Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати дифоъ хабари расонаҳоро рад кард


Вазорати дифои Тоҷикистон хабарҳои расонаҳои Русия дар бораи пешниҳод шудани фурӯдгоҳи низомии Айнӣ барои истифода ба Амрикоро беасос хонд.

Бино ба як матлабе, ки рӯзномаи «Независимия газета», чопи Маскав, нашр кардааст, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми дидор бо ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар Душанбе ба Амрико пешниҳод намудааст, ки барои кӯмак ба нерӯҳояш дар Афғонистон метавонад аз фурӯдгоҳи низомии Айнӣ истифода барад.

Аммо мақомоти Вазорати дифои Тоҷикистон гуфтанд, ки чунин пешниҳод аслан сурат нагирифтааст. Маъруф Ҳасанов, сардори раёсати равобити байнулмилалии Вазорати дифои Тоҷикистон, ин ахборро бепоя хонд ва гуфт, дар ҳоли ҳозир дар ин фурӯдгоҳ корҳои сохтмониву таъмир идома дорад.

Аммо баррасии мавзӯи фурудгоҳи низомии Айнӣ, воқеъ дар 10-километрии ғарби шаҳри Душанбе, ва эҳтимоли истифодаи он дар оянда аз сӯи кишварҳое, чун Русияву Амрико ва Ҳиндустон, тайи чанд соли ахир дар матбуоти ин кишварҳо ҷараён дорад.

Бо таваҷҷӯҳ ба бархурди Русия ба тарҳҳои энержии Тоҷикистон ва ин, ки Русия ваъдаи 5 сол пеш барои сармоягузории 2 миллиард доллар ба иқтисоди Тоҷикистонро иҷро накард, Душанбе метавонад ин пойгоҳро барои истифодаи Амрико бидиҳад...
Расонаҳои Ҳинд, ки бозсозии пойгоҳи ҳавоии Айнӣ, ки бо 20 миллион доллари сармояи ҳамин кишвар анҷом мешавад, чандин дафъа ба мавзуи ин фурӯдгоҳ баргашта, менавиштанд, ки дар он пойгоҳи ҳавоии Ҳинд мустақар хоҳад шуд. Аммо Душанбе ин хабарро ба борҳо беасос номида ва радд кардааст.

Русия низ, ки бузургтарин пойгоҳи низомии хориҷиашро дар Тоҷикистон ҷойгир аст, нияти истифода аз фурӯдгоҳи низомии Айниро на як бору ду бор эълон кардааст. Ва дар ҷараёни сафари Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон дар тирамоҳи соли гузашта раиси ҷумҳурии Русия изҳор карда буд, ки ҳарду кишвар аз ин фурӯдгоҳ якҷоя истифода хоҳанд кард ва дар ин замина созишҳое ҳам ҳосил шудааст.

Аммо нигаронии Русия ва коршиносони ин кишвар аз имкони тағйири шароити созишномаҳои қаблан ба дастомада миёни Тоҷикистон ва Русия дар заминаи фурӯдгоҳи Айниро бархе аз коршинсони тоҷик беасос намедонанд. Махсусан баъд аз он, ки Қирғизистон ба ҳузури нерӯҳои низомии Амрико дар пойгоҳи Манасро бо каме тағйир имконпазир иҷозат дод, дар ҳоле ки барои хуруҷи онҳо ҳам ҳукумат ва ҳам порлумони ин кишвар қарор қабул карда буданд.

Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба мавқеъгирии Русия ба тарҳҳои бузурги энержии Тоҷикистон ва ин, ки Русия ваъдаи 5 сол пеш барои сармоягузории 2 миллиард доллар ба иқтисоди Тоҷикистонро иҷро накард, Душанбе метавонад ин пойгоҳро барои истифодаи Амрико бидиҳад. Вале, ба боварии оқои Мамадазимов, Тоҷикистон дар ин масъала каме дер кардааст.

Аммо Парвиз Муллоҷонов, коршиносои масоили минтақаӣ, мегӯяд, барои истифодаи муассир аз фурӯдгоҳи Айнӣ давлати Тоҷикистон ба ду омил бояд таваҷҷӯҳ кунад. Яке омили иқтисодӣ ва дигар омили сиёсӣ. Дар сурати созгор омадани ин ду омил истифода аз ин фурӯдгоҳ бар суди давлати Тоҷикистон хоҳад буд.

Аммо чуноне масъули Вазорати дифои Тоҷикистон Маъруф Ҳасанов низ зикр кард, ҳанӯз таъмир ва бозсозии фурӯдгоҳи Айнӣ ба анҷом нарасидааст. Ва тайи чаҳор соли ахир ин фурӯдгоҳ бо сармоя ва ширкати мутахассисон аз Ҳиндустон навсозӣ мешавад. Ҳамзамон вай ба созиш расидани Русия ва Тоҷикистон дар бораи истифодаи якҷоя аз ин фурӯдгоҳро радд накард, вале таъкид кард, ки ин ҳарфе нав нест.

Фурӯдгоҳи Айнӣ дар солҳои Шӯравӣ бунёд шуда, асосан маҳалли нишасту бархези чархболҳои низомӣ будааст. Масоҳати он барои истифодаи ҳавопаймоҳо кифоят намекард. Аммо бо анҷоми корҳои таъмир ва бозсозӣ масоҳати фурӯдгоҳ то 250 гектар васеътар шуда ва майдони парвози он барои нишасту бархости тайёраҳои низомӣ низ мувофиқ карда хоҳад шуд.

Тибқи тавофуқоти шифоҳии дар гузашта ҳосилшуда, қарор буд, бо хатми барномаи бозсозии пойгоҳи Айнӣ ҷангандаҳои Су-25 ва чархболҳои навъи Ми-8 ва Ми-24–и пойгоҳи низомии Русия, ки ҳоло дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе нигоҳ дошта мешаванд, ба ин ҷо кӯчонида шаванд.

Аммо ба назари таҳлилгарон, сарнавишти пойгоҳи Айнӣ ҳанӯз ба фоидаи Русия ҳал нашудааст ва танҳо баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ дар фурӯдгоҳ метавон гуфт, оё дар ин пойгоҳи ҳавоӣ ҷангандаҳои СУ-25-и артиши Русия хоҳанд нишаст ва ё ҳавопаймоҳои ҷангии Эф-16-и амрикоӣ?
XS
SM
MD
LG