Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарафшон -- фарзанди ӯгай ё ангушти шашум?


Набиюлло Суннатӣ, блонависи тоҷик
Набиюлло Суннатӣ, блонависи тоҷик

Бовар дорам, ибораи “фарзанди ӯгай”-ро ҳама мефаҳманд. Аммо бовар дорам дар бобати ангушти шашум будани водии Зарафшон (манзур навоҳии Мастчоҳ, Панҷакент, Айнӣ ва ноҳияи Шаҳристон) шояд суоле пайдо шавад.

Ангушти шашум он аст, ки варо агар бибуранд, аъзо дард бинад, агар набуранд, узви зиёдатист, ки дар ҳама ҳол халале ба соҳиби бадан меорад.

Фарзанди ӯгай?

Айнан, дар бобати фарзанди ӯгай будани ин навоҳӣ чанд нуктаи муҳиме ҳаст, ки ин ҷо бояд зикраш равад. Аввал ин ки водии Зарафшон бо он ҳама зарфишонияш аз рӯйи ҷойгиршавии ҷуғрофӣ дар ҷое қарор дорад, ки ба қавле на унниву на суннист. На ба вилояти Суғд мепайвандад ва ба маркази кишвар қаробати маъмурӣ (устондорӣ) дорад.

Борҳо мушоҳида кардаам, ки дар маҷолиси қариб ҳарҳафтаинаи вилояти Суғд бо иштироки раисони навоҳӣ ва ё раисони хоҷагӣ омаду рафти зимомдорони Мастчоҳу Панҷакенту Айнӣ хеле мушкилиҳои зиёдро ба дунбол дорад. Ва чун ҳама медонанд, на ҳамеша роҳ табъи дил аст: ё барф, ё борон ё банд шудани роҳ аз ҷониби таъмиргарони чиноӣ. Аз ин рӯ, бо бовари том метавон гуфт, ки ин мушкилиро аз ҳама беш раисони шаҳр ва ниҳодҳои ин марз дар худ ҳазм кардаанду медонанд. Ва шояд борҳо аз сабаби сари вақт ба маҷлисҳои вилоятӣ омада натавонистан, мавриди накӯҳиш қарор гирифта бошанд. (Ин тахмини банда аст.)

Гузашта аз ин, донишҷӯёни зарафшонӣ низ дар омаду рафт ба маркази шимоли Тоҷикистон бо сангиниҳо рӯ ба рӯ мешаванд, ки дар аксари маҳфилҳо ба қавле гуфта мегузаранд. Аммо дар қиболи ин, он донишҷӯёни зарафшоние, ки дар пойтахти кишвар таҳсил доранд, иброз медоранд, ки рафту омади эшон роҳат аст ва қариб, ки бо мушкилот дучор намегарданд. Ҳамзамон, аз ҷиҳати шумориши километрӣ ё масофа низ водии Зарафшон нисбат ба вилояти Суғд ба ҷануби Тоҷикистон -- пойтахт наздиктар ҷой гирифтааст. Аз ин лиҳоз, сокинони ин марз дар сӯҳбатҳо бо муаллифи ин сатрҳо иброз медоранд, ки гӯё равуои эшон ва ҳатто харидуфурӯши коло дар пойтахт барояшон ба осонӣ даст медиҳад, нисбат ба оне, ки ба самти Хуҷанд аниқтараш шимоли Тоҷикистон раҳ бигиранд.

Ҳама ин нуктаҳо нишонгари он аст, ки ҳеҷ маҳал водии Зарафшон аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ба вилояти Суғд пайванд несту аз ҷиҳати маркази маъмурии устондорӣ низ бисёр вақт ниёзи ин водиро сари вақт бароварда карда наметавонад. Таври маълум, тӯли солҳои истиқлолият танҳо тибқи як барномаи давлатӣ роҳҳои марказии ин водӣ (роҳҳои дохилии ин се ноҳия ягон ҷои тавсифу таърифро надорад ва мояи афсӯс низ ҳаст) таъмири асосиро аз сар гузаронид, вагарна ба кӯр ҳам равшан буд, ки қаблан дар ин роҳҳо ҳатто хар роҳ мегашт, полонаш канда мешуд.

Ин барномаи давлатӣ, яъне тармими бунёдии роҳҳои Бӯстон-Чанақ-Мастчоҳ-Душанбе буд, ки инак, дар арафи анҷомёбист. Мутаассифона, дар ин замина, яъне аз тармими решаии роҳҳои водии Зарафшон дар ҳуҷатгузориҳо ягон барномаи амалии устондории марзи Суғд ба назар намерасад, ки шоистаи таъриф бошад. Ҳарчанд дилам намехоҳад, аммо баҳои ман ба ин гуна муносибати устондории Суғд ба водии Зарафшон ҳамон фарзанди ӯгай будан асту аз ин беш нест. Ин фикри шахсиам ҳаст.

Ангушти шашум?

Дар бобати ангушти шашум будани водии Зарафшон метавон мисолҳои зиёдро қатор кард. Масалан, дар ҳолатҳои изтирорӣ, аз қабили тармафароӣ, заминҷунбӣ, обхезӣ ё фалокатҳои дигари табиӣ тасаввур кунед, то аз маркази вилояти Суғд омада расидан, ба гуфте тӯй ба охир мерасад. Ҳарчанд дар ин манотиқ баъзе филиалгунаҳои наҷотбахши ҳолатҳои изтирорӣ ба назар мерасад, бо он ҳама эшон дар кори худ мухтор нестанд ва дороиву тавони зиёди техникӣ низ надоранд.

Онҳо чун ҳамеша интизори амр ё супориши вилояти Суғданд. Дар ин замина, мисолҳои зиёде ҳаст, ки хонандагони азиз тавассути нашрияҳо аз бобати ҳолатҳои “рӯзи мабодо” воқифанд. Ва боз ҳамон ангушти шашум ба ёд меояд, ки буридан нашояду...

Дигар, дар мабалғгузориҳо ва ибтикорҳои созандагӣ низ дар ин се ноҳияи кӯҳистонӣ ҳамеша бидуни ризоияти устондории Суғд коре ба анҷом напазируфтааст. Зеро ҳар ноҳия маъмури супоришҳои вилоятдории хеш аст. Водии Зарафшон низ на дар сохтани мактабу муассисаҳои табобатӣ, на марказҳои фарҳангӣ ва дар дигар умури худ бо он ки аз вилояти Суғд дур аст, ҳамеша мунтазири ризоияти устондорист.

Аммо... дар охир

Ман на вакили мардумиям, на раиси ягон вилояту на вазиру на сарвари давлат. Гузашта аз ин, на сокини водии Зарафшонам. Танҳо як нафар раҳгузаре ҳастам, ки борҳо аз ин марз убур кардаам ва гоҳе меҳмони ин мардуми меҳнатқарини Зарафшонмарз шудаам. Пешниҳод ин аст, ки ё водии Зарафшонро бо шумули марказҳои маъмурии ноҳиядорияш ба ноҳияҳои тобеи марказ вобаста кард ё ба шакли устондории водии Зарафшон ин водиро аз вилояти Суғд ҷудо сохта, ба номгузории на ба шакли вилоят, балки ба шакли Водии Зарафшон дафтаргузории маъмурияшонро ҷудо сохт. Дар ин сурат бовар дорам, ки он мардум хоҳанд тавонист мушкили худро мустақилона ва сари вақт ҳал кунанд (муҳим нест, ки кадоме аз ин се ноҳия маркази маъмурӣ мешавад, бигзор яке аз ин ноҳияҳо бошад).

Аз ҳама муҳим, дар сурати аз вилояти Суғд ҷудо кардани водии Зарафшон, ҳам ба ҳукумати кишвар ва ҳам ба ҳукумати вилояти Суғд аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле ва хеле сарфакорӣ мешавад. Вассалом!!!
XS
SM
MD
LG