Соли гузашта аз тарзи доварии бозиҳои сабқати қаҳрамонии футболи Тоҷикистон шикоят зиёд буд ва бисёри мухлисон рӯирост мегуфтанд, ки “мафиябозӣ” дар футболи тоҷик дар авҷ аст ва доварон натиҷаи бозиҳоро ба фоидаи тимҳои “соҳибдор” ҳалл мекунанд.
“Тақдири бозӣ дар майдон ҳалл шавад!”
Ахиран раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ доваронро ба ҳузур хонда, аз онҳо хост, то бозиҳои имсоларо одилона доварӣ кунанд. Рустами Эмомалӣ доваронро аз масъулияте ҳушдор дод, ки ба дӯши онҳо гузоштаанд. Фаридун Солиев, сухангӯи Федеросиюни футбол мегӯяд: “Рустами Эмомалӣ ёдрас кард, ки мавсими имсола мавсими оддӣ нест ва тимҳои зиёде пеши худ вазифаи баланд гузоштаанд. Ӯ гуфт, тақдири бозиҳо бояд дар майдон ҳалл шавад, на берун аз он. Ва тимҳои дар воқеъ сазовор соҳиби медалҳои чемпионат шаванд.”
Нақши довар дар чигуна гузаштани бозӣ ва ҳам дар натиҷаи рақобат хеле муҳим аст ва бозиҳо маъмулан тавассути дахолати доварон “ҳаллувал” мешаванд. Гулмурод, як футболбози ҷавони лигаи аввали футбол мегӯяд, ғиромбозии доварон дар Тоҷикистон як падидаи саросарист, вале дар лигаҳои поёнӣ боз ҳам бештар дида мешавад:
“Мо дар лигаи аввал бозӣ мекунем, ғиромии доварон дар инҷо зиёд аст. Расво мекунанд аксари бозиҳоро. Бозиҳоро мехаранд. Дар лигаи олӣ ҳам. Ёдам ҳаст, ду сол пеш “Хайр” ба “Истиқлол” гол зад, вале тӯб аз тӯри даридаи дарвоза баромада рафт. Довар ҳам голро ҳисоб накард. Ёбу гир! Рақибони усулӣ “Истиқлол” асту “Равшан”-и Кӯлоб ва “Регар-ТадАз”, ки номусакӣ бо ҳам мезананд. Аксари бозиҳоро ҳаминҳо мебаранд ва аксари ғироми доварон, ки хато мекунанд ё қасдан мекунанд, дар бозиҳо бо ҳамин 3 тим аст.”
“Равшан”-ро чап гирифтаанд ё “Регар”-ро?
Ҷамшед, мухлиси “Равшан”-и Кӯлоб мегӯяд, ғиромбозии доварон мухлисонро сахт рӯҳафтода мекунад, чунки беадолатӣ дар пеши чашми ҳазорон тамошобин сурат мегирад. Ба ақидаи ӯ, як сабаби беназмиҳои як соли пеш дар пайи бозии “Равшан” бо “Истиқлол”, ки ба писари президент Рустами Эмомалӣ тааллуқ дорад, маҳз беадолатии довар буд: “Доваронро пеш аз бозӣ ҳатто мехаранд. Ин як кори рӯшод шудааст. Ҷанги баъди бозии “Истиқлол”, ки дар Кӯлоб гузашт, асосан барои доварон буд, ки пушти “Истиқлол”-ро бисёр гирифтанд. Баъд бозиҳои “Регар” ҳам чунин аст. Агар “Истиқлол” бо фишор натиҷаи дилхоҳ ба даст биорад, “Регар” мехарад бозиҳоро.”
Аммо Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии “Регар-ТадАЗ” мегӯяд, тими ӯ низ заҷри чунин ғиромбозиҳоро зиёд кашидааст, ки як намунааш, ба гуфтаи ӯ, бохти рӯзи 4 апрели “Регар” дар рақобат бо “Истиқлол” барои Шоҳҷоми футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат натиҷаи қатъи бошитоби бозӣ аз сӯи довар буд: “Шикоят бисёр буд. Баъди Суперкубок ман ҳам шикоят доштам, чунки 6 бозигар иваз шуд, духтурҳо чанд бор ба майдон даромаданд ки ёрии тиббӣ расонанд, вале довар ба ин бозӣ ҳамагӣ 1 дақиқа илова кард. Бозиҳои тимҳои дигар низ ҳамин хел мешуд, вале ин чизҳоро намегуфтанд. Сабабашин аст, ки вақте дастааш заифтар аст, мехоҳӣ бо роҳҳои дигар соҳиби ғалаба шавӣ ва барои ин ба доварҳо пул ҳам медоданд. Мо ки пул намедодем, моро чап мегирифтанд. Соли гузаштаву солҳои дигар ҳамин корҳо буд.”
536 сомонӣ - барои ҳар бозӣ
Сармураббии “Регар-ТадАЗ” аммо умедвор аст, ки поккории суфуфи доварон, ки Федеросиюни футболи Тоҷикистон имсол шурӯъ кардааст, натиҷаи мусбат медиҳад ва сифати доварӣ дар мавсими имсола дигар ҷое барои эътирозу норизоият боқӣ нахоҳад гузошт. Маҳз шикоёти зиёди тимҳо ва мухлисон аз ғиромбозиҳо дар чемпионати порсола боис шуд, ки Федеросиюни футбол аксари афроди ғайриҳирфаии дар давраи раёсати генерал Сӯҳроб Қосимов ба сафи доварону нозирон роҳёфтаро ихроҷ кунад. Ҳамин тавр, Федеросиюни футбол ба хотири ҷилавгирӣ аз фасод, “харидан”-и довар аз сӯи тимҳои манфиатдор ва бозиҳои “маслиҳатӣ”, ҳаққи доварии ҳар бозиро аз 300 сомонӣ то 536 сомонӣ боло бурд.
Раҳмон Муртазоев, ки 21 сол собиқаи доварӣ дошта, соли гузашта беҳтарин довари Тоҷикистон ҳам эътироф шуд, мегӯяд, барои довароне ки ғиромбозӣ мекунанд, муҷозоти шадид низ ҷорӣ шудааст: “Агар довар баҳои паст бигирад, аз ҳаққи доварӣ маҳрум мешавад. Ё барои 5 бозӣ, ё то охири давраи аввал, ё то поёни мавсим. Ин ҷазоҳо дар ду мавсими охир иҷро намешуд. Вале имсол мо ҳаракат дорем, ки доварон барои хатое ки мекунанд, ҷазо бинанд.”
“Бадарға” шудани “Ювентус” ва додгоҳи Йилдирим
Албатта, баъид аст, ки фасод дар футболи тоҷик, ки ҳанӯз аз замони ҳукми боевикҳо дар футбол реша мегирад, танҳо бо чанд қарор ё даъвати Рустами Эмомалӣ аз доварон аз байн биравад. Коршиносони ришта мегӯянд, ин як роҳи тӯлонист, ки бояд ба ҳар сурат тай шавад.
“Ғиромбозӣ” дар футбол хоси танҳо футболи Тоҷикистон ҳам нест. Рӯзи 4 апрел ҳангоми бозии “Пахтакор”-и Тошканд бо як тими арабӣ мухлисони “Пахтакор” шиореро бо талаби истеъфои Самвел Бабаян – ноиби президенти ин тим баланд карданд. Онҳо Бабаянро ба харидани доварон ва “мафиябозӣ” дар футбол айбдор мекарданд, ки ҷаззобияти бозиро барои мухлисон аз байн бурдааст.
Дар Аврупо футболи Итолиё бештар бо чунин “мафиябозӣ”-ҳо маъруф аст ва чанд сол пеш тими маъруфи “Ювентус”-ро барои бозиҳои “маслиҳатӣ” ҳатто ба лигаи якум ронданд. Соли гузашта дар Туркия барои бозиҳои маслиҳатӣ 31 нафар, бо шумули президенти қаҳрамони футболи кишвар - тими “Фенербоғча” Азиз Йилдирим боздошт шуданд ва феълан мурофиаи онҳо идома дорад. Раиси Иттиҳодияи футболи Осиё Муҳаммад Бин Ҳаммом дар соли 2011 рақиби аслии Зепп Блатер ба симати президенти ФИФА маҳсуб мешуд, вале ба далели харидани раъйи чанд кишвари узв маҷбур шуд, истеъфо диҳад.