Ба ин далел қатъ ва ё коҳиши ин раванд пояҳои бақои ин давлатҳоро, ки гирифтор ва вобаста ба пулҳои муҳоҷирин шудаанд, ба ларза андохта суботи иҷтимоӣ ва гузашта аз ин сиёсиро ба ҳам мезанад. Аз ин ҷост, ки ҳоло муҳоҷират ба ҳайси як раванди иҷтимоӣ танҳо масъала ва мушкили иқтисодӣ нест, балки сиёсӣ низ шудааст.
Давлатҳое назири Русия, ки лашкари якуниммиллионаи муҳоҷирони кории тоҷикро имкони нисбии кору зиндагӣ додааст, на як бору ду бор аз сарнавишти ин мардум, гоҳо расмӣ ва гоҳо ба таври ғайрирасмӣ ба унвони абзори фишор болои давлати Тоҷикистон истифода кардааст. Намунаи рӯшани чунин фишори Русия дар пайи маҳкумияти ду халабони ин кишвар дар Тоҷикистон даст задан ба депорти оммавии муҳоҷирони тоҷик аз ин кишвар буд, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон ташвишҳои ҷиддиро ба бор овард.
Аз сӯи дигар дар чунин мавридҳо гирифтани тасмими ихроҷи оммавии муҳоҷирон ба баҳонаи «аносири харобкунандаҳои назму қонуният» аз сӯи давлат муносибати мардуми бумиро бо муҳоҷирон манфӣ месозад. Вале аз масъалаи муҳоҷират ва омехтани онҳо дар сиёсат на танҳо дар равобити байни ду кишвар, ҳамчунин дар маъракаи сиёсии дохилӣ низ дар ин авохир фаровон истифода мешавад. Ҳам дар интихоботи ахири парлумонӣ ва ҳам раёсати ҷумҳурии Русия муҳоҷирин ва шароити баъдии ҳузури онҳо дар қаламрави ин кишвар, борҳо мавзӯи баҳси аҳзоб ва номзадҳои алоҳида шуда буд.
Аммо Сулаймон Шоҳзода, намояндаи созмони иҷтимоии «Муҳоҷират ва ҳуқуқ», ки дар бораи равандҳои муҳоҷирати тоҷикон таҳқиқот анҷом медиҳад, мегӯяд, истифодаи масъалаи муҳоҷирин дар маъракаҳои сиёсӣ ва бахусус интихоботҳо аз сӯи як даста аз сиёсатмадорон, ба хотири ҷалби таваҷҷӯҳи райдиҳанда аст. Зеро ҷомеаи кишварҳои пазирандаи муҳоҷират ба мисли Амрико, Фаронса, Олмон ва Русия ҳамеша бо ин қишри омадаи иҷтимоӣ мушкил доранд: «Бояд бигӯям, ки на танҳо дар Русия, дар Амрико, дар Фаронса ва дар Олмон ҳам дар марҳалаҳои сиёсие, чун интихобот масъалаи муҳоҷирин рӯ мезанад. Аммо дар ин кишварҳо ин масъалаҳо ба таври мусбат роҳи ҳал пайдо кардаанд. Аммо дар мо ва Русия, мутаассифона, давлат дар маҳалҳо ин масъаларо ҳал накардааст, ки дар навбати худ як навъ бадбинии қавмиро миёни аҳолии бумӣ ва муҳоҷирин ба вуҷуд меоварад.»
Аммо ба унвони абзор ва фишанги фишори сиёсӣ истифода шудани масъалаи муҳоҷират аз сӯи кишвари қабулкунанда барои мисол Русия, бахусус дар ҳолатҳои ғайримаъмулӣ барои мисол, бӯҳрони молиявӣ боз ҳам шиддати бештар касб мекунад.
Саодат Олимова, таҳлилгари тоҷик мегӯяд дар пайи бӯҳрони молиявии ахири ҷаҳонӣ, Русия «квота» -и вуруди муҳоҷиринро расман коҳиш дод. Аммо ба таври ғайриошкор аз корфармоён хост танҳо муҳоҷиронеро ба кор ҷалб созанд, ки табааияти Русияро дошта бошанд:
«Русия квотаи муҳоҷиринро кам кард. Вале ба таври ғайрирасмӣ ба корфармоён дастур дод, ки танҳо муҳоҷиронеро истихдом кунанд, ки шаҳрвандии Русияро дошта бошанд. Ин кор аввал дар умури тиҷорату савдо роҳандозӣ шуд ва сипас дар дигар арсаҳо. Яъне шаҳрванди Тоҷикистон барои онки соҳиби кор бишавад, ногузир бояд табааияти ин кишварро қабул кунад.»
Давлати Тоҷикистон ба хотири ташкили шароити хуби корӣ ва ҳимояти ҳуқуқи муҳоҷирон як ниҳодеро бо номи Хадамоти муҳоҷират ташкил кард. Ин ниҳод, ки сиёсати давлатро дар робита ба муҳоҷират таҳия ва иҷро мекунад, ба гуфтаи коршиносон ҳанӯз натавонистааст мушкилоти муҳоҷирон, аз ҷумла вобастагиҳои сиёсиии онҳоро аз давлати пазиранда коҳиш бидиҳад.
Сударшан Канагарадҷа, иқтисоддони пешбари минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Бонки ҷаҳонӣ, ки дар як ҳамоиши вобаста ба масоили муҳоҷират дар шаҳри Душанбе суханронӣ мекард, гуфт, Тоҷикистон ягона кишвари содиркунандаи нерӯи корӣ нест, ки дучори чунин мушкилиҳо шуда аст. Аммо афзуд ӯ, наметавонад фаъолияти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистонро муваффақ биҳисобад.
Зимнан масъалаи муҳоҷирати кории атбои тоҷик ба Русия фақат дар рӯи равобити ин ду давлат таъсир нагузоштааст. Муҳоҷирон ва мушкилоти онҳо дар сиёсати дохилии худи Тоҷикистон низ ҳоло аз ҳарвақта дида бештар таваҷҷӯҳи аҳзоб ва сиёсатмадоронро ба худ кашидааст. Ахиран Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ҳизби ҳоким бар ин кишвар эълом дошт, ки гурӯҳҳои махсуси мубаллиғонашро ҷиҳати дастгирии ин ҳизб дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ ба шаҳрҳои Русия эъзом хоҳад кард. Кореро, ки аҳзоби дигар аз ҷумла ҲНИТ ва ҲУСДТ дар интихоботи парлумонии соли 2010 анҷом дода буданд.