Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФИФА дар Тоҷикистон майдонҳои сунъии футбол месозад


Дар акс: Девид Борхе (чап) ва Валерий Чухрий (рост)
Дар акс: Девид Борхе (чап) ва Валерий Чухрий (рост)

ФИФА (Федеросиюни байналмилалии футбол) дар шаҳри Душанбе ва дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор майдонҳои сунъии футбол бунёд хоҳад кард.

Ин нукта дар гузориши Девид Борхе, намояндаи ФИФА, дар як нишасти матбуотие, ки дар Федеросиюни футболи Тоҷикистон барпо гардид, таъкид шуд.

Ӯ гуфт, бар асоси барномаи «ГОЛ-2» дар Тоҷикистон ду майдони сунъӣ, яке дар ҳудуди Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии пойтахти кишвар (ҳаҷмаш 105х68 метр) ва дувумӣ дар дараи Алмосӣ барои Академияи футболи бачагонаи бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и Душанбе (ҳаҷмаш 75х45 метр) бунёд меёбад. Сохтмони майдонҳоро ширкати ҳолландии «Грин Филд» то моҳи октябри соли равон ба итмом хоҳад расонд.

Ба гуфтаи Фаридун Солиев, сухангӯи Федеросиюни футболи Тоҷикистон, аз рӯи ин барнома ФФТ ҳар сол барои рушди футбол аз ФИФА 250 000 доллар қӯмак мегирад ва дар доираи ин кӯмак, инчунин, бунёди майдонҳои футбол ҳам ба нақша гирифта мешавад.

Валерий Чухрий, мушовири Созмони ҷаҳонии футбол дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хабарнигорон иброз дошт, ки ФИФА дар шаҳри Норак гузаронидани мусобиқаи байналмилалии бачаҳои синнашон то 11-соларо бо номи “Парасту” (“Ласточка”) бо ширкати дастаҳои мунтахаби наврасони кишварҳои минтақа аз 28-уми июл то 5-уми августи соли равон ба нақша гирифтааст.
XS
SM
MD
LG