Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи 33 деҳа тағйир дода шуд


Тибқи як қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон, номи 33 деҳа дар 10 ҷамоати ноҳияи Рашт тағйир дода шуд.

Қарори мазкур мувофиқи хоҳишу дархости Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Рашт тибқи моддаи 23-юми Сарқонун аз ҷониби вакилони ба тасвиб расидааст.

Дар доираи ин қарор рустоҳое номи нав гирифтаанд, ки асосан бо забони туркӣ-қирғизӣ қаробат доштаанд. Ба гунаи мисол, деҳаи Қаролуқ ба Чорбоғ, Қизроқ ба Деҳқонобод ва Туратол ба Даҳбед табдили ном карданд. Ва Қарашаҳр аз ин ба баъд Хуррамшаҳр ном хоҳад дошт.

Ҳоҷӣ, як сокини рустои Шаҳрисабз, ки то баромадани ин қарор деҳаи онҳо Качамандӣ ном дошт, аз чунин як иқдом истиқбол намуд. Зеро, гуфт ӯ, аз бобоёнаш шунида буд, ки ҳануз 400 сол пеш ин деҳа на Качамандӣ, балки Шаҳрисабз ном доштааст.

Аммо Мирзомаҳмуд Неъмонзода, сокини рустои Сиполинги минтақаи Ҳоит, мегӯяд, ӯ аз он ки номи деҳаашонро ба Меҳробод тағйир додаанд, рози нест. Зеро, мегӯяд ӯ, номи деҳа таърихан Сиполинг буда ба маънии сипоҳиён омадааст. Вай хамчунин гуфт, дар тағйири номи деҳа раъйу хоҳиши мардум ба назар гирифта нашудааст.

Ва дар ҳамин ҳол коршиноси маҳаллӣ Собирҷон Ҷонов, ки дар риштаи забоншиносӣ тахассус дорад, гуфт, аз назари ӯ барои тағйири бархе аз номҳо, ки таърихан тоҷикӣ мебошанд, ҳочат набуд.

Ва аз 33 рустое, ки номгузорӣ нав шудаанд, деҳаи Янғолик ба номи Мулло Барот - аз руҳониёни бонуфузи ин минтақа ва деҳаи Булқос ба Гулханӣ - аз шоирони садаи 17-и тоҷик гузошта шудааст. Вале бо ин ҳама соҳибназарон мегӯянд, барои дар забони мардум роиҷ шудани номҳои нав ва аз байн рафтани номҳои пешин як давраи муайян лозим будааст.
XS
SM
MD
LG