Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи мусаллаҳона ба посгоҳи Тавилдара


Мақомоти амниятӣ ва умури дохилии Тоҷикистон хабарҳои даргириҳо дар минтақаи Тавлидараро рад мекунанд.

Аммо сокинони деҳоти Лангар, Миёнаду, Чилдара ва деҳкадаҳои атрофи маркази ноҳия мегӯянд, садои тирпарониҳоро шунида, ҳаракати мошинҳои низомии ҳомили сарбозҳоро дидаанд. Ба гуфтаи онҳо, дар маркази ноҳияи Тавилдара таҷаммӯъи кормандони ниҳодҳои қудратии кишварро мушоҳида мекунанд.

Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, садои тирандозиҳое, ки баланд шуда, ба гӯши сокинони ин деҳот расидааст аз натиҷаи амалиёти нерӯҳои умури дохилӣ бо гурӯҳҳои қочоқбар буда, дар ҷараёни амалиёти "Кӯкнор-2009" ба вуқӯъ пайвастааст.

Аммо як корманди баландпояи амниятии Тоҷикистон ба хабаргузории "Ройтерз" гуфтааст, ки рӯзи панҷшанбе як гурӯҳи мусаллаҳе ба посгоҳи полис дар ноҳияи Тавилдара ҳамла кард. Вай шумораи ҳамлаваронро 15 нафар номида гуфтааст, ҳоло дар куҷо будани ин гурӯҳ маълум нест. Вай инчунин гуфтааст, ин метавонад, як гурӯҳи қочоқбар бошад ва ё дастаи марбут ба гурӯҳҳои муайяни тундрав.

То ҳол ҳувияти гурӯҳҳое, ки дар Тавилдара вориди даргирӣ бо нерӯҳои давлат шудаанд, дақиқ нагаштааст, аммо Олим Одилов, собиқ муовини сардори Шӯъбаи пешини мубориза алайҳи ҷиноятҳои созмонёфтаи минтақаи Рашт, ки бо Шӯъбаи умури дохилии ин ноҳия робита дорад, мегӯяд, дар як шабонарӯзи гузашта миёни нерӯҳои умумри дохилӣ ва афроди генерали собиқ Мирзо Зиёев се даргирӣ ба амал омадааст.

Одилов меафзояд, бо он таҷрибае, ӯ ва шариконаш аз замони ҷанги дохилӣ андӯхтаанд, талош доранд, бо кормандони умури дохилии навоҳии Рашт мулоқот кунанд ва аз эҳтимоли доман паҳн кардани ин даргириҳо ба мавзеҳои дигари минтақаи шарқии кишвар ҷилавгирӣ намоянд.

Ба қавли вай, то кунун сабабу ангезаҳои ин даргириҳо маълум нест ва ҳамчунин хабаре нест, ки агар ин афрод ба Мирзо Зиёев мансубанд чаро мухолифат мекунанд ва чӣ талаб пеш гузоштаанд.

Дар ҳоле ки ин гузориш омода мешуд, сардори Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Тавилдара иттилоъ дод, ки вазъ дар Тавилдара ором аст. Сокинони ноҳия низ мегӯянд, дар ҳама ҷо феълан оромӣ ҳукмфармост.

Хабарнигори мо дар минтақаи Бадахшон Мирзоҷалоли Шоҳҷамол аз қавли Асадулло Неъматов, навбатдори фаврии Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Дарвоз мегӯяд, пас аз зӯҳри дирӯз, 8-уми июл, шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ барои ҳаракати нақлиёт баста шудааст. Вале дар бораи сабаби қатъи ҳаракати нақлиёт тавассути ағбаи Сағирдашт иттилое дода намешавад.

Хабарнигори дигари мо дар минтақаи Рашт, Маҳмуди Шодӣ, ки бо сокинони Тавлидара сӯҳбатҳо доштааст, мегӯяд, намояндагони посгоҳи "Сариҷар" дар 150-километрии пойтахти Тоҷикистон мусофиронеро, ки сафари Бадахшон доштаанд, ба иллати нооромӣ дар Тавилдара пас гардондаанд. Ба қавли ӯ, ҳудуди 8 мошини мусофирон оқиб гардонда шудааст. Аммо тибқи охирин хабар ҳаракат дар ин масир аз нав оғоз шудааст.
XS
SM
MD
LG