Радиои Озодӣ: Чаро маҳз рӯзи 11-уми март ба унвони Рӯзи матбуоти миллии тоҷик интихоб шудааст?
Пайванди Гулмуродзода: “Дар охирин анҷумани Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон дар даврони Шӯравӣ, ки Отахон Латифӣ истеъфо дода ба ҷояш нафари дигар интихоб мешуд, оид ба таъйини Рӯзи матбуоти миллии Тоҷикистон сӯҳбатҳо доир шуд. Чун мо ба муносибати рӯзи нашри рӯзномаи “Правда”-и Ҳизби коммунисти Шӯравӣ 5-уми майро ҳамчун Иди матбуот таҷлил мекардем, аз тарафи ман пешниҳод шуд, ки чун нахустин рӯзнома бо забони тоҷикӣ, яъне “Бухорои Шариф” дар рӯзи 11-уми март чоп шудааст, мо метавонем ин санаро ба унвони рӯзи таъсисёбӣ ва ҳамин тавр Иди матбуоти тоҷик ҷашн бигирем. Як қарори махсусе ҳам қабул шуд. Вале бинобар ҳаводиси маълум дар Тоҷикистон ҳалли ин масъала ба таъхир афтод. Соли 1994 дубора ин масъала ба миён омад: рӯзи матбуоти тоҷик бояд кай таҷлил шавад? Атрофи ин масъала ду ақида пайдо шуд. Як гурӯҳ ба шарафи нашри “Бухорои шариф” тарафдори рӯзи 11-уми март ва гурӯҳи дуввум бо роҳбарии шодравон Мазҳабшо Муҳаббатшоев тарафдори 15-уми март, яъне рӯзи нашри “Иди тоҷик”, ки баъдан бо номи “Бедории тоҷик” ва ҳоло бо номи “Ҷумҳурият” чоп мешавад, шуданд. Баъдан дар як номае аз тарафи вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба Шӯрои олӣ, он вақт Бобохон Маҳмадов вазир ва Олимҷон Салимзода муовини вазири фарҳанг буданд, низ пешниҳод шуд, ки рӯзи 11-уми март Рӯзи матбуоти тоҷик эълон шавад. Шӯрои олӣ низ 11-уми мартро чун Рӯзи матбуоти тоҷик пазируфт.”
Радиои Озодӣ: “Бухорои Шариф”, ки ба ифтихор ва шарафи нашри он Рӯзи матбуотчиён таҷлил мешавад, чӣ мӯҳтавое дошт ва рӯи кадом масоил ва мавзӯъҳо таваҷҷӯҳ мекард?
Пайванди Гулмуродзода: “Ду нафар сармуҳаррири ин рӯзнома таъйин шуда буданд. Яке Мирбадалов, корманди сафорати Русия ва дигаре Мирзоҷалол Юсуфзода, ки ӯро аз Озарбойҷон даъват карда буданд. Юсуфзода дар Озарбойҷон дар як маҷаллаи бисёр маъруфе бо номи “Мулло Насриддин” кор мекард, ки он дар чопхонаи Тифлис (Гурҷистон) чоп мешуд. Мирзоҷалол Юсуфзода дар шумораи аввал эълон кард, мақолаҳоеро, ки муносиб ба тараққихоҳон набошад, чоп нахоҳанд шуд. Бо ин ғоя рӯзномаи “Бухорои Шариф” як навъ ба ношири афкори тараққихоҳону маорифпарварон ва равшанфикрони Бухоро табдил шуда буд. Мавзӯъ ва масъалаҳои ин рӯзнома ҳам бештар дар бораи ислоҳот, тарғиби илмомӯзӣ ва ҷалби мардум ба мактаб ва ифтитоҳи мактабҳои нави замонавӣ баҳс мекард. Ҳатто ӯ дар як навиштааш таъкид мекард, ки бояд як ҷамъияти нашри маориф таъсис дода шавад ва ӯ омода аст, оинномаашро таҳия кунад ва дар асоси он фаъолияти ин ҷамъият идома ёбад.”
Радиои Озодӣ: Рӯзнома чӣ тавр ба дасти хонанда мерасид, яъне чӣ гуна онро паҳн мекарданд?
Пайванди Гулмуродзода: “Дар шумораи сеюми рӯзнома аз он изҳори нигаронӣ карда мешавад, ки фурӯшандаҳо нисбат ба он нархе, ки идораи рӯзнома таъйин кардааст, хеле гарон мефурӯшанд. Нархи рӯзнома се тин аст ва аз ҳамаи паҳнкунандагони рӯзнома хоҳиш карда мешавад, ки аз ин зиёд нафурӯшанд. Дар он шумора боз як тавзеҳ ҳам дода шудааст, ки дар Бухоро як дӯкони рӯзномафурӯшӣ таъсис доданӣ ҳастем ва то таъсиси ин дӯкон муштариёни мо метавонанд нашрияро аз Саидмуродхӯҷа дар Бухоро дастрас кунанд. Яъне нашрия тавассути одамҳои ҷудогона паҳн мешуд. Левин - соҳиби матбаа ва ношири он чун дид, ки рӯзнома чандон фоидае намеорад, аз чопи рӯзнома даст кашид. Бо ташаббуси равшанфикрону маорифпарварон, аз ҷумла Мирзо Муҳиддину Мирзо Сироҷ илоҷи ин мушкилӣ ёфт шуд. Онҳо ширкатеро бо номи “Бухорои шариф” таъсис доданд, ки он ширкат ҳама хароҷоти рӯзномаро ба зимма гирифт. Бино ба гуфтаи устод Айнӣ, шумори рӯзномахонҳо аз ҳисоби мударрисону толибилмони мадрасаҳо хеле афзуда буд. Ин гувоҳи он аст, ки нашрия дар байни хонандагон як маҳбубияте пайдо карда буд.”
Радиои Озодӣ: Шумораҳои охири рӯзнома то ба чӣ миқдор расида буд?
Пайванди Гулмуродзода: “Ба тахмини ман беш аз се ҳазор, чунки рӯзнома на танҳо дар Бухоро, балки дар Самарқанду Афғонистону Эрону Қафқоз ҳам хонандаҳо дошт ва ба он ҷойҳо ҳам фиристода мешуд. Ягон нусхаи он дар Тоҷикистон нест ва ҳеҷ маълумоти дақиқе ҳам боқӣ намондааст, ки мо инро муайян кунем. Устод Айнӣ мегӯянд, сабаби дигари баста шудани нашрияи “Бухорои Шариф” он буд, ки ба сафорати Русия хизмат накард. Сафорати Русия чун дид, ки чунин як нашрияи озодихоҳ мардумро ба ҳаракати милливу озодихоҳӣ мебарад, дигар аз он даст кашид.”
Радиои Озодӣ: Фикр мекунед, байни нашрияҳои то инқилоби болшевикӣ, баъди он ва имрӯз, албатта, манзурам нашрияҳои тоҷикӣ, иртиботу алоқа вуҷуд дорад ва ё ин ки ҳар кадоме бар сари худ ва бо таърихи худу таҷрибаи худ амал кардаанд?
Пайванди Гулмуродзода: “Аз рӯзномаи “Бухорои Шариф” то ба рӯзномаи охирине, ки имрӯз дар Тоҷикистон чоп мешавад, гумон мекунам, як хатти пайванд ва як силсилае вуҷуд дорад. Яке дигареро пурра кардааст. Як занҷираи бисёр аҷибе аст. Аз такопӯву талошҳои оғознамудаи маорифпарварону таҷаддудхоҳони мо то ба имрӯз ҳаёту зиндагии мардуми мо дар саҳифаҳои матбуот таври гуногун инъикос ёфтааст. Барои мисол, инъикоси масъалаи муҳим, мавзӯи рӯз дар солҳои 20-ум хеле хуб ба назар мерасад, агарчӣ он вақт рӯзномаву маҷалла кам доштем. Дар он солҳо аввалин ҳафтаномаи мо “Шӯълаи Инқилоб” ва баъд рӯзномаи оммавии мо “Овози тоҷик” дар шаҳри Самарқанд чоп шуданд. Дар Душанбе “Иди тоҷик” чоп шуд, ки он баъд номи “Бедории точик”-ро гирифт. Як маҷаллае бо номи “Дониш ва омӯзгор” ҳамагӣ чор шумора дар се ҷилд чоп шудааст. Дар охири солҳои 20-ум як таҳаввулоте дар рӯзноманигории мо ба вуҷуд омад. Мо соҳиби рӯзнома барои ҷавонон ва дар солҳои сиюм соҳиби рӯзнома барои кӯдакон ва наврасон шудем. Соли 1930 радио ҳам ба кор даромад ва дар ин айём фаъолияти рӯзноманигории мо хеле тақвият ёфт. Воқеаҳои муҳими замона дар саҳифаҳои матбуот инъикос меёфтанд, аммо бадбахтона идеологияи ҳукмрон кори худро кард. Пештар маорифпарварони мо мегуфтанд, ки ҳар халқе рӯзнома дорад, забони гӯё дораду чашми бинову гӯши шунаво, аммо ин вазифа бо таъбири Ленин дигар шуд ва минбаъд рӯзнома ҳам агитатор, ҳам пропагандист ва ҳам ташкилотчии давлатӣ ҳисоб мешуд. Яъне матбуот ранги дигар ба худ гирифт.”
Радиои Озодӣ: Дар бораи нақш ва ҷойгоҳи Бӯринисо Бердиева дар расонаҳо матолиб ба нашр расидааст ва дар оянда ҳам ба нашр мерасад. Чун воқеан як шахсияти номвар ва соҳибиродаву нотакроре буд ва мешавад гуфт дар саргаҳи як инқилоби худшиносӣ меистод. Вале ин ҷо мехоҳам ба унвони муҳаққиқи матбуот аз он мегуфтед, ки тоҷикон чӣ тавр ба матбуоти ба истилоҳ “умумииттифоқӣ” роҳ ёфтанд?
Пайванди Гулмуродзода: “Саломат бошед, чун ин масъалаи дар ҳақиқат бисёр муҳим аст. Аз як тараф расонаҳои ҷумҳурӣ барои худшиносии миллии мо мисли нашрияи Бӯринисо Бердиева ифои вазифа карда бошанд, аз тарафи дигар дар солҳои 60-ум рӯзноманигорони мо аз сатҳи чумҳурӣ ба умумииттифоқ баромаданд. Аз ҷумла, Нур Табаров дар солҳои 60-70 дар рӯзномаҳои марказӣ дар “Комсомолская правда” ифои вазифа намуд. Ғоиб Қаландаров дар рӯзномаи “Правда” кор карданд. Баъдтар ин вазифаро устод Отахон Латифӣ ба зимма гирифтанд. Дар телевизиони марказӣ Очилов ва дар радиои марказӣ Мансурхоҷаев кор кардаанд. Аммо дар ин самт нақши Отахон Латифӣ хеле бузург аст.”
Радиои Озодӣ: Оё дуруст аст, ки аз устод Латифӣ роҳбарони замон ҳарос доштанд ва маҳз ҷасорат ва ҳунари ӯ будааст, ки обрӯи рӯзноманигор ҳам дар назди ҷомеа ва ҳам дар назди роҳбарият боло биравад?
Пайванди Гулмуродзода: “Бале, ман гумон мекунам хидмати Латифӣ ҳам дар он аст, ки сатҳи рӯзноманигориро ба дараҷаи хеле баланд баровард. Латифӣ ҳар чизе, ки мегуфт бе бурҳони қотеъ ва бе далели бисёр мӯътамад намегуфт ва ончи менавишт аз нигоҳи илмӣ баррасӣ мекард. Вақте Латифӣ дар бораи камҳосилии заминҳои Вахш дар натиҷаи баста шудани баҳри Норак навишт, ба назари баъзеҳо чунин намуд, ки Латифӣ зидди сохтмони Норак бошад. Аммо дар асл масъала ҳадафи дигар дошт. Яъне вақте об аз боло меояд, нуриҳои маъдание, ки дар дохили об ҳаст дар баҳри Норак таҳшин мешавад ва аз баҳри Норак обе, ки то ба водии Вахш мерасад дигар қуввати зиёде надорад, ки заминҳо аз он ғизо гиранд. Яъне он кас мехостанд, ки мо минбаъд нуриҳои маъданиро истифода кунем, то ки заминҳо ҳосилхез шаванд. Роҳбарон низ аз ҳамин дар ҳарос буданд, ки Латифӣ боз чӣ менавишта бошад.”
Радиои Озодӣ: Дертар дар таърихи матбуоти тоҷик як сафҳаи дигар боз шуд. Дар солҳои навадум нашрияҳои ғайридавлативу хусусие мисли “Адолат” ва “Чароғи рӯз” чоп шуданд. Ба назари Шумо, ин андеша дуруст аст, ки нашрияҳои хусусиву ғайридавлатии он замон боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ шуданд?
Пайванди Гулмуродзода: “Вақте дар бораи рӯзноманигор ва рӯзноманигорӣ сухан меравад, аз аввал то ба имрӯз, бархе аз мо як фаҳмиши якҷониба дорем, ки гӯиё дар бисёре аз масъалаҳо рӯзноманигорон айбдор бошанд. Ба вучуд омадани нашрияҳои хусусӣ, нашрияи “Чароғи рӯз”-и Додоҷон Атовуллоев аз он гувоҳӣ медод, ки дар расонаҳои хабарии мо як таҳаввулоти хеле ҷиддӣ сурат гирифтааст. Ин озодандешиҳо идомаи матбуоти аввали мо буд, аммо бо шакли дигар, ки мувофиқи табъи замон буд. Дар ин давра рӯзноманигории мо ба як зинаи дигар боло баромад. Дар баъзе аз нигоштаҳои рӯзноманигорони мо ва матбуоти он замон як навъ тундӣ ба назар мерасад, аммо мо наметавонем онҳоро сабабгори асосии сар задани ҷанги дохилӣ гӯем. Инро ҳам инкор кардан наметавон, ки баъзан вазъиятро ба назар нагирифтем, ки хонандаву шунавандаву бинандаи мо то чӣ ҳад таҳаммули чунин ахборро дорад. Ин аст, ки имрӯз мегӯянд, гӯиё рӯзноманигорон сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ шуда бошанд. Он замон хонандаи мо ҳанӯз ба гуногунандешӣ одат накарда буд, аммо имрӯз гуногунандешӣ дар расонаҳои давлативу мустақили мо хеле рушд кардааст. Имрӯз ҳарду тараф ба тарзи худаш инъикос мекунад ва хонанда худ медонад, ки чӣ хулоса кунад.”