Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо Мавзуна Чориева қарордод баста шуд


Имрӯз, 3-юми июн, дар шаҳри Душанбе қарордоди ҳамкории Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Шоҳона» ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо узви дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон Мавзуна Чориева, қаҳрамони Осиё дар соли 2010, баста шуд.

Бар асоси ин қарордод, ки аз ҷониби раиси ҶММ «Шоҳона» Наврӯз Усмонов, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматов ва Мавзуна Чориева, узви дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон, ба тасвиб расид, «Шоҳона» ва КМО барои омодагӣ ва ширкати варзишгари тоҷик ва мураббиаш Мирзо Шамсиев дар мусобиқоти мухталифи байнулмилалӣ, инчунин, сабқати ҷаҳонӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (сентябри соли 2010), Бозиҳои осиёии соли 2010 дар шаҳри Гуанжоуи Чин ва Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон ҳамаҷониба кӯмак хоҳанд кард.

Бояд тазаккур дод, Мавзуна Чориева пас аз Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин, дуввумин варзишгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон аст, ки бо ӯ Кумитаи миллии олимпии кишвар ва сарпараст барои омодагиҳо ва ширкат дар мусобиқоти байнулмилалӣ қарордод ба имзо расондаанд.
XS
SM
MD
LG