Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наҷми Ковиёнӣ: "Бухорои шариф" дастаи нуре буд..."


Сафҳаи аввали рӯзномаи "Бухорои шариф", чопи рӯзи 11-уми марти соли 1912.
Сафҳаи аввали рӯзномаи "Бухорои шариф", чопи рӯзи 11-уми марти соли 1912.

Мақомоти Тоҷикистон ба нашри ҷашнномаи "Бухорои шариф" ба муносибати 100-солагии матбуоти тоҷик мухолифат кардаанд.

Гуфта мешавад, ин тасмим ба хотири халалдор накардани робитаҳои байнулмилалӣ гирифта шудааст.

Радиои Озодӣ: Дар робита ба ин хабарҳо тасмим гирифтем бо Корманди Пажӯҳишгоҳи улуми иҷтимоии Амстердам, Наҷми Ковиёнӣ гуфтугӯе дошта бошем. Устод Ковиёнӣ дар Тоҷикистон мехоҳанд, ки рӯзномаи "Бухорои шариф"-ро барои меҳмонони ҷашнвора ба табъ расонанд ва аз матолиби шумораҳои мухталифи он як шумораи идона омода кунанд. Ба назари Шумо, ки пажӯҳиши зиёде дар таърих ва корномаи "Бухорои шариф" анҷом додаед, оё чӣ матолибе он ҷо буда метавонад, ки имрӯз ҳам арзишу дурахши худро гум накарда бошад?

Наҷми Ковиёнӣ: "Аз замони "Бухорои шариф" сад сол гузаштааст ва як ҳолати ҳайратовар аст, ки бисёре аз масъалаҳои матраҳкардаи он имрӯз ҳам муҳиманд, зеро ҳал нашудаанд. Инҳо рушди маориф, пешрафт дар улум, масъалаи суннату таҷаддуд, таъйин ва ташхиси вазифаҳои давлату мардум, беҳбуди иқтисодиёт, ҳуқуқ ва адл, мубориза алайҳи ҷаҳл ва ҳамчунин посдорӣ аз забон ва масъалҳое монанди инҳо. Ин нукта ҳам гуфта шавад, ки "Бухорои шариф" дар пайи ислоҳи низом буд, на барандохтани он ва талош мекард, ки ислоҳотро дар дастгоҳи давлат тарғиб ва қонунгароиро ҳарчи бештар роиҷ кунад. Ҳамчунон рӯзнома сайъ мекард, ки бухороиҳоро ба фаро гирифтани улум ва умури бозаргонӣ ва омӯзиши забони хориҷӣ ташвиқ кунад. Дар як ҷумла метавон гуфт, ки ормони рӯзнома парвариши як насли нави соҳиби кор ва соҳиби ватан буд ва намехост, мардуми тоҷик аз ҳамсоягони худ ақиб биафтанд. Чанд масъалае, ки дар он даврон матраҳ буд, имрӯз ҳам бисёр ҷиддист. Яъне ислоҳи низом, қонунгароӣ, таҳаммули андешаҳои дигарон, ташвиқи ҷомеа ба омӯзиши улум ва тарбияти инсонӣ, ҳамчунин посдории забон ва адаби форсӣ... Бубинед, сад сол пеш дар ҳавзаи забон рӯзнома ба чӣ масъала мепардохт. Масъалаи гӯйишу лаҳҷа, забони гуфтору навиштор, забони меъёрӣ. Дар он даврон мегуфт, ки номи забони форсии дарии тоҷикӣ ношӣ аз вусъати қавмият аст, ки ба вуҷуд омадааст. Дар ҳоле ки забони форсии дариву тоҷикиро сад сол пеш рӯзномаи "Бухорои шариф" мегуфт як забон ҳастанд, аммо бо се ном."

Радиои Озодӣ: Пас, ба назари Шумо, ин рӯзнома асосан фарҳангӣ ва маърифатӣ буд?

Наҷми Ковиёнӣ, муҳаққиқи "Бухорои шариф"
Наҷми Ковиёнӣ, муҳаққиқи "Бухорои шариф"
Наҷми Ковиёнӣ: "Дар оғоз бори сиёсии рӯзнома камранг ва мӯътадил ва бори иҷтимоиву фарҳангии он пуррангтар буд, аммо ором-ором бори сиёсии рӯзнома бештар гардид. Қаламбадастон, адибон ва нависандагон бо навиштани мақола, хабар, сафарнома, мунозира, шеър ва ғайраву ғайра дар рӯзномаи "Бухорои Шариф" муҳимтарин масъалаҳои иҷтимоиро матраҳ намуданд ва мардумро ба ҳушёриву огоҳӣ фаро хонданд. Онҳо бо забони қалам ва силоҳи дониш дар пайи он буданд, ки миллат ва кишвари худро аз банди нодонӣ, ғуломӣ, хурофоту ақибмондагӣ бираҳонанд ва даричаи тозае ба рӯи ҷавонони Бухоро ба ҷаҳони нав бикушоянд ва онҳоро бо тамаддуни ҷаҳон ошно бисозанд. Ва бидуни нусхабардорӣ аз ин ҷову он ҷо барои дардҳои ҷомеа дармон биёбанд. Амири Бухоро ва дигар давлатмардони ғарқ дар фасоду айёшӣ ба маслиҳатандешии ислоҳталабон гӯш фаро надоданд ва дар роҳи пешрафту боландагии кишвар камари ҳиммат набастанд. Ва на танҳо бо ормонҳои тараққихоҳии онҳо мусоадат накарданд, балки ба онҳо фишор оварда, арсаро барои онҳо тангтар намуданд."

Радиои Озодӣ: Бунёдгузорон ва гардонандагони рӯзнома киҳо буданд ва он бо кадом сармоя нашр мешуд?

Наҷми Ковиёнӣ: "Рӯзномаи "Бухорои шариф" бештар марбут аст ба ҷунбиши ҷадидҳо ё навгароёну ислоҳталабон. Нашри он рӯзи 11-уми марти соли 1912 ба сардабирии Ҷалоли Юсуфзода шурӯъ шудааст. Аммо саҳми Мирзо Муҳиддину Мирзо Сироҷиддин, ки аз пешгомони ҷунбиши ҷадидия буданд ва нақши рӯзномаро дар ташаккули ҷавонон ва тараққии ҷомеа хуб мефаҳмиданд, бисёр барҷаста аст. Мирзо Сироҷиддини Ҳаким дар шумораи 19-уми рӯзнома менависад,"Ҷаридаи ҳар миллате забони гӯёи он миллат аст. Бояд ҳарф бизанад, бояд такаллум бикунад. Агар қабоҳии миллатро нагӯяд, абадан вазифаи миллӣ иҷро нашуда. Агар дар пайи таъриф ва тамҷид рафта ва маддоҳӣ кунем, олам моро таън кардаву соири олимон хоҳанд хандид." Рӯзнома дар тӯли фаъолияташ бисёре аз ватанхоҳонро ба ҳам пайванд дод ва дар рушду инкишофи афкори сиёсӣ, иҷтимоӣ нақши муассире бозид."

Радиои Озодӣ: Аммо сарнавишти он ба нокомӣ анҷомид...

Наҷми Ковиёнӣ: "Бале, ҳукумати худкомаи амири Бухоро ва истеъмори рус рӯзномаро дар ҳоле маҳв карданд, ки ба рағми фазои истибдод мисли нуре дурахшида ва дар ҷомеа ҷойгоҳи хос пайдо карда, ба авҷи шӯҳраташ расида буд. Худкомагонр нахостанд, ки чашми мардуми Бухоро боз шавад. Ба ин хотир дар рӯзи 2-юми январи соли 1913 Петров, намояндаи Русия дар Бухоро, аз тарафи амир Олимхон номае ба сардабири рӯзномаи "Бухорои шариф" Ҷалоли Юсуфзода мефиристад ва дар он таътили ҳамешагии рӯзномаро барояш эълон медорад. Аммо ба назари ман, бар рағми он ки "Бухорои шариф" пас аз 153 шумора таътил шуд, ҳамин 153 шумора асноди бисёр арзишманди иҷтимоӣ аст, ки дарунмояи он бар пояи таҷаддуд, қонунгароӣ рушду тараққии ҷомеа устувор аст. Рӯзномаи "Бухорои шариф" нахустин таҷрибаи рӯзноманигорӣ ба забони форсӣ аз тарафи тоҷикон буд. Аз сӯи дигар, саҳми "Бухорои шариф" на танҳо дар насри форсӣ, балки дар таърихи равшангарӣ ва ҳақталошию ислоҳталабии тоҷикон дар ҳамон давра низ бисёр чашмгир аст. Насри рӯзнома бисёр зебост ва бо форсии роиҷи ҳамон даврони Эрон ва Афғонистон ва бо лаҳҷаи бухороӣ ва тоҷикӣ мутобиқат дорад."
XS
SM
MD
LG