Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Русия. Дигар озурдагӣ боқӣ намондааст?


Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон
Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон

Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон озурдагӣ ва нобоварӣ миёни Маскаву Душанберо рад кард.

Юрий Попов гуфт, Маскав ба ҳифзи манофеи худ дар қаламрави Тоҷикистон ниёз надорад, зеро ба қавли ӯ, манофеи Русия дар ин кишвар амну устувор аст.

Сафири Русия вуҷуди озурдагӣ ва нобоварӣ миёни Маскаву Душанберо рад кард ва гуфт, ки қазияи ду халабони ширкати русии "Ролкан" ба равобити ду кишвар асар нагузоштаст. Ӯ гуфт, Русия ҳеҷ фишореро болои Тоҷикистон пиёда накарда ва вокунишҳои эҳсосотие, ки дар он шабу рӯз пахш шуданд, бештар ба матбуот ва ходимони ҷамъиятии он кишвар марбутанд.

Юрий Попов, ки дар ҳошияи нишасти бахшида ба ба “20-солагии таъсиси Иттиҳодияи Давлатҳои Ҳамсуд" дар шаҳри Душанбе бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, ҳарду кишварро ёру бародар хонд ва гуфт, ки "тамдиди шартномаи пойгоҳи 201-ум дар баррасӣ қарор дорад."

"Албатта, мавқеи Русия дар Тоҷикистон ҳифз мешавад ва Русия кӯшиш дорад, ки ҳузури сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомии худро ҳифз кунад. Ин ақида, ки гӯиё кадом мухолифат ва ё хусумат байни ду кишвар вуҷуд дорад, аслан ҷой надорад ва мо ду кишвари бародар бо роҳи мусбат муносибатҳоямонро идома медиҳем",-гуфт ҷаноби Попов. Сафири Русия дар Тоҷикистон ин иддаоро, ки гӯиё кишвараш теъдоди муҳоҷирони тоҷикро коҳиш медиҳад, бе появу асос хонд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:41 0:00
Линки мустақим


Дар ҳоле ки сафири Русия аз амн будани мавқеи сиёсиву низомии кишвараш дар Тоҷикистон ҳарф мезанад, коршиносон мегӯянд, мила ё “стержень"-и” равобити ду давлат ҳамон вақт дарз хӯрд, ки Маскав дар баҳси Тошканду Душанбе аз аввалӣ пуштибонӣ кард. Гузашта аз ин, бархе аз мақомот дар раҳбандиву монеаҳое, ки Узбакистон дар убуру мурури қатораҳои Тоҷикистон эҷод мекунад, дасти Маскавро мебинанд.

Комёб Ҷалилов
Комёб Ҷалилов
Бо он ки мақомоти Кремлин борҳо Русияро омили амният ва пешрафти кишварҳои пасошӯравӣ унвон кардаанд, аммо ба қавли коршиносон воқеият ин аст, ки мақомоти давлатҳо дар мавридҳои ноамнӣ аз Русия гумонбар мешаванд.

Комёб Ҷалилов, коршиноси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурӣ, мегӯяд, Тоҷикистон дигар он қадар соддаву хушбин нест ва он тасаввуреро, ки даҳ сол қабл бо Русия дошт, ҳоло тағйир додааст. Ин коршиноси тоҷик гуфт, "Русия ҳанӯз бо кишварҳои пасошӯравӣ аз баландии даврони Шӯравӣ бархӯрд мекунад."

"Русия бояд сиёсаташро дар қиболи вазъи минтақаи Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон дигар кунад. Пас аз фӯрӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ агар дар Русия мегуфтанд, ки мардуми ин кишварҳо чорзону ба назди мо хоҳанд омад, дигар ҳоло ин тавр нест. Вазъ дар минтақа дигар шудааст ва он эътимоде, ки мардуми Тоҷикистон ва ё кишварҳои дигар ба Русия доштанд, коҳиш ёфтааст",-таъкид кард Комёб Ҷалилов.

Ахиран созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ эълон кард, ки ҳеҷ кишвари узви СПАД ҳақ надорад, бидуни иҷозати ин созмон пойгоҳи як давлати хориҷ аз паймонро дар қаламрави худ ҷой диҳад. Аксари коршиносон ин наҳваи корро танг шудани ҳалқаи фишори Маскав болои давлатҳои узви СПАД арзёбӣ карданд.

Абдулло Ҳабибов
Абдулло Ҳабибов
Маскав аз он хавотир аст, ки шариконаш дар заминаи ҳамкориҳои низомӣ мулоқоти пасипардагиро бо давлатҳои ғарбӣ, аз ҷумла Амрико анҷом медиҳанд.

Абдулло Ҳабибов, коршиноси масоили низомӣ мегӯяд, бо вуҷуди эҷоди ин гуна монеаҳо Тоҷикистон бояд дар пайи ҳифзи манофеи худ бошад ва қарори мақомот низ бояд дар заминаи ҳамин манофеъ гирифта шаванд. Генерали тоҷик гуфт, "Русия инро хуб медонад, ки Тоҷикистон барояш чӣ қимат дорад ва ҳеҷ гоҳ Тоҷикистонро аз даст нахоҳад дод. Аз ин рӯ, мо бояд хеле ҳушёр бошем, ки манфиати кишвари худро ҳимоят кунем."

Бо ин ҳол, "дар шароити имрӯзӣ, ки Тоҷикистон ба фаъолияти шаҳрвандонаш дар Русия манфиатдор аст ва ҳанӯз ба истиқлолияти энергетикӣ ҳам даст наёфтааст, тавозун дар ҳамкорӣ бо шарикони мухталиф пураҳамият хоҳад буд" мегӯянд коршиносони тоҷик.
XS
SM
MD
LG