Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати фармондеҳ Неъмат Азизов дар Тавилдара


Мақомоти ҳарбии Тоҷикистон хабари ҳалокати Неъмат Азизов раҳбари гурӯҳи мусаллаҳеро, ки ахиран дар Тавилдара амал мекард, тасдиқ намуданд.

Ин манбаъи ҳарбӣ дар Тавилдара ба хабарнигори радиои "Озодӣ" гуфт, Азизов дар ҷараёни як даргирӣ дар деҳаи Шӯрдараи ҷамоати Чилдара, 22-километрии маркази ноҳияи Тавилдара кушта шуда, тарафдоронаш ин маҳалро тарк кардаанд ва нерӯҳои давлат онҳоро думболагирӣ мекунанд.

Аммо манбаъҳои дигар хабар додаанд, ки даргирӣ дар мавзеъи Миёнаду дар ҳоле сар задааст, ки нерӯҳои давлат бомдоди 29-уми июл макони будубоши ин гурӯҳро кашф кардаанд. Бар асари муқовимати гурӯҳи Азизов тирандозии дутарафа шурӯъ шуда, дар ҷараёни он сарвари гурӯҳ ба ҳалокат расидааст.

Чанд ҳафтаи гузашта хабар мерасид, ки нерӯҳои давлат бо ин гурӯҳ дар наздикии деҳаҳои Ҳафтчароғ, Даштиғурк ва Ғарибон борҳо вориди даргирӣ шудаанд. Шаби 16-уми июл байни ин гурӯҳ ва нерӯҳои давлат ак даргирии давомдор ба вуқӯъ пайвастааст.

Мақомоти расмӣ Неъмат Азизов, мулаққаб ба “Шайх Неъмат”-ро ки ба даст доштан дар куштори як афсари артиш дар моҳи июн ва ҳамла ба посгоҳи милиса дар минтақаи Сафедхок дар таьрихи 8 июли соли равон айбдор мекунанд.

Дар изҳороти муштараки Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ҳамчунин гуфта мешуд, ки фармондеҳи собиқ ва вазири пешини умури изтирорӣ, Мирзо Зиёев ҳангоми ташкили гуфтушунид бо гурӯҳи Шайх Неъмат рӯзи 11-уми июл ба ҳалокат расидааст.

Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар як баёнияи муштарак рӯзи 12-уми июл гуфтанд, ин даргириҳо дар робита ба амалиёти "Кӯкнор-2009" ба амал омадаанд ва дар минтақа як масири интиқоли маводди нашъадор мавҷуд будааст, ки онро "узви фаъоли ташкилоти байналмилалии террористии Ҳаракати исломии Ӯзбакистон, Азизов Неъмат Саъдуллоевич сарварӣ намуда, онро маҳз барои маблағгузорӣ ва сарпарастии гурӯҳҳои террористӣ истифода мекард."

Бар асоси ин баёния, рӯзи 11-уми майи соли ҷорӣ дар натиҷаи ҳуҷуми гурўҳи Неъмат Азизов ва Мирзо Зиёев дар деҳаи Чорсуни болои ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз 3 нафар сарбоз гаравгон гирифта шудааст ва афсари нерӯҳои ҳукуматӣ, Абрибат Алишоев ба ҳалокат расидааст.

Дар ҷараёни амалиёт ҳамчунин 5 шаҳрванди Русия дар наздикии мавзеъи Ҳавзи Кабуд кушта шудаанд, ки гуфта мешавад, дар қочоқи маводи мухаддир даст доштаанд.

Аммо бархе аз фармондеҳони собиқи мухолифон, аз ҷумла Олим Одилов, собиқ муовини сардори шӯъбаи пешини мубориза алайҳи ҷиноятҳои созмонёфтаи минтақаи Рашт даст доштани тарафдорони Азизов ва Зиёевро дар қочоқи маводи мухаддир рад кардаанд.

Неъмат Азизови 41-сола, сокини деҳаи Пастироғи ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ яке аз аъзои фаъоли Иттиҳоди оппозисюни тоҷик буд. Пас аз имзои созишномаи сулҳ дар соли 1999 тибқи барномаи ҳамоиши нерӯҳои оппозисюн бо сохторҳои қудратии давлат ба кор дар Вазорати умури изтирории Тоҷикистон ҷалб гардид ва вазифаи фармондеҳи баталйони ин вазорат дар ноҳияи Тавилдараро иҷро мекард.
XS
SM
MD
LG