Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурудгоҳи Айнӣ аҳамият пайдо кард



Соҷидаи Мирзо

Сару садо дар бораи эҳтимоли таъсиси пойгоҳи низомии Ҳинд дар ин фурудгоҳ боиси нороҳатии маҳфилҳои дигар дар минтақа шудааст.



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов сафари нахуствазири Ҳиндустонро ба кишвараш ҳамчун як таҳаввулоти деринтизор арзёбӣ кард ва гуфт, ки ин боздид таконе хоҳад буд барои таҳкими равобити дуҷониба ва дарозмуддати Ҳиндустону Тоҷикистон.

Дар ҳоли ҳозир Душанбеву Деҳлӣ барои таъсиси як комиссияи ҳамоҳангсози мубориза бо терроризм ва ифтитоҳи хатти мустақими ҳавоӣ байни пойтахтҳои ду кишвар ба созиш расиданд.

Баъзе хабаргузориҳо дар остонаи сафари Атол Биҳарӣ Ваҷпайӣ, нахуствазири Ҳиндустон ба Тоҷикистон аз барномаҳои дарозмуддати Деҳлии Нав маълумот доданд, ки Ҳиндустон барнома дорад дар Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ бунёд кунад. Сухан аз боби фурудгоҳи низомии Айнӣ, воқеъ дар 10-километрии ғарби Душанбе аст, ки чандин сол боз ба иллати корношоямӣ аз истифода хориҷ гардид. Аммо гуфта мешавад, ки феълан танҳо барои тармими хати ҳавоии фурудгоҳ 10 милён доллар сарф шудааст. Дар сурати анҷоми тармим фурудгоҳ қодир аст ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва боркаши низомиро қабул кунад.

Ваҷпайӣ дар бораи барномаи бунёди пойгоҳи ҳарбии Ҳиндустон дар Тоҷикистон чизе мушаххас нагуфт, танҳо хабар дод, ки гуруҳи муҳандисони Ҳиндустон танҳо дар бозсохти фурудгоҳи Айнӣ саҳм мегирад, на беш аз он. Вазорати дифоъи Тоҷикистон низ ин хабарро бепояву асос хонд.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи "Эру Экшигту"-и Ҳиндустон овоздиҳиеро дар саҳифаи интернетии худ ба роҳ монд, ки иштирокдорони он бояд ба як суол посух бигуянд: Оё бунёди пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистон Ҳиндустонро ба абарқудрати минтақавӣ табдил медиҳад?

Матбуоти Покистон, кишвари дигари минтақа, ҳузури низомии Ҳиндустонро дар ин давлати Осиёи Марказӣ ҳамчун амали анҷомшуда баррасӣ кард ва гуфт, ки президент Парвиз Мушарраф ҳануз моҳи июн масълаи пойгоҳи низомии Айниро бо Эмомалӣ Раҳмонов, президенти Тоҷикистон дар миён гузошт.

Хабаргузории Ассошиейтед Пресс мегуяд, ки барномаҳои Ҳиндустон дар самти таҳкими ҳамкории низомӣ бо Тоҷикистон рақиби Ҳинд - Покистонро нороҳат кардаанд. Ба гуфтаи ҳамин хабаргузорӣ, ҳузури низомии Амрико дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ва амалиёти он дар Афғонистон Ҳиндустону Чинро ба кушишҳои нуфузҷуӣ дар минтақа тела додааст.

XS
SM
MD
LG