Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Милаи парчам ё рогатка? Шӯхие, ки ҷанҷолбарангез шуд


Гӯшае аз барномаи КВН миёни донишҷӯён.
Гӯшае аз барномаи КВН миёни донишҷӯён.

Як саҳнаи ҳаҷвӣ дар мавриди баландтарин милаи парчам дар Душанбе хашми бархе аз тамошобинонро барангехт, ки дар миёнашон кормандони "Шабакаи аввал" ва вазорати фарҳанг низ буданд.

КВН ва ё “Маҳфили зарифон” шоми шанбе (12-уми май) бо ибтикори Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар Душанбе миёни донишҷӯёни мактбаҳои олии пойтахт баргузор шуд.

Дар ин намоиш саҳна дар мавриди роҳбари як бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар пахш гардид, ки ба зердасташ фармон медод, то тарҳи ироаи кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми Африқоро таҳия кунад. Зердасти соддалавҳ баъд аз чанд лаҳза як тарҳеро ба намоиш гузошт, ки дар он расми фалахмон (рогатка) ва қитъаи Африқо буд. Ӯ ба раҳбараш мефаҳмонд, ки "як рогаткаи калон месозем ва дар тирдони он кӯмакҳои хайрияро ҷо карда ба Африқо ҳаво медиҳем." Раҳбари асабонӣ бо қаҳр пурсид, ки ин хел фалахмони бузургро чӣ тавр бисозем? Зердаст дар посух гуфт, "милаи баландтарини парчамро сохта тавонистем, магар рогаткаи калонтарин сохта наметавонем!? Раис, биёед, дар назди ин миллаи парчам яктои дигар месозем ва дуяшро бо резина васл мекунему дар тирдони он кӯмакҳои хайрияро ҷо карда ба Африқо ҳаво медиҳем. Ҳам интиқоли кӯмак арзон меафтад ва ҳам мардумамон ватандӯст хоҳанд шуд, чӣ гуфтед?"

Ҳазли дастаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар аз ҷониби доварон дар охири намоишнома баҳои баланд гирифт. Аммо як нафар аз тамошобинон, ки худро намояндаи вазорати фарҳанг муаррифӣ кард, ба назди доварон омада, аз баҳогузории онҳо норозигӣ кард: "Агар ин навор дар телевизион пахш шавад, сараввал Носирҷон Бӯриев ва баъдан Шавкат Муҳаммадиев аз вазифашон сабукдӯш хоҳанд шуд. Мо бо парчами худ фахр мекунем. Кӣ ба Шумо иҷозат дод, ки онро гирифта рогатка кунед?"

Самад, яке аз иҷрокунандагони ин саҳнаи ҳаҷвии ҷанҷолбарангез гуфт, "ин шӯхие беш набуд ва дар ин ҷо ягон муқаддасоти миллӣ таҳқир нашудааст."

Ҷалолиддин Шарифов, роҳбари бахши душанбегии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар сӯҳбат бо мо гуфт, ҳамаи маблағҳое, ки аз фурӯши чиптаҳо ба даст меоянд, дар роҳи кӯмаки ниёзмандон камбизоат сарф хоҳанд шуд: "Мақсад аз ташкили "Маҳфили зарифон" ин ҷалб кардани донишҷӯён ба сафи ихтиёриёни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар мебошад. Мо ҳамчунин рӯзи 5-уми май як консерти хайрия барпо кардем, ки маблағҳои аз ҳисоби он ба даст омада ба ихтиёри хонаи кӯдакони нобино гузошта шуд."

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:02 0:00
Линки мустақим


Бархе дигар аз тамошогарон, ки бо онҳо ҳамсӯбат шудем, иллати напазируфтани ҳазли танқидомезро ба аз байн рафтани танзи сиёсӣ дар кишвар ва ҷойи онро гирифтани таърифу тавсифи мақомот марбут медонанд. Як ҳамсӯҳбати мо гуфт "кишваре, ки расонаҳои давлатиаш 24 соат дар ҳафта пешрафтҳои ҳукуматро тавсиф мекунанд ва ҷойеро барои танзи сиёсӣ боқӣ намегузоранд, пешрафт намекунад. Танҳое миллатҳое метавонанд рушд кунанд, ки агар ба рафтори худ аз зовияи танқид нигариста ва иштибоҳҳои худро ислоҳ кунанд."

Ҳамсӯҳбати дигари мо, ки аз бархӯрди хашини баъзе тамошогарон ба саҳнаи “фалахмон” дар шигифт буд, гуфт: "Ишораи танзи гурӯҳи Ҳилоли Аҳмар воқеияти
кишвари моро нишон, ки тақрибан заводу корхона надорад ва чизи дурусте ҳам истеҳсол намекунад. Ин воқеият аст ва бояд гуфта шавад, то гӯши ҷомеа ва ҳукумат ба шунидани танзҳои тунд омода бошад."

Носирҷон Бӯриев, сардори раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ки масъулияти доварии ин сабқатро дар дӯш дошт, нороҳатии бархе аз тамошобинонро беасос хонд ва гуфт: "Ҷавонони мо бо ҳамин шакл камбуду нуқсонҳои ҷомеаро бозгӯӣ мекунанд. Ҳамчунин аз байни чунин ҷавонон мешавад як дастаи миллии КВН-ро созмон дод, то кишвари моро дар хориҷа муаррифӣ кунанд."

Дар ин КВН ё “Мафили зарифон” дастаҳои Донишгоҳи омӯзгорӣ, технологӣ, Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Русия, филиали донишгоҳи Давлатии Маскав дар Душанбе ширкат варзиданд. Дар ин сабқат тими ҷавонони Душанбе "Мужской монастырь" ғолиб омад. Даъвати ҷавонон ба артиш, аскарӣ, муҳоҷират, порахӯрӣ дар донишгоҳҳо аз мавзӯъҳое буданд, ки мавриди ҳаҷву танзи дастаҳои иштирокчиёни КВН қарор доштанд.
XS
SM
MD
LG