Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВУДТ ба кори оддӣ бармегардад


Посгоҳ дар роҳ ба сӯи ноҳияи Тавилдара
Посгоҳ дар роҳ ба сӯи ноҳияи Тавилдара
ВАЗЪ ОДДӢ ШУД

Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, тасмими раҳбарияти ин ниҳод баъд аз боздошти бародарони Неъмат Азизов – Раҳмиддин ва Зайдуллоҳ ва шарикони онҳо гирифта шудааст. Оқои Асадуллоев афзуд: «Дар ҳоли ҳозир, вазъи ҷиноии кишвар таҳти назорати нерӯҳои ҳукуматӣ қарор дорад ва ҳоло кормандони вазорати корҳои дохила ба низоми оддии адои хизмат гузаштаанд.»

Низоми шадид ва саросарии хизмат дар ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон баъд аз эъзоми нерӯҳои ҳукумат ба шарқи ин кишвар моҳи
Дар ҳоли ҳозир, вазъи ҷиноии кишвар таҳти назорати нерӯҳои ҳукуматӣ қарор дорад ва ҳоло кормандони вазорати корҳои дохила ба низоми оддии адои хизмат гузаштаанд.
майи соли равон дар пайи овозаҳо дар бораи пайдо шудани гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ таҳти сарварии Мулло Абдулло ҷорӣ шуда буд. Дар ин амалиёт, ки аз сӯи ҳукумат «Кӯкнор-2009» унвон шуд, тамоми ниҳодҳои қудратии кишвар ширкат доштанд.

ДАР ТАВИЛДАРА ЧӢ ГУЗАШТ?

То марги Мирзо Зиёев, собиқ вазири ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон дар рӯзи 11 июл мақомот амалиёти худ дар Тавилдараро ба мубориза алайҳи як гурӯҳи мусаллаҳи қоҷоқбар рабт медоданд.

Аммо баъд аз марги Зиёев эълом доштанд, ки дар шарқи Тоҷикистон аъзои Ҳаракати исломии Ӯзбакистон таҳти сарварии Неъмат Азизов, маъруф ба Шайх Неъмат бо нерӯҳои ҳукуматӣ даргир буданд. Ҳукумат онҳоро ҳам қочоқбар ва ҳам террорист эълом дошт. Баъдтар мақомот эълом доштанд, ки гурӯҳе аз шаҳрвандони Русияро дар Душанбе боздошт кардаанд.

Рӯзи 17 июл расман аз кушта шудани 5 шаҳрванди боз Русия дар мавзеи Ҳавзи Кабуди Тавилдара иттилоъ пахш шуд. Чанд рӯз баъд телевизиони давлатии Тоҷикистон бар пояи шаҳодати як шаҳрванди аз Тавилдара боздоштшудаи Русия гузоришеро пахш кард, ки дар он Мирзо Зиёев ва Неъмат Азизов созмондиҳандаи беназмиҳо дар шарқи Тоҷикистон унвон мешуданд.

27 июл дар мавзеъи Чилдараи Тавилдара Неъмат Азизов низ ба ҳалокат расид. Рӯзи 3 август аз таслим шудани бародарони Неъмат Азизов – Раҳмиддин ва Зайдуллоҳ иттилоъ пахш шуд. Ва ҳоло мақомот мегӯянд, ки амалиёт дар Тавилдара ба охир расидааст. Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯйи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон: «Дар ноҳияи Тавилдара гурӯҳи террористӣ ба пуррагӣ несту нобуд карда шудааст. Ба ҷуз мақомоти маҳаллии ҳифзи ҳуқуқ, дар он ҷо як гурӯҳи бозрасии ҳаводиси ахир амал мекунад. Нерӯҳое, ки ба он ҷо эъзом шуда буданд, ба пойтахт ва ҷойҳои кори худ баргаштаанд.»

Тибқи иттилоъи расмӣ, бар асари амалиётҳо дар шарқи Тоҷикистон 11 нафар аз гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва як сарбози ҳукуматӣ кушта шудаанд ва теъдоди боздоштшудагон маълум нест. Мақомот ба хотири бозрасиҳои оянда аз гуфтани рақам худдорӣ мекунанд.

Мақомот ҳанӯз ҳам омода нестанд, ки ба ҳаводиси шарқи Тоҷикистон рӯшанӣ андозанд. Аз ҷумла то ба ҳол маълум нест, ки оё дар шарқи Тоҷикистон чӣ гузашт: амалиёти зидди маводи мухаддир ё зиддитеррористӣ? Дар бораи марги Мирзо Зиёев низ суолҳое боқӣ мондаанд, ки посух мехоҳанд. Аз ҷумла дар ҳоле ки мақомот мегӯянд, ӯ узви ҲИӮ ва аз созмондиҳандагони ноамнӣ буд, манобеъи дигар мегӯянд, ӯ балки миёнҷии музокирот буд. Дар ҳоле ки мақомот размандагони гурӯҳи Неъмат Азизовро аъзои ҲИӮ ном мебаранд, сарвари ин ҳаракат Тоҳир Юлдош онҳоро узви ҲИӮ эътироф намекунад. Мақомот гуфтанд, ки онҳо аз Покистон омадаанд, манобеъи дигар мегӯянд, ки онҳо барои кӯмак ба Толибону Ал-Қоида озими Покистон буданд. Ин ҳама суолҳо ҳанӯз бепосух мондаанд.

ТАҲДИДҲО ҲАНӮЗ БОҚИСТ

Коршиносон мегӯянд, ба охир расидани норомиҳои шарқи Тоҷикистон ба он маънӣ нест, ки ба ин кишвар дигар ҳеҷ гуна хатар таҳдид намекунад.

Шокирҷон Ҳакимов, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, то он лаҳзоае, ки Тоҷикистон дар вазъи хароби иқтисодӣ қарор дорад, бекорӣ, фақр, коҳиши муҳоҷират ва рӯҳияҳои пессимистӣ дар авҷанд, намешавад аз таҳдиди террористони нав хотирҷамъ шуд:
«Масъалаи дигар, маҳалгароӣ, камбудиҳои ҷиддӣ дар амалӣ намудани сиёсати кадрӣ ва сусттар шудани низоми мақомоти намояндагӣ ва баръакс пурзӯр шудани низоми мақомоти иҷроия дар давлатдорӣ низ боиси таассуф аст. Дар натиҷа функсияҳои назоратии мардум аз болои ҳокимияти давлат заифтар шудааст. Вақте ки дар ду – дуним сол як маротиба ҳадди ақалли музди меҳнат бардошта мешавад, вале дар ҳар як сол чор-панҷ маротиба арзиши хизматрасонӣ дар нақлиёт, барқ, газ ва дигар хадамоти маишӣ боло меравад, ин албатта, боиси норизоияти мардум мешавад.»

Коршиносон ҳамчунин бар афзоиши рақобати қудратҳо дар минтақа ишорат мекунанд, ки ҳоло рӯи пойгоҳу фурудгоҳҳои низомӣ ба
Қудратҳо бо истифода аз заъфи иқтисодии кишварҳои минтақа мекӯшанд, нуфузи низомиву сиёсии худро афзоиш диҳанд.
амал омадааст. Шокирҷон Ҳакимов: «Кишварҳои муқтадир бо ҳар баҳона мекӯшанд, ки шумораи нерӯҳои низомӣ ё худ иқтидори низомӣ, таъсири низомиашонро дар кишварҳои минтақа зиёд кунанд. Масалан, дар Қирғизистон ахиран ба хулосае омаданд, ки Русия пойгоҳи низомии навашро бунёд кунад. Дар Тоҷикистон низ ҳамчунин масъалаҳо вуҷуд доранд, масалан, рӯи фурудгоҳи низомии Айнӣ. Яъне қудратҳо бо истифода аз заъфи иқтисодии кишварҳои минтақа мекӯшанд, нуфузи низомиву сиёсии худро афзоиш диҳанд.»

Коршиносон мегӯянд, заминаҳои сиёсиву иҷтимоӣ барои ба вуҷуд омадани ноамниҳо дар Тоҷикистон ҳанӯз вуҷуд доранд ва баръакс, рӯз ба рӯз қавӣ мешаванд.
XS
SM
MD
LG