Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси "форсӣ" ва "тоҷикӣ" дар "Бухорои шариф"


Маҷмӯае аз рӯзномаи "Бухорои шариф"
Маҷмӯае аз рӯзномаи "Бухорои шариф"

Аммо дар воқеият форсӣ, тоҷикӣ ва дарӣ на се забон, балки як забони воҳид бо се лаҳҷа аст.

Наҷми Ковиёнӣ, Амстердам

Рӯзномаи "Бухорои шариф" дар 11-уми марти соли 1912-ум дар Бухоро ба мудирияти Ҷалоли Юсуфзода (1840-1931) ба нашр оғоз кард ва пас аз интишори 153 шумора дар 2-юми январи 1913-ум бо тақозои намояндагии сиёсии Русия дар Бухоро ва тавофуқи амири Бухоро -- Олимхон (1880-1944) таътил шуд.

Нигоранда ба муносибати 100-солагии "Бухорои шариф" дар асоси маҷмӯае аз рӯзнома, ки дар Пажӯҳишгоҳи таърихи байнулмилалии иҷтимоӣ дар Амстердам нигаҳдорӣ мешавад, ба масъалаи забони форсӣ дар он замон пардохтааст.

Масъалаи посдорӣ аз забони форсӣ ва ислоҳи он дар саҳифаҳои "Бухорои шариф" ҷойгоҳе боаҳамият дошт. Рӯзнома аз ҳамон оғоз навишт, ки забони миллӣ, исломӣ ва расмии Бухоро форсист: "Амороти Бухоро дорои се миллион нуфус (ҷамъият) аст. То акнун аҳолии Туркистон ва Мовароуннаҳр як рӯзнома ба забони миллӣ ва исломии худ надоштанд. Ҳоло "Бухорои шариф" ба забони расмии Бухоро, ки форсӣ аст, таъсис шуда, барои 9-10 миллион нуфуси исломияи Туркистон ва Мовароуннаҳр ҳамин як рӯзнома аст.”

Дар он давра забони форсӣ аз як сӯ тавассути забони русӣ ва аз сӯи дигар тавассути забони ҷиғатоӣ (чағатоӣ) зери фишор буд ва хатари канор задан онро таҳдид мекард. Аз лобалои саҳифаҳои рӯзнома дида мешавад, ки сад сол пеш дар ҳавзаи забони форсӣ дар Фарорӯд масъалаи гӯйиш ва лаҳҷаҳо, масъалаи забони гуфтору навиштор, масъалаи забони меъёр ва "сара" навиштан матраҳ буд.

Рӯзнома зери унвони “Муҷмале дар хусуси забон” дар шумораҳои 3, 7, 8, 11, 13, 41 ва 62 ба баҳси васеъ дар ин замина пардохтааст. Дар ин ҷо бахшҳое аз матолиби шумораи саввуми рӯзномаро нақл мекунам: “Ҳанӯз шумораи "Бухорои шариф"-ро нашр надода будем, ки баъзе аз оқоён ҳозир шуда дар матбаа ва ба мақолаҳо нигоҳ накарда ва фармуданд: ин ҷо забони умумӣ забони тоҷикӣ аст, рӯзнома ҳам ба забони тоҷикӣ бошад, беҳтар аст. Мо дар хусуси забон шояд як вақте маълумоти муфассал бидиҳем. Ҳоло арз мекунем: аввалан, уламо ва файласуфони рӯи замин дар ин хусус мекӯшанд ва саъй менамоянд, то як забони умумӣ имтиёз ва ихтиёр намуда, ба ҳама мардуми рӯи замин таълим намоянд. Сониян, мо бояд саъй намуда аз барои ҳамзабонӣ мизоне бардорем, ки аҳли он забон ва онҳое, ки ба он забон мансуб ҳастанд, забони миллии ҳамдигарро бифаҳманд. Риштаи қавмият бо ҳам гусехта шуда, яке бо исми дигар, исми порсӣ, дигаре ба номи тоҷикӣ аз ҳам ҷудо шуданд. Тараққии ҳар қавм марбут ба ин аст, ки ҳарф задан ва сухан гуфтани худашонро тобеи навиштан ва китобат намоянд, на ин ки навиштаҳои худро тобеи ҳарф задани авом-ун-нос намоянд. Умедворем, ки ба қадри имкон рӯзномаи мо форсии сода бошад. Аз оқоён хоҳиш дорем дар хусуси забон ва шеваи назароти мо ҳарчӣ салоҳ медонанд, изҳор бифармоянд, бо итминон ва ташаккур қабул мекунем.”

Ба ин тартиб, рӯзнома боби гуфтугӯро дар заминаи забон оғоз кард ва дар ин росто се номаи дарёфтшударо дар шумораҳои 7, 8 ва 9 айнан, бидуни ислоҳ ва тағйир нашр кард ва дар оғози навишта тазаккур дод, ки “аз мусодама (бархӯрд)-и афкор, бориқаи ҳақиқат зоҳир мешавад. Албатта, мусодамаи афкор лозим аст, вале ба шарти собит мондан дар маркази адаб ва ҳусни мунозара."

Наҷми Ковиёнӣ, коршиноси Пажӯҳишгоҳи улуми иҷтимоӣ дар Амстердам (Ҳолланд)
Наҷми Ковиёнӣ, коршиноси Пажӯҳишгоҳи улуми иҷтимоӣ дар Амстердам (Ҳолланд)
Номаҳои аввал ва севум дар пуштибонӣ аз андешаҳои матруҳа дар рӯзнома буд: “Алҳақ асли матлабро баён фармудаед. Воқеан дар ҳар миллате ислоҳи забонашро кардан фариза аст ва умуми миллат феълан дар ислоҳи забони худ кӯшидаанд, вале ҳанӯз баъзе хонандагон мултафити ин маънӣ нагардида ва гумон доранд, ки забони аслии мардуми Бухоро ҳамин забони ҳоли такаллуммегардидагии мо мебошад." Аммо номаи дуввум ба забони рӯзнома интиқод дошта ва навиштааст, "ин шевае, ки дар мақолоти ахбори "Бухорои шариф" навишта мешавад, шева ва лаҳҷаи Эрони ҳозира аст, ки аз сар то по мағруқи алфозе ва арабиҳои асир-ул-фаҳм (мушкилфаҳм) ва аз се қисмати он яке форсӣ аст."

Ҷалоли Юсуфзода, сардабири рӯзнома тайи мақолаи муфассал аз шумораи 11 то 15 баҳсро идома дода, аз мавзеъи рӯзнома дар ин замина дифоъ карда ва ба радди интиқодҳои номаи дуввум пардохтааст. Ӯ дар оғози навишта ёдовар шуда, ки "банда эронӣ нестам." Вай вожаҳои арабиро дар номаи марбута баршумурда ва таъкид карда, ки "холис навиштан дар ин айём агар мумкин бошад, хеле душвор аст. Адибе мисли Фирдавсӣ тамоми сӣ сол заҳмат кашида "Шоҳнома"-ро навишт бо иддаои инки забони форсӣ холис аст. Боз мебинӣ, ки ин ҷо ва он ҷо як ё ду арабӣ навишта шудааст. Пас, дар ин қарни ахир чӣ гуна холис метавон навишт."

Рӯзнома ҷонибдори "сара"-нависӣ нест ва берун кардани ҳама вожаҳои арабиро номумкин медонад. Албатта, ҳузури вожаҳои арабӣ дар матни форсӣ ҳанӯз ҳам яке аз масъалаҳои ҷанҷолист. Дар ҳар ҳол, забони форсӣ як падидаи зинда ва пӯёст ва дар додуситад миёни забонҳо ночор аст, ки вожаҳоеро аз забонҳои дигар вом бигирад.

Омӯзиши дастури забони форсӣ ҷойгоҳи боаҳамияте дар саҳифаҳои рӯзнома дошт. Рӯзнома аз шумораи 53 сутунеро зери унвони "Қавоиди форсия", ки манзур ҳамон дастури забони форсист, боз кард ва дар оғози баҳс навишт: “Дер вақте мо дар хаёл доштем, ки қоидаҳои забони форсиро хӯрда-хӯрда дар рӯзномаи "Бухорои шариф" интишор бидиҳем, то хонандагон ва нависандагонро иттилоъ ҳосил ояд." Рӯзнома дар бист шумора ба ташреҳи забони форсӣ, ба наҳви мухтасар ва бо истифода аз манобеи мӯътабар ба шеваи омӯзишии ҳамроҳ бо таъриф ва ироаи мисолҳо пардохтааст.

Дар шумораи 26-уми рӯзнома мақолае зери унвони "Забони эронӣ ва ё орин" ба қалами Мунира нашр шуда, ки бар пажӯҳишҳои доктор Апикал, ховаршиноси шинохташудаи олмонӣ устувор аст ва шаҷараи забони эронӣ ва ё оринро низ чоп карда, ки мусалламан қобили баҳс мебошад. Мунира навишт: "Забони форсӣ роиҷтарин ва ҳамагонитарин забон ва ҳалқаи тафоҳум ва васли байни ақвом ва қабоили мухталиф дар хиттаи мо ҷо уфтода. Аз қарни шонздаҳуми милодӣ ба ин сӯ форсизабонҳо умдатан дар кишварҳои муҷаззо (ҷудогона), ки бо ҳам чандон иртибот надоштанд, тақсим шуданд. Ин амр боиси эҷоди гӯишҳои мухталиф дар як забони воҳид шуд. Ба наҳве, ки аз лафзи тоҷикӣ ба маънои забони тоҷикӣ нахустин бор дар "Сафарнома"-и Мир Иззатуллоҳи Ҳиндӣ дар соли 1813 истифода шудааст."

Аммо дар воқеият форсӣ, тоҷикӣ ва дарӣ на се забон, балки як забони воҳид бо се лаҳҷа аст. Тафовути онҳо дар дар ҳар се кишвар бо ҳамдигар аз нуқтаи назари решаӣ ва маншаъ нест. Аз тарҳи масоил дар ҳавзаи забони форсӣ дар рӯи саҳфаҳои рӯзномаи "Бухорои шариф" сад сол мегузарад, шигифто, ҳанӯз баъзе аз он масоил матраҳ аст.
XS
SM
MD
LG