Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

А. Достиев: “Аз Русия баробарӣ ва эҳтиром мехоҳем”


Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия
Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия

Гуфтугӯи хабарнигори Радиои Озодӣ бо Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия.

Радиои Озодӣ: Шумо ҳамчун намояндаи Тоҷикистон дар Русия, чанд рӯз қабл аз интихоботи хеле муҳими раёсати ҷумҳурии ин кишвар, равобити Душанбеву Маскавро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Абдулмаҷид Достиев: “Аввал ин ки муносибати мо бо ин кишвар хеле хуб аст. Дар тӯли 20 соли охир, новобаста аз баъзе ҳолатҳои баҳсие, ки ҳатто миёни фарзандони як хонавода ҳам мешавад, муносибати мо бад набуду нест ва бовар дорам, ки ҳамин хел мемонад. Дар бораи интихоботи Русия бошад, бояд бигӯям, ки мо ба корҳои дохилии ин кишвар дахолат накарда, ба интихоби мардуми Русия эҳтиром мегузорем. Кадоме аз шаҳрвандони худро пешво интихоб кунанд, мо омода ҳастем, бо онҳо кор кунем.”

Радиои Озодӣ: Ба фикри Шумо, аз рӯи барномаҳои интихоботии номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурии Русия пирӯзии кадоме аз онҳо барои ояндаи Тоҷикистон беҳтар аст?

Абдулмаҷид Достиев: “Ман аллакай гуфтам, касеро, ки ин мардум интихоб кунанд ва тақдири худро ба дасти ӯ бисупоранд, мо бо онҳо кор мекунем. Беҳтар ҳамин аст, ки касеро интихоб кунанд, мо бо онҳо кор карда тавонем. Аммо зиёдтар бо сарвазири Русия (Владимир Путин), ки ҳоло номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурист, ошно ҳастем. Муносибатҳо бо ӯ як дараҷа маълумтар аст барои мо. Худаш ҳам шахси маълум аст. Шахси ба қавли русҳо "пешгӯишаванда" аст. Бо дигар номзадҳо низ зиддияте надорем. Ҳарчанд мумкин на ҳамчун сафир, на ҳамчун намояндаи Тоҷикистон, балки ҳамчун як тоҷик аз баъзеи онҳо аз ҳад зиёд хафа ҳам ҳастам. Моҳи январ тамоми назари худро дар ин бора дар як маҷаллаи ҳукуматии ин кишвар гуфта будам. Онҳо 40 фоизи гуфтаҳоямро нашр карда, 60 фисади онро чоп накардаанд. Лекин худашон нусхаи мақолаи маро ба Вазорати корҳои хориҷии Русия ва ҳамчунин ба баъзе торнамоҳо додаанд. Нусхаи аслии мақолаи ман ҳамин тавр чоп шуд. Ман навиштам, ки мутаассифона, баъзе одамон имрӯз зидди мардуме, ки ҳамагӣ 20 сол қабл дар як кишвар будем, ҳарзагӯӣ мекунанд, гапҳои носазо мегӯянд. Мумкин онҳо ба Русия ва давлати ин кишвар кор дошта бошанд, вале худашон аз ҳар ҷо омадаанд. Онҳо ҳамин қадар аз муҳоҷирони кории мо фарқ доранд, ки босаводӣ карда, худро аз қайд гузаронида ва шаҳрвандии ин ҷоро пазируфтаанд. Дар идома номи Жириновский, Богдасаров, Галустяну Онишенкоро номбар карда будам. Ҳатто аз Вазорати корҳои хориҷии Русия занг зада гуфтанд, ки мо аз мавқеи Шумо дастгирӣ мекунем, аммо бархе аз онҳо намояндаи давлатӣ аст, бояд номашонро намегуфтед. Ман гуфтам, ки ба ин ҳарфҳоям посух медиҳам. Барои он ки Онишенко панири Украинаро бадсифат гуфт, имрӯз дар назди вазорати умури хориҷии он кишвар масъала монда истодаанд, ки Русия бояд аз Украина бахшиш пурсад. Шумо тамоми як миллатро ҳамчун барангезандагони касалиҳои номатлуб дар ҷаҳон муаррифӣ кардед.”

Ду халабони ширкати русии "Ролкан" дар додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа
Ду халабони ширкати русии "Ролкан" дар додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа
Радиои Озодӣ: Ҷаноби сафир, қазияи халабонҳои ширкати русии "Ролкан" дилсардии зиёде овард. Ба ҳар ҳол, аз ҷониби Тоҷикистон нисбати Русия. Вале бо ин ҳол, хостҳои Тоҷикистонро аз Маскав дар замони раҳбари ояндаи ин кишвар чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Тоҷикистон аз ин муносибатҳо чӣ мехоҳад? Ҳалли кадом масъалаҳоро мехоҳад?

Абдулмаҷид Достиев: “Қабл аз ҳама сиёсати мо, сиёсати берунии кишвари мо барои ҳамаи кишварҳои дунё яксон аст. Яъне, сиёсати дарҳои боз. Новобаста аз ин, мо бо кишварҳое, ки бо ҳам наздикем, дар гузашта зери як парчам будем, албатта, қаринтарем. Лекин бояд ҳама фарқ ва дарк кунанд, ки Тоҷикистон имрӯз Тоҷикистони то соли 1990-ум нест, ки тақдираш дар дигар ҷо ҳал шавад. Имрӯз як кишвари соҳибистиқлол, узви созмонҳои байнулмилалӣ ва созмонҳои минтақаист. Талаб ва хоҳиш дорем, ки пеш аз ҳама муносибати баробар ва эҳтироми дуҷониба бошад. Чунин рафторҳоро мехоҳем нисбати Русия ва ҳар кишвари дигар, ки мехоҳанд бо мо ҳамкорӣ дошта бошад. Аммо ин рафторро бояд қабл аз ҳама худамон дошта бошем ва риоя бикунем. Яъне, муносибати баробар, эҳтироми мустақилияти давлатии кишварҳо. Аз ин бештар чизе намехоҳем.”

Радиои Озодӣ: Яке аз масъалаҳое, ки бо наздик омадани интихоботи раёсати ҷумҳури Русия дар муносибати Душанбеву Маскав муҳим мешавад, барнома ё нақшаи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар хоки Тоҷикистон аст. Дмитрий Медведев моҳи сентябри соли гузашта дар Душанбе эълом дошта буд, ки дар семоҳаи аввали соли 2012 дар нақша аст, созишномае дар мавриди то 49 соли дигар тамдид кардани ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба имзо бирасад. Ба назар мерасад, ҳамин баҳсҳо хеле гарм мешаванд. Дар баъзе матбуоти русӣ гузоришҳое дар ин замина пахш мешаванд, ки эҳтимол Путин мехоҳад пеш аз ба сари қудрат омадан иҷрои ин мавзӯъро тезонад. Эҳтимол сӯҳбати ахири Медведев ва Раҳмон низ шояд дар ин бора бошад. Таври маълум, Тоҷикистон ҳамон шабу рӯз ишора карда буд, ки намехоҳад пойгоҳи низомии Русия дар қаламравашро бепул нигоҳ дорад. Дар ин замина Шумо чӣ иттилоъ доред?

Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия бо Владимир Путин. Соли 2007
Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия бо Владимир Путин. Соли 2007
Абдулмаҷид Достиев: “Дуруст аст, ки оид ба ин масъала гурӯҳҳои корӣ кор карда истодаанд. Аммо то ҳол ҳамчун як ҳуҷҷати расмӣ ба имзо нарасида ва ҳукуматҳои ду кишвар низ тасдиқ накардаанд. Ба ғайр аз ин, вобаста ба маъракаи интихоботӣ бисёр сару садоҳое, ки дар матбуоти давраӣ мебароянд, ҳадаф ба даст овардани овозҳост. Бисёре аз он сару садоҳо, он ҳарфҳое, ки дар дар маъракаи пеш аз интихоботӣ баён мешаванд, аксарият асос надоранд. Баъдан собит мешаванд, ки барои манфиати лаҳзагие гуфта шудаанд. Лекин муносибати ду кишварро на бояд мавсими интихоб муайян бикунад. Ин бояд раванде бошад, ки ҳамаи проседураи дохили давлатӣ ва дохили ҳукуматиро хуб гузашта муайян шавад ва сипас ба имзо бирасад. Бисёре аз онҳо аз ҷониби порлумон ратификатсия шуда, баъд амалӣ мешаванд. Ҳоло ин масъала ҳал нашудааст.”

Радиои Озодӣ: Шумо гуфтед, ки гурӯҳҳои корӣ аз ҳарду ҷониб сари тарҳи ин созишнома кор мекунанд. Аммо сабаби то ҳол таҳия нашудани матни комили онро намедонед?

Абдулмаҷид Достиев: “Дар кадом сатҳ ҳаст ё нест, фақат ҳаминро мегӯям, ки ҳоло на дар ҳама масъалаҳояш тавофуқ ҳосил шудааст ва ин тарҳ ҳанӯз барои имзои тарафҳо омода нашудааст.”

Радиои Озодӣ: Ин ҷо ягон шартгузорӣ ҳаст? Ҳамон шабу рӯзе, ки ду раҳбар дар Душанбе мулоқот доштанд (сентябри соли 2011), чанд матлаб чоп шуда буд. Аз ҷумла бархе аз таҳлилгарони наздик ба ҳайатҳои ҳукуматии ду тараф гуфтаанд, ки Тоҷикистон мехоҳад, аз ҳузури пойгоҳи низомии Русия солона ҳадди ақал 300 миллион доллар ба даст орад. Баъдан вазири дифои Русия гуфт, ки на онҳо (Тоҷикистон) дигар ин гуна талаб надоранд ва Русия ба Тоҷикистон кӯмаки фаннӣ пешкаш хоҳад кард. Шумо чӣ мегӯед?

Абдулмаҷид Достиев: “Боз ҳам ҳамчун сафир, ҳамчун тоҷик, шаҳрванди ҳамон кишвар гуфтанӣ ҳастам, ки имрӯз ягон кишвари дунё барои мо як ваҷаби ҳудудашро бе пул ё ройгон намедиҳад. Инро кишвари мо ҳам ба назар бигирад. Яъне, имрӯз ҳеҷ кас раҳмат намегӯяд, ки ҳамин хел сарзаминашро ё имконияташро ройгон ба касе медиҳад. Ин ҷо мо дида истодем, ки ягон ваҷаб заминро касе бепул намедиҳад.”

Радиои Озодӣ: Ба фикри Шумо, намояндагони Тоҷикистон, ки бо Маскав музокира мекунанд, дар ҳамин масъала пойфишорӣ хоҳанд кард?

Абдулмаҷид Достиев: “Фикр мекунам, ки ҳа.”

Радиои Озодӣ: Агар дар ёд дошта бошед, гурӯҳи интеллектуалҳои Тоҷикистон аз ҳамин масъала изҳори норизогӣ карда, муроҷиате ҳам ба номи сафорати Русия ва раисиҷумҳури Тоҷикистону Русия қабул карданд, ки ҳадди ақал то ҳафт сол бикунед, ки ба иззати нафси Тоҷикистон нарасад...

Абдулмаҷид Достиев: “Ман ба як чиз бовар дорам, ки ҳукумати кишвари мо ба ҷуз аз манфиатҳои умумимиллӣ ягон додугирифти пасипардагӣ надорад. Тамоми коре, ки ба субут мерасонад, ба манфиати мардум аст. Лекин ин ҷо як чиз ҳаст, ҳама гуфтушунид ва радду бадалҳое, ки сурат мегирад, онҳоро кушоду равшан гуфта наметавонем бар асоси қонун. Фақат ҳаминро гуфта метавонам, ки ҳама чораҳоро ба манфиати давлату миллат андешида истодаанд. Боз такрор мекунам, ки Тоҷикистон ва ҳукумати он имрӯз Тоҷикистони солҳои аввали 1990-ум нест. Имрӯз медонад, бо кӣ чӣ гуна муносибат кунад. Ба ивази чӣ кадом корро ба субут бирасонанд.”

Радиои Озодӣ: Яке аз масъалаҳои мавриди нигаронии Тоҷикистон, на фақат ҳукумат, балки мардум, мавзӯи бархӯрди Узбакистон бо ин кишвар аст. Гоҳо Тоҷикистон аз Русия гила мекунад, ки дар ин баҳс, аз ҷумла бар сари Роғун, Маскав аз мавқеи Тошканд ҷонибдорӣ мекунад. Тоҷикистон, ба фикри Шумо, то куҷо аз Русия мехоҳад, ки мавқеашро дар ин замина тағйир бидиҳад ё ҳадди ақал нармтар намояд?

Абдулмаҷид Достиев: “Агар ҳамсояҳо ва шарикони стратегиву дӯстонамон дар ҳамаи ҷабҳаи ҳаёти мо, дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёти мо халал нарасонанд, шуд. Мардуми мо ҳисобашонро худашон меёбанд.”

Радиои Озодӣ: Муносибати Шумо ба овозхон Толибҷон Қурбонхонов чӣ гуна аст?

Абдулмаҷид Достиев: “Ман намедонам ӯ шаҳрвандии Русияро дорад ё на. Суруде, ки иҷро кардааст, аз ҷиҳати матну иҷро зебост, хушрӯст. Намедонам, ин мавқеи худи ӯст ё каси дигаре дархост кардааст. Лекин ин суруд ба оташи муборизаи қисми зиёди миллатгароҳову қувваҳои зиддитоҷикие, ки зери итоати давлаташон нестанд, бар зидди муносибати кишвари мову Русия равған рехт.”

Радиои Озодӣ: Шумо фикр намекунед, ки ин сурудро ситоди интихоботии Владимир Путин омода кардааст?

Абдулмаҷид Достиев: “Намедонам. Аммо дар ин кишвар агар ягон кас дастгирият накунад, ҳеҷ суруд ё эҷодатро пахш нахоҳанд кард. Ахиран дар барномаҳои ҷамъбастии РенТВ ба ӯ навбати сухан доданд. Боз ҳамон Жириновский таҳқиромез ҳарчӣ дилаш хост, гуфт. Озодии сухан, озодии амал аст. Вай шояд худашро дар ин ҷо озод ҳис кардааст. Ман шахсан ӯро намешиносам. Агар мешинохтам, баъзе чизҳоро ҳамроҳи ӯ муҳокима мекардам, ки ҳамчун бачаи ҷавон миёни "гургҳои борондида" намонад.”
XS
SM
MD
LG