Феҳрист дастовардҳои бошгоҳҳоро дар даҳсолаи аввали қарни XXI ба ҳисоб гирифтааст. «Регар-ТадАЗ» бо 300,5 имтиёз дар байни 250 даста дар ҷои 100-ум, «Вахш» бо 239,5 имтиёз дар ҷои 149-ум ва «Хуҷанд» бо 196 имтиёз дар ҷои 191-ум қарор гирифтаанд.
Бошгоҳи футболи «Ал-Ҳилол»-и Ар-Риёзи Арабистони Саудӣ бо 797 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. Тими «Пахтакор»-и Тошканди Узбакистон бо 787,5 имтиёз ҷои дуввумро касб кардааст.
Дар пойтахти Малайзиё – шаҳри Куала-Лумпур конфронси муштараки мураббиёни AFC– Конфедеросиюни футболи Осиё ва FIFA – Федеросиюни байнулмилалии футбол бахшида ба ҷамъбасти Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 баргузор шуд.
Дар ин конфронс мудирони техникӣ ва сармураббиёни тимҳои мунтахаби кишварҳои Осиё, инчунин, раҳбарони дастаҳои Африқои Ҷанубӣ, инструкторон ва иштирокдорони лоиҳаи «Оянда» ширкат варзиданд.
Тоҷикистонро дар ин конфронс Аҳмадҷон Маҳмадҷонов, масъули Федеросиюни футболи Тоҷикистон ва Пӯлод Қодиров, сармураббии тими миллии кишвар, намояндагӣ карданд.