Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Форсӣ гӯӣ, дарӣ гӯӣ варо..."


Додихудо Саймуддинов
Додихудо Саймуддинов

Додихудо Саймуддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ахиран ба узвияти Фарҳангистони забони ва адабиёти форсии Эрон пазируфта шудааст.

Ӯ саввумин шахсияти илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон аст, ки узвияти Фарҳангистони Эронро дарёфт мекунад. Қабл аз ин Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Абдурқодир Маниёзов низ ба узвияти ин фарҳангистон пазируфта шуда буданд. Оқои Саймуддинов мегӯяд, дар шароити ҷаҳонишавӣ, се шохаи забони форсӣ ба ҳамгунсозии вожагон беш аз ҳар замоне ниёз доранд, то дар ин талотум бақои худро битавонанд ҳифз кунанд.

СЕ ШОХАИ АЗ ҲАМ ҶУДО

Додихудо Саймуддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯяд, масъалаи ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон ва Эрон дар мавриди ҳамгунсозии истилоҳотро бо мақомоти зирбати он кишвар баррасӣ кардааст. Профессор Саймуддинов афзуд, дар ҳоли ҳозир масъалаи ҳамгунсозии истилоҳот ва донишвожаҳои забони форсӣ яке аз масъалаҳои муҳим дар ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар мебошад. Ба гуфтаи оқои Саймуддинов, дар ҳоли ҳозир ҳам аз фарҳангҳои тафсирии забони форсӣ, форсӣ ба русӣ ва форсӣ ба инглисӣ ва баръакс ба сурати фаровон тоҷикон истифода мекунанд. Ва ё донишмандони эронӣ ҳам дар таҳияи вожаҳо аз зарфият ва куҳнаҳои ҳифзшудаи форсии тоҷикӣ истифода мекунанд. Вале ҳадаф аз ҳамгунсозии вожаҳо, қонунманд кардани ин раванд ва танзими он аст.

Оқои Саймуддинов мегӯяд: «Фарҳангистони муштараке, ки танзими вожагонро назорат кунад, кори хуб аст. Албатта тамоми Аврупо дар масъалаи истилоҳот муштаракоти ягона доранд, ин мо ҳастем, ки надорем, дар мо бенизомӣ дида мешавад. Ва мо низ бояд ин корро шурӯъ кунем ва истилоҳотро ҳамгун бисозем. Масалан, ман дар Эрон будам ва дар муассисаҳои пажуҳишӣ рафтем, сӯҳбатҳо доштем, он ҷо луғатҳои мухталифи ҳамаи минтақаҳоро таҳия мекунанд. Гуфтанд, ки бар ивази арабӣ як вожаеро аз осор ёфтаанд, аз забони хоразмӣ. Гуфтам чӣ аст, гуфтанд, бурут. Ман гуфтам, ки ин вожаи маъмул дар замони зиндаи тоҷикии имрӯз аст. Дар Эрон инро сабил мегӯянд, мӯйлаб ин омиёна аст. Ин калима дар гӯиши шарқии мо маҳфуз аст. Мисли ин ҳазорон ҳазор дар осор боқӣ намондааст, ба дасти фаромӯшӣ рафта ё фақат дар гӯишҳои мо боқӣ мондааст».

ВОЖАҲО ҲАМГУНСОЗӢ МЕШАВАНД

Забони форсии дарии тоҷикӣ, аслан як забон аст. Танҳо бар асари марзбандиҳои сиёсӣ ва ҷуғрофӣ дар чанд асри охир, бархе вожа ва истилоҳоти хос ба ҳар се гӯиши забони форсӣ, тоҷикӣ, дарӣ ва форсии Эрон аз забонҳои инглисӣ, русӣ ва гоҳо фаронсавӣ ворид шудааст. Ба гунаи мисол, ба форсии Эрон ва дарӣ бештар истилоҳоти инглисӣ ворид шуда, дар ҳоле, ки тоҷикӣ бештар таҳти таъсири забони русӣ қарор гирифтааст. Ва забони илмии форсии Эрон ҳам таҳти таъсири истилоҳоти инглисӣ ва арабӣ қарор дорад. Ҳадаф аз ҳамгунсозии вожаҳо аз як сӯ зинда нигоҳ доштани забон, истифода аз имкони таърихии он ва аз сӯи дигар барои гӯяндагони ҳар се гӯиши форсӣ, тоҷикӣ, дарӣ ва форсии Эрон мафҳум сохтани забон аст, чӣ забони расонаҳо ва чӣ забони илмӣ. Ба сурати табиӣ, Эрон аз имкони бештаре дар ин замина бархурдор аст, ки Тоҷикистон метавонад аз он истифода кунад.

НАҚШИ ТОҶИКӢ ЧӢ ХОҲАД БУД?

Аммо оё забони тоҷикӣ ва гӯишҳои он чӣ нақше дар ин ҳамгунсозии вожаҳо ва ғанисозии забони форсии умумӣ хоҳад дошт? Қодири Рустам, нависанда ва
Қодири Рустам, донишманди тоҷик,
донишманди тоҷик, ки солҳо ба тарҷума ва баргардони тоҷикӣ ва форсӣ машғул аст, мегӯяд: «Вожаҳои асили форсӣ бештар дар гӯиши тоҷикон боқӣ мондааст. Ва форсизабонони дигар, аз ҷумла эрониҳо метавонанд аз ин ба сурати фаровон истифода кунанд ва он вожаҳои форсиро ҷойгузини вожаҳои начандон зарурӣ арабие кунанд, ки феълан истифода мебаранд. Масалан, мисли рия, мисли кабид, ки ба ҷои он мо мегӯем шуш ва ҷигар ва ин гуна вожаҳо хеле ва хеле зиёд ҳастанд. Ва ин метавонад саҳми забони зиндаи мардуми тоҷик дар ғанӣ кардани форсии умумии мо бошад».

Дар Тоҷикистон дар заминаи вожасозӣ ва танзими истифодаи вожаҳо аз замони истиқлол то кунун кори муҳиме анҷом нашудааст. Танҳо дар яку ним соли пеш, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон таъсис шуд, ки масъулони он мегӯяд, феълан машғули таҳияи чанд фарҳанги ҷадид, луғати номҳо ва истилоҳҳои нави забони тоҷикӣ ҳастанд. Имлои забони тоҷикӣ низ дар соли 1996 баъди суқути шӯравӣ ислоҳ шуд, ки ҳазфи чанд ҳарфи алифбои русӣ аз он, аз ҷумлаи ислоҳоти он буд. Аммо баҳси ислоҳи имло аз ҳамон замон то кунун идома дорад ва шакли ягонаи навишти истилоҳот ва номҳои ҷуғрофӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз вуҷуд надорад. Зеро аксари фарҳангиён ва донишмандон меъёрҳои имлоро эътироф надоранд ва онро ба хусусиёти забони тоҷикӣ мутобиқ намедонанд. Қарор аст дар тӯли имсол имлои нави забони тоҷикӣ аз ҷониби ҳукумат тасдиқ шавад. Аммо интизор меравад он ҳам мавриди қабули ҳамаи қишрҳо қарор нагирад.
XS
SM
MD
LG