Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тифлис муҳоҷирони худро "соҳибӣ" мекунад, Душанбе чӣ?


Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар дар Страсбурги Фаронса даъвои Гурҷистон бар зидди Русияро баррасӣ кард.

Дар номаи худ Гурҷистон ба ин додгоҳ шикоят бурдааст, ки 2-юми октябри соли 2006-ум Русия ихроҷи гурҷитаборонро аз қаламрави худ оғоз кардааст. Шояд тасмими додгоҳи Страсбург ба зудӣ эълон нашавад ва он ягон сол давом кунад, вале мақомоти расмии Гурҷистон ва маҳофили иҷтимоии ин кишвар бовар доранд, ки онҳо дар ин додгоҳ пирӯз хоҳанд шуд.

Рӯзи чаҳоршанбе (13-уми июн) замоне ки баррасии парванда бо номи “Гурҷистон бар зидди Русия” дар Страсбург давом дошт, Константин Ромодановский -- раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия эълон кард, ки ҳоло мӯҳлати иқомати 90-рӯзаи тақрибан 9 ҳазор шаҳрванди дигари Гурҷистон дар Русия ба поён расидааст ва мақомоти ин кишвар онҳоро барои ихроҷ ҷустуҷӯ хоҳанд кард. Шояд ин ҳушдори Ромодановский ба Гурҷистон барои додгоҳи Страсбург бошад.

Дар ҷараёни маъракаи зиддигурҷиҳо тақрибан 5 ҳазор гурҷӣ ихроҷ шуданд. Онҳоро пас аз боздошт дар шароити тоқатфарсо нигоҳ медоштанд ва муқаррароти байналмилалии нигаҳдорӣ дар боздоштгоҳҳои муваққат аслан иҷро намешуд. Нино Зидзава мегӯяд, шавҳари вай -- Тенгиз Тогонадзе дар Санкт-Петербург соҳибкор буд. Мӯҳлати иқоматаш як моҳ гузашта буд, ки ӯро боздошт карданд.

“Ҳатто ба вай об намедоданд, чӣ расад ба доруву дармон. Ба онҳо гуфта буданд, ки обро аз унитаз нӯшанд. Дар изолятори баста 15 рӯз бандӣ буд. Вақте ба Маскав оварданд, вай нафас кашида наметавонист. Ӯро ба ҳавои боз иҷоза намедоданд. Гузашта аз ин, чанд бор бо барқ шиканҷа додаанд. Мурдаи вайро ба Маскав оварданд ва ҳамон вақт ҳам масхараомез мегуфтанд, “вот грузинская свинья”,- гуфт ӯ.

Тенгиз аз ҷумлаи се нафаре буд, ки дар ҷараёни маъракаи тоқатфарсои ихроҷ ё депорт ҷон доданд. Леван Месхорадзе -- намояндаи Гурҷистон дар додгоҳи Страсбург баъд аз мурофиаи ниҳоии додгоҳ гуфт: “Дар ин мурофиа бори дигар собит шуд, ки Русия ба фишори кавмии гурҷиҳо роҳ додааст, аз қаламрави худ онҳоро рондааст, онҳоро дар шароити ғайриинсонӣ нигаҳдорӣ кардааст. Нисбат ба онҳо бегонаситезӣ кардааст, танҳо ба хотири он ки онҳо шаҳрвандони Гурҷистон буданд.”

Ихроҷи шаҳрвандони Гурҷистон аз Русия баъд аз боздошти афсарони Русия дар Тифлис шурӯъ шуд ва он комилан шабеҳи он аст, ки Тоҷикистон Владимир Садовничий ва Алексей Руденко -- ду халабони ширкати русии “Ролкан инвестмент”-ро дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа барои фуруди ғайриқонунӣ боздошт кард ва ба додгоҳ кашид. Русия бар зидди тоҷикони муҳоҷир дар қаламрави худ аз ҳамон “бозии Гурҷистон” истифода кард. Дар зарфи як ҳафта Русия садҳо муҳоҷирро, ки дар сохтмонҳо ва арсаҳои дигар ба кори сулҳомез машғул буданд, боздошт кард ва онҳоро низ дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ мисли гурҷиҳо дар шароити тоқатфасо нигаҳ медошт.

Садовничий ва Руденко дар додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа
Садовничий ва Руденко дар додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа
Мурод Холиқзода, таҳлигари тоҷик дар умури муҳоҷират дар Маскав, мегӯяд, “дар ҷараёни ҳамон депорт 464 нафар аз Русия ихроҷ шуданд. Дар ин бора аснод вуҷуд дорад.” Холиқзода талошҳои ҳукумати Гурҷистонро барои ҳимоят аз ҳаққи шаҳрвандонаш дар арсаи байналмилалӣ бо Тоҷикистон муқоиса карда мегӯяд, Гурҷистон ҷуръати бештар дорад: “Гурҷистон дар масъалаи шикоят кардану ҳимоят кардан аз ҳуқуқи худ якчанд маротиба аз мо пештар аст. Ҳукуматаш дастгирӣ мекунад. Мо дар ин корҳо ақибмондаем. Фикре намекунам, ки аз мо касе ҷуръат дошта бошад.”

Агар Гурҷистон парвандаи “Гурҷистон бар зидди Русия”-ро дар додгоҳи Страсбург ба нафъи худ ҳал кунад, дар он сурат Русия барои чунин рафтораш бар зидди гурҷиҳо ҷаримаи бузург пардохт хоҳад кард ва ин маблағ ба ононе дода мешавад, ки аз ин маърака зарар дидаанд. Коршиносон аз ҳоло пирӯзии гурҷиҳо дар ин додгоҳро пешгӯӣ мекунанд.

Аммо Холиқзода мегӯяд, Русия тоҷиконеро, ки боздошт карда буд, 6 моҳ дар сохтмонҳо ё ҷойҳои дигар кор мефармояд ва сипас аз ҳамон ҳисоб онҳоро ба ватан мефиристад. Ба бисёрии муҳоҷироне, ки тирамоҳи соли гузашта ихроҷ шуда буданд, дӯстону надиконашон билети бозгашт ё “депорт” харида буданд.
XS
SM
MD
LG