Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи президенти ФИФА ба Рустам Эмомалӣ


Дар акс: Рустам Эмомалӣ, раҳбари Федератсиюни футболи Тоҷикистон бо президенти ФИФА Ҷозеф Блаттер дар Санкт-Петербург
Дар акс: Рустам Эмомалӣ, раҳбари Федератсиюни футболи Тоҷикистон бо президенти ФИФА Ҷозеф Блаттер дар Санкт-Петербург

Ҷозеф Блаттер, президенти ФИФА (Федератсиюни байнулмилалии футбол) бо роҳбарони Федератсиюни футболи Тоҷикистон мулоқот кард.

Ин мулоқот дар доираи Ҷоми Иттиҳод-2012 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия доир шуд.

Раҳбари Созмони ҷаҳонии футбол Рустам Эмомалиро ба муносибати ба вазифаи раиси Федератсиюни футболи Тоҷикистон интихоб шуданаш табрик кард.

Дар ҷараёни ин мулоқот роҳбарони ФИФА ва ФФТ як қатор масъалаҳоеро, ки ҳарду ҷониб завқманданд, баррасӣ намуданд.

Рустам Эмомалӣ роҳи пешгирифтаи ФИФА-ро бо сарварии ҷаноби Блаттер, ки ба рушди минбаъдаи футбол дар тамоми ҷаҳон равона шудааст, ҷонибдорӣ кард.

Ҷаноби Блаттер ваъда дод, ки ба Федератсиюни футболи Тоҷикистон ҳамаҷониба кӯмак мекунад ва бар асоси барномаи “Гол-2” баҳори имсол сохтмони майдони сунъӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе оғоз меёбад.

Дар ин мулоқот, инчунин, Тйерри Реженасс, мудири ФИФА оид ба созмонҳои миллӣ, Ева Паскйе, менеҷери калон оид ба рушд, Валерий Турсунов, ноиби аввали президенти ФФТ ва Фирдавс Файзуллоев, дабири кулли ФФТ ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG