Аз рӯи натиҷагирии понздаҳ рӯзи мусобиқот варзишгарони 84 кишвар барандагони медалҳои олимпӣ гардидаанд. Дар ҳисоби умумидастаӣ Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 102 медал – 44 тилло, 29 нуқра ва 29 биринҷӣ дар ҷойи аввал мебошад. Чиноиҳо 87 медал - 38 тилло, 27 нуқра ва 22 биринҷӣ ба даст оварда, дар ҷойи дувуманд. Бритониёи Кабир бо касби 62 медал – 28 тилло, 15 нуқра ва 19 биринҷӣ дар ҷойи севум қарор гирифтааст.
Умуман, варзишгарони 53 кишвар дар понздаҳ рӯзи мусобиқот ба унвони қаҳрамони Олимпиадаи Лондон мушарраф гаштаанд. Ба ғайр аз ИМА, Чин ва Бритониёи Кабир, Русия 21 медали тилло, Кореяи Ҷанубӣ 13, Олмон 11, Фаронса 10, Италия ва Маҷористон 8-тоӣ, Австралия 7 нишони тилло, Ҷопон, Нидерланд ва Қазоқистон 6-тоӣ, Украина ва Зеландияи Нав 5-тоӣ, Эрон, Ямайка, Куба ва Кореяи Шимолӣ 4-тоӣ медали тилло, Испания, Бразилия, Беларус, Ҷумҳурии Чех, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва Эфиопия 3-тоӣ нишони тилло, Руминия, Дания, Кения, Лаҳистон, Озарбойҷон, Туркия, Норвегия, Хорватия ва Швейтсария ҳар кадом 2 медали тилло, Канада, Колумбия, Мексика, Шветсия, Гурҷистон, Ирландия, Аргентина, Литва, Словения, Сербия, Тунис, Ҷумҳурии Доминикан, Тринидад ва Тобаго, Узбакистон, Латвия, Алҷазоир, Баҳамас, Гренада ва Венесуэла яктоӣ медали тилло ба даст овардаанд.
Аз рӯи шумораи умумии медалҳо ИМА бо 102 медал дар ҷойи аввал, Чин бо 87 медал дар ҷойи дувум ва Русия бо 78 медал дар ҷойи севум қарор доранд. Бритониёи Кабир 62 медал, Олмон 44, Ҷопон 37, Австралия 35, Фаронса 33, Кореяи Ҷанубӣ 27 ва Италия 23 медал гирифтаанд.
Дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ Русия бо 21 медали тилло, 25 нуқра ва 32 биринҷӣ дар ҷойи аввал аст. Қазоқистон бо 6 медали тилло ва 4 биринҷӣ дар мақоми дувум мебошад. Украина бо 5 медали тилло, 4 нуқра ва 9 биринҷӣ дар ҷойи севум қарор дорад. Беларус 3 медали тилло, 4 нуқра ва 5 нишони биринҷӣ, Озарбойҷон 2 медали тилло, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ, Гурҷистон 1 медали тилло, 3 нуқра ва 2 биринҷӣ, Литва 1 нишони тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ, Узбакистон 1 медали тилло ва 3 биринҷӣ, Латвия 1 нишони тилло ва 1 биринҷӣ, Арманистон 1 нуқра ва 2 биринҷӣ, Эстония 1 медали нуқра ва 1 биринҷӣ, Молдова 2 медали биринҷӣ ва Тоҷикистон 1 медали биринҷӣ гирифтаанд. Вале варзишгарони ду кишвар – Қирғизистон ва Туркманистон то ҳоло дар Олимпиадаи Лондон соҳиби медал нашудаанд.
Эрон бо 12 медал - 4 нишони тилло, 5 нуқра ва 3 биринҷӣ дар ҷойи 16-ум мебошад.
То ҳоло 14 варзишгари Тоҷикистон сабқатро дар Олимпиадаи Лондон ба анҷом расониданд. Танҳо як нафар – муштзан Мавзуна Чориева ба Тоҷикистон медали олимпӣ овардааст. Вай дар сабқати бокси занона дар вазни то 60 кг соҳиби медали биринҷӣ шуд.
Седаҳ варзишгари Тоҷикистон - тирандоз Сергей Бабиков, муштзанҳо Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов, дзюдочиён Расул Боқиев ва Парвиз Собиров, шиновар Катерина Измайлова, гурзандоз Дилшод Назаров, даванда Владислава Овчаренко, таэквондочиён Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов, гуштигирони тарзи озод Николай Ноев ва Юсуф Абдусаломов аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.
Имрӯз, 12-уми август, дар рӯзи охирини Олимпиадаи Лондон боз ду намояндаи Тоҷикистон дар риштаи гуштии озод рақобат мекунанд. Зелимхон Юсуфови 28-сола дар вазни то 66 кило дар даври муқаддамотӣ соати 12:30 ба вақти Душанбе бо Алан Гогаеви 22-сола аз Русия ва Искандари Рустами 20-сола дар вазни то 96 кг дар 1/8 финал соати 13:33 бо Валерий Андритсеви 25-сола аз Украина қувваозмоӣ мекунанд.