Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Азия-Плюс": Пойгоҳи ҳарбии Ҳиндустон дар Тоҷикистон?


Нашрияи «Миллат» посухи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, муовини собиқи сарвазири Тоҷикистонро ба як матлаби ҳамин нашрия, ки робитаи ӯро ба ҳаракати оппозитсионии «Ватандор» ва раҳбари он Додоҷони Атовулло тахмин мезанад, нашр кардааст. Оқои Тӯраҷонзода гуфтааст, ки инқилобҳо ба ҷуз бадбахтӣ барои мардум чизе дигаре намеоранд, аз ин рӯ ман мухолифи ҳама гуна инқилоб ҳастам, хоҳ сурх, хоҳ зард ва хоҳ бунафшӣ... Ва ҳамчунин оқои Тӯраҷонзода мавқеи худро нисбат ба сиёсати раиси ҷумҳури Тоҷикистон мушаххас эълом карда ва аммо он тахминро, ки ӯ бо ҳаракати «Ватандор» ва раҳбари он Додоҷони Атовулло робита дорад, рад кардааст.






Нашрия ҳамчунин дар матлаби дигар ба мавзӯъи инқилоби ваъдакардаи бунафшаҳои Додоҷони Атовулло баргашта, суол додааст, ки оё дар ин инқилоб Маскав ва Тошканд даст хоҳанд дошт? Муаллиф дар мавриди ихтилофоти Русияву Ӯзбакистон дар муқобили Тоҷикистон навиштааст, ки мавзӯи аслӣ барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоъии Тоҷикистон барои чанд соли оянда мебошад, ба ибораи дигар, манзур бунёди тарҳҳои калидии зерсохтии кишвар ва қабл аз ҳама нерӯгоҳҳои барқист. Ва ҳамзамон дар матлаб омадааст, ки бар асоси ахбори ғайрирасмӣ, ба ҳаракати оппозитсионии «Ватандор» ба ҷуз Додоҷони Атовулло, Абдумалик Абдуллоҷонов, сарвазири собиқи кишвар, Абдуқодир Эрматов, раиси собиқи корхонаи арзизи тоҷик, Узбеков, вакили собиқи парлумон ва Маҳмуд Худойбердиев, сарҳанги шӯришгар пайвастаанд.






Ҳафтаномаи «Нигоҳ» хабар додааст, ки пас аз таваққуфи тӯлонӣ Тоҷикистон бо ихтисоси 50 миллион доллар аз буҷаи кишвар ҷиҳати идомаи корҳо дар нирӯгоҳи барқи обии Роғун, тасмим гирифтааст нирӯгоҳи мазкурро дар танҳоӣ бунёд кунад. Ҳамзамон навиштааст, ки феълан ширкати Русали Русия аз бунёди нирӯгоҳи Роғун даст кашидааст ва низ ҳукумати Русия низ эълом доштааст, ки ҳадди ақалл дар буҷаи соли ҷории ин кишвар барои сармоягузорӣ дар хориҷ маблағҳо ба назар гирифта нашудааст. Ва муаллиф менависад бунёди нирӯгоҳи барқи обии Роғун, ки роҳали мушкилоти иқтисодии Тоҷикистон унвон мешавад, ба як ғояи миллӣ табдил гаштааст. Пас ба ақидаи ӯ бояд ба ҳар роҳу васила, сарфи назар аз ихтилофоти ҳамсоякишварҳо ин ғоя ҷиддан пуштибонӣ шавад.







«Азия плюс» дар зимн хабар додааст, ки ҳафтаи ҷорӣ дар Вашингтон санади сеҷонибаи ҳусни тафоҳум миёни Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва ширкати РАО ЕЭС-и Русия дар мавриди идомаи сармоягузорӣ дар бунёди нирӯгоҳи барқи обии Сангтуда -1 ба тасвиб расид. Нашрия навиштааст, ки феълан 75 дарсади саҳмияҳои ин нирӯгоҳ дар дасти ширкати РАО ЕЭС-и Руся ва 25 дарсад дар дасти Тоҷикистон аст. Аммо бар тибқи ин санад РАО ЕЭС 24 дарсади саҳми худ дар ин нирӯгоҳро ба созмонҳои байналмилалии молиявӣ пешниҳод кардааст. Ҳамзамон менависад, бар тибқи иттилои Бонки ҷаҳонӣ Ҳукумати Тоҷикистон аз созмонҳои байналмилалии молиявӣ дархост кардааст, ки ҷиҳати дарёфти 24 дарсад саҳмияҳои пешниҳодкардаи ширкати РАО ЕЭС ба ҷониби Тоҷикистон қарз ихтисос диҳад. Ва ба ҳамин тартиб ҷониби Тоҷикистон мехоҳад саҳми худ дар бунёди нирӯгоҳи барқи обии Сангтударо то 49 дарсад афзоиш диҳад ва бонки ҷаҳонӣ гуфтааст ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.







«Азия плюс» дар матлаби дигар бо истинод ба рӯзномаи "Indian Express" навиштааст,ки Ҳиндустон тасмим дорад дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии худро бунёд кунад. Ин нашрия хабар додааст, ки Ҳиндустон бар тибқи созишномаи сеҷониба бо Тоҷикистон ва Русия фурудгоҳи низомии Айнӣ, 10 километрии Душанберо бо харҷи ҳудуди 20 миллион доллар тармим карда ва феълан ҳайати шахсии қисмҳоии низомии дифоъ ва хидматрасонии ин кишвар дар пойгоҳи низомии мазкур мустақар шудаанд. Вале вазорати дифоъи Тоҷикистон ҳама иддаъоро дар мавриди бунёди пойгоҳи низомии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ва анҷоми таҷдиди фурудгоҳи Айнӣ рад кардааст. Масъулини вазорати дифои Тоҷикистон гуфтаанд мо бо Ҳиндустон созишномаи таъсиси пойгоҳи низомӣ ва аз сӯи нирӯҳои низомии ин кишвар истифода бурдани фурудгоҳи Айниро ба тасвиб нарасондаем. Ҳамчунин афзудаанд, ки мо ҳадафи ба ҷуз пойгоҳи низомии Русия таъсиси пойгоҳи низомии дигар кишварҳо дар Тоҷикистонро надорем.






«Миллат» дар матлаби дигар мавзӯъи падари шеъри нави форсиро аз нав матраҳ кардааст. Нашрия навиштааст, ки Нимоъ Юшиҷ, шоири маъруфи эронӣ ва муаллифи манзумаи машҳури «Афсона», дар ин кишвар «падари шеъри нав» унвон мешавад, ин асари худро дар пайравӣ бар вазни бесобиқаи «Марши ҳуррият» эҷод кардааст. Ба ақидаи муаллиф ҳамчунин манзумаи «Афсона»-и Нимоъ Юшиҷ пасаз панҷ соли офарида шудани «Марши ҳуррият» таълиф шудааст. Нашрия ҳадс задааст, ки пас Нимоъ Юшиҷ аз шеъри «Марши ҳуррият»-и Садриддин Айнӣ иттилоъ доштааст. Зеро менависад дар он солҳо матбуъоти инқилобии Бухоро бо ҳуруфи форсӣ мунташир мешуд ва ба Эрон низ мерасид. Ва дар зимн суол гузоштааст, ки «падари шеъри нави форсӣ кист, Айнӣ ё Юшиҷ?
XS
SM
MD
LG