Ахиран як масъули Идораи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ ё ЗАГС дар Эрон аз афзоиши таваҷҷӯҳ ба номҳои Борон, Ҳастӣ, Асал, Орин, Ормин ва Ораш изҳори ташвиш кардааст. Вай гуфтааст, ин номҳои хориҷ аз урфи мазҳабӣ ва исломӣ ҳастанд.
Мӯҳсин Исмоилӣ афзудааст, “салиқаи ҷомеа дар интихоби ном то ҳадде нисбат ба гузашта тағйир карда ва ин тағйир як ҳушдор аст. Бо таваҷҷӯҳ ба фарҳанги ҷомеа, интихоби ном барои фарзандон бояд бар асоси урфи мазҳабӣ ва исломӣ бошад.”
Бар асоси омори Идораи сабти асноди ҳолатҳои шаҳврандии Эрон дар миёни 50 номи беҳтари духтарона номҳое чун Ялдо, Наргис, Асал, Нозанин, Савганд ва Борон ба чашм мехӯранд. Ҳарчанд панҷ номи аввали ин феҳрист ба тартиб ба Фотима, Зӯҳро, Ситоиш, Ҳастӣ ва Зайнаб тааллуқ дорад.
Дар миёни 50 номи бартари писарон низ метавон ба номҳое чун Порсо, Орин, Ораш, Моҳон, Шоён, Бинёмин ва Дониёл ишора кард. Масъулони Идораи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Эрон воқеаҳои тарърихиро дар интихоби ном дар ин кишвар низ муассир донистаанд. Дар ин хусус ба исми Рӯҳуллоҳ (номи Оятуллоҳ Хумайнӣ) ишора шудааст, ки ба гуфтаи онҳо, ин ном пеш аз инқилоби исломӣ 200 маврид дар як сол сабт мешуд. Пас аз инқилоб дар як сол аз 9 то 20 ҳазор маврид сабт мешавад.
Нигаронии мақомоти Эрон аз афзоиши номгузории форсӣ дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон талош доранд, то мардумро ҳарчи бештар ба номгузории форсӣ ташвиқ кунанд. Ҳатто Кумитаи истилоҳоти забони тоҷикӣ як китоби иборат аз номҳои форсиро ҳам омода кард, то дар Идораи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ ё ЗАГС аз он истифода кунанд.
Дар қонуни "масъулияти волидон" дар Тоҷикистон таъкид шудааст, ки бояд волидон ба фарзандони худ бо дарназаргирии арзишҳои миллӣ номҳои муносиб бигузоранд. Мақомот мегӯянд, солҳои ахир гузоштани номҳои арабӣ ё исломӣ ҳарчӣ бештар миёни сокинон мушоҳида мешавад. Ба қавли онҳо, ки сокинон ҳоло барои фарзандони худ бештар номҳои Муҳаммад, Абубакр ва Абдуллову Оишаву Умарро интихоб мекунанд.