷа дар муқобили забон, хатти сириллик дар муқобили форсӣ, дараҷаи арҷгузорӣ ба ҷашнҳо, бархӯрди гуногун ба чеҳраҳои таърихӣ ё фарҳангӣ ва ғайра.

Баҳси коршиносон сари ҳувияти миллии тоҷикӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:30 0:00
Линки мустақим


Рафъи ихтилофот ва мустаҳкам кардани ҳувияти миллиро бисёриҳо вазифаи давлат мешуморанд, аммо бархе мегӯянд, ин корест, ки бояд ҳамa дар он мисли “ҳашар” саҳм бигиранд. Бархи дигар бо ишора ба имкониятҳои давлат нақши онро ҳалкунанда мешуморанд.

НАҚШИ ҲУКУМАТ

Ҳисси ҷудоӣ ва бегонагиро коршиноси тоҷик Абдуғаффори Камол ба он бастагӣ медиҳад, ки “бахши аъзами ҷавонони мо умри худро дар муҳоҷират ба сар мебаранд ва гоҳе монанди ин ҷавон иртиботи худро бо Ватан гум мекунанд. Вазифаи ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла Хадамоти муҳоҷират ё сафоратҳои мост, ки онҳоро дар куҷое, ки ҳастанд, соҳибӣ кунанд ва ин пайвандро нумӯъ диҳанд.”

Сайидюнуси Истаравшанӣ
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Бо арҷгузорӣ аз корҳои зиёде, ки мақомоти Тоҷикистон барои таҳкими ҳувияти миллӣ дар солҳои баъдиҷангӣ кардаанд, ҷаноби Камол мегӯяд, боздеҳи ин талошҳо ба дараҷаи матлуб набудааст. Ба ақидаи ӯ, ҳанӯз худи мафҳуми ҳувияти тоҷикӣ то охир рӯшану фаҳмо нашудааст, то ба осонӣ ниҳодина гардад. Таҳлилгари мустақил Сайидюнуси Истаравшанӣ сабаби нокомии талошҳои таҳкими худшиносии миллиро дар он мебинад, ки як барномаи дақиқ ва озмудаи бунёд ва таҳкими ҳувият вуҷуд надорад. Дар 20 соли гузашта идеологҳои ҳукумат аввал рӯ ба тамаддуни ориёӣ оварданд, ки арзишҳои Зардуштияро таблиғ кард. Сипас корномаи Сомониёнро маҳак қарор доданд, вале онро ҳам ҷойгузин накарда, бо таҷлил аз Имоми Аъзам роҳи ҳимоят аз мазҳаби ҳанафӣ ва радди равишҳои динии хориҷиро дар пеш гирифтанд.

Доктори улуми фалсафа, Пӯлод Шоазимов, баръакс тамоми кореро, ки дар ин соҳа аз аввали истиқлолият то ҳоло шудааст, "боҳадаф" меномад. Баъд аз сулҳи соли 1997, мегӯяд ӯ, қарор ин шуд, ки ба ҳеҷ гуна идеология бартарӣ дода нашавад. Ба ақидаи Шоазимов як идеологияи "пазиришгар" сохта мешавад, ки ҳама чизи беҳтаринро ба андӯхтаҳои таърихӣ зам мекунад. Ин хулосаро мубоҳисони фейсбукӣ қабул надоранд, балки аз тамаркуз рӯйи унсурҳои фарҳангии як маҳал ё ҳатто гоҳе завқи шахсии як нафар барои эҷоди ҳувияти миллӣ норозиянд. Рӯшанфикри тоҷик Сайидюнуси Истаравшанӣ ва мубоҳисон низ бар инанд, ки оштии “дунявиёну дингароён” дар Тоҷикистон бо қабули қонуни нави дин ва қонуни масъулияти волидайн, фишор ба аъзои Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва куллан, мудохила ба умури диндорон ба таври якҷониба тахриб шудааст. Ва ба қавли бону Ҳуринисо, имкониятҳои нобаробари шаҳрвандон ва дастдарозии афроди наздик ба сатҳи олии қудрат ба сарватҳои миллӣ эътимод ба садоқати худи давлатро ба ҳувияти миллӣ халалдор мекунад.

МАҲАЛГАРОӢ -- НЕК Ё БАД?

“Баҳсҳои зиёд дар марказҳои таҳлилӣ низ ин масъаларо рӯшан накарданд ва бархе маҳалгароиро ҳамчун талоши ободии зодбуми худ падидаи мусбат мешуморанду бархе манфӣ,” – мегӯяд коршиноси тоҷик Абдуғаффори Камол. Ин ҳолатро муаллифи рисолаи “Ҳувияти тоҷикӣ ва давлатсозӣ дар Тоҷикистон”, Пӯлод Шоазимов, табиӣ меномад ва мегӯяд, масалан, дар Аврупои Ғарбӣ низ он ба мушоҳида расидааст. “Муҳим аст, ки ин омил ба сатҳи мутлақ бардошта нашавад ва намояндагони як маҳал дигаронро дар атрофи худ муттаҳид кунанду тадриҷан ба онҳо ҳам роҳ диҳанд ва кишварро аз вазъи феълӣ берун оранд,” – меафзояд ӯ.

Абдуғаффори Камол
Абдуғаффори Камол
Муҳоҷират ва ҳамзистию ҳамкории тоҷикон дар Русия, ба ақидаи корманди Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Санкт-Петербург, Саркор Абдол, то андозае ҳисси ҳамсарнавиштиро қувват дода, маҳалгароиро кам мекунад, аммо Абдуғаффори Камол мегӯяд, ки аксари кулли созмонҳои иҷтимоии тоҷикон дар Русия ба мансубияти маҳаллии раҳбарони онҳо асос ёфтааст.

Доктор Шоазимов бар ин аст, ки маҳалгароӣ акнун бештар заминаҳои иқтисодӣ пайдо мекунад ва агар кишвар ба рушди иқтисодӣ даст ёбад, таъсири маҳалгароӣ ба худшиносӣ коҳиш хоҳад ёфт. Чунин рушд метавонад, зербино ва пайвандҳоро қувват дода, билоахира, синфи миёна ва ҳамроҳи он "ташаббуси шаҳрвандӣ"-ро ба вуҷуд орад, ки пойдевори асосии ҳувият мебошад.

ДАВЛАТ ВА ДИН

Дар ҳоле ки аксарияти ҳамсӯҳбатони мо нақши динро дар ҳувияти миллии тоҷикон меҳварӣ мешуморанд, як бахши умдаи онҳо нигаронанд, ки насли нави исломгароёни тоҷик аслан мафҳуми "миллат"-ро рад мекунад. Саркор Абдол мегӯяд, "ин бузургтарин мушкил дар роҳи бунёди ҳувияти миллист. Ман намефаҳмам, чӣ гуна онҳо ҷашни Наврӯзро, ки аз арзишҳои асили миллии мост, қабул надоранд. Пас онҳо тоҷик нестанд. Ин таҳсилкардагони аҳкоми шариат дар Покистону Саудия ё муҳоҷирони муқими Қафқози Шимолию Тотористон ба решаҳои миллат зарба мезананд."

Доктор Шоазимов низ дар китоби худ ишора мекунад, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ибтидо талош кард, бо истифода аз Исломи суннатӣ ва сиёсии кишвар пеши роҳи Исломи глобалиро бигирад. Исломи глобалӣ, барои намуна, "Ҳизби таҳрир" на танҳо марзҳои давлатӣ, балки суннатҳои миллиро низ рад мекунад. Бунёдгузори торнамои исломии “Кимиёи саодат” Сайидюнуси Истаравшанӣ бар ин аст, ки маҳз бархӯрди ҳукумати Тоҷикистон бо Исломи суннатӣ ва сиёсии кишвар боиси ба тундагароӣ майл кардани ҷавонон мешавад. Вале ба қавли Шоазимов ҷустуҷӯи роҳи мусолиматомез дар ин ҷабҳа идома дорад.

ТАКИЯ БА ШАҲРВАНДӢ?

Муаллифи рисолаи “Ҳувияти тоҷикӣ ва давлатсозӣ дар Тоҷикистон”, мегӯяд, ҳалли ду масъала метавонад ба рушд ва таҳкими худшиносии аҳолии Тоҷикистон хидмат кунад, ки яке афзудани рукни “шаҳрвандӣ” ба ҳувияти то ҳоло асосан этно-миллии тоҷикист. Ҳувияти этно-миллӣ то марзҳои фарҳангӣ доман мекашад, ки ҳавзаи хурдаш Хуросон ва бузургаш ҷаҳони форсизабонон аст, аммо мақомоти Тоҷикистон ҳоло бештар рӯйи ҳувияти миллӣ тамаркуз кардаанд, ки бо марзҳои давлатии кишвар маҳдуд мешавад. Биноан, ба ақидаи Шоазимов рукни “шаҳрвандият” метавонад, ҳамаро қатъи назар аз миллият ё мазҳаб ба ҳам оварад.

Чизи дигаре, ки ба вазъи имрӯзаи ҳувияти миллӣ дар Тоҷикистон намерасад, ҷанбаи иқтисодист, ки метавонад, рукни “шаҳрвандӣ”-ро низ таҳким бахшад. Танҳо иқтисодиёти пешрафта метавонад, шиорҳои баланди ҳукумати феълии Тоҷикистонро бо мазмун ва натиҷаи амалӣ пур ва эътимоду садоқати шаҳрвандонро бедор кунад.
XS
SM
MD
LG