Сафаргул, як сокини Душанбе, ки хостааст барои духтараш шиноснома гирад, гуфт, дар шӯъбаи шиносномадиҳӣ ба ӯ маслиҳат додаанд, ки шаҳодатномаи таввалуди духтарашро иваз кунад, дар акси ҳол гирифтани ҳуҷҷат имкон надорад.
Дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки барои шиноснома гирифтан аввал шаҳодатномаи таваллуд бояд тағйир дода шавад ва ин масъала бештар ба шӯъбаи ақди никоҳ рабт дорад.
Қонун дигар шудаааст?
Дар яке аз шӯъбаҳои ақди никоҳи шаҳри Душанбе гуфтанд, ки тағйири номи тоҷикӣ ба русӣ ва умуман чӣ ном гирифтан дар ихтиёри худи шаҳрвандон аст.
Аммо Сафар Саъдиев, коргардони тоҷик мегӯяд, вақте ӯ ба шӯъбаи ақди никоҳ рафт, то барои духтаронаш - Фурӯғ ва Суҳайл шаҳодатномаи таваллуд гирад, гуфтанд, ки ин кор аз рӯи қонун аст: «Хостам онҳоро бо номи худ, яъне тоҷикӣ, сабт кунам, аммо ба ман гуфтанд, ки барои ин иҷоза нест. Гуфтанд, ки қонун дигар шудааст. Пурсидам, ки барои чӣ, чӣ тавр ман метавонам, фамилияи онҳоро ба номи худ кунам ё ҳадди ақал ба номи падарам? Ба ман гуфтанд, ки барои он ки ба номи худат кунӣ, бояд фамилияи худатро иваз кунӣ».
Дар ҳамин ҳол, Барно Анварова аз масъулини шӯъбаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе тағйири номҳои тоҷикӣ ба русиро такзиб накард ва гуфт, қариб шаш моҳ аст, ки ба қонун тағйирот ворид шудааст ва ин ҳама дуруст кардани ҳуҷҷатгузорӣ тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ аст.
Меъёри байналмилалӣ чист?
Аммо дар посух ба ин суолҳо, ки оё ин меъёрҳои байнулмилалӣ чӣ маъно доранд, сарнавишти онҳое, ки номашонро тағйир додаанд чӣ мешавад, на дар шӯъбаи шиносномадиҳӣ ва на ақди никоҳ посух ёфта натавонистем.
Дар раёсати сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Тоҷикистон умуман кадом як тағйиротҳо дар номгузориро рад карданд.
Маъракаи бозгашт ба номгузории тоҷикӣ ба даврони баъд аз пошхӯрии Шӯравӣ рост меояд ва то ин замон аксари мутаваллидони даврон истиқлолият дар ҳуҷҷатҳои шахсиашон номҳои тоҷикӣ доранд.
Дар рӯзи Наврӯзи соли 2007 раисҷумҳури Тоҷикистон ва аз пайи ӯ як идда вазирону мақомдорони Тоҷикистон низ аз пасвандҳои русии «ов»-у «ев» даст кашиданд.
Аммо тағйири ном ба муҳоҷирини меҳнатии тоҷик як мушкили нав шуд. Дар Русия барои номҳои тоҷикӣ онҳо аз сӯи мақомоти амниятӣ озор диданд ва аксари муҳоҷирин баъд аз бозгашт ба ватан номҳои русии худро барқарор карданд.