Вазорати дифоъи Тоҷикистон хабари бунёди пойгоҳи низомии Ҳиндустон дар ин кишварро таъйид ё такзиб накард. Тибқи хабарҳои расида, вазорати дифоъи Ҳиндустон тасмим гирифтааст, чанд адад чархболи Ми-17 ва ҳавопаймоҳои низомии «Кирон»-ро дар фурудгоҳи ҳарбии Айнӣ, 20-километрии ғарби Душанбе, мустақар кунад. Ҳоло вазорати дифоъи Ҳиндустон мунтазири посухи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар амри шурӯъи интиқоли чархболҳо мебошад.
Таҳмина Хайруллоева, муовини сардори шуъбаи равобити байналмилалии Вазорати дифоъи Тоҷикистон, гуфт, наметавонад таъйид кунад, ки эҳтимоли ворид шудани фанноварии низомии Ҳинд ба ин кишвар вуҷуд дорад ва ҳамзамон ин хабарро такзиб ҳам намекунад.
Маълумоте оид ба тасмими Ҳиндустон барои ҷойгир кардани ҳавопаймову чархболҳояш дар ҳудуди Тоҷикистон бори аввал нест, ки дар расонаҳои хабарии Ҳинд интишор мешавад, аммо мақомоти вазорати дифоъи Тоҷикистон ҳамеша ин ахборро на тасдиқ ва на инкор мекунанд. Ҳамзамон дар сафорати Ҳиндустон дар Душанбе низ аз шарҳи ин хабар худдорӣ варзиданд. Намояндагиҳои диплумосии Иёлати Муттаҳида ва Русия дар Душанбе гуфтанд, ки ба муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону кишварҳои ғайр наметавонанд ва намехоҳанд мудохила кунанд. Қаблан раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ изҳорот дода буд, ки барои ҳеҷ кишваре, ба ҷуз Русия, иҷоза дода намешавад, то пойгоҳи низомии худро дар ҳудуди Тоҷикистон мустақар кунад.
Ин дар ҳолест, ки таҳлилгарон мегӯянд, Ҳиндустон бо бунёди пойгоҳи низомӣ дар ҳудуди Тоҷикистон, мехоҳад мавқеъи худ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷанубиро устувортар кунад. Коршинос Сафо Сафаров мегӯяд: «Дар миқёси ҷаҳон Ҳиндустон алъон дар шумори чанд кишварест, ки суръати рушди иқтисодиашон хеле баланд аст. Аз сӯи дигар Ҳиндустон дорои силоҳи ҳастаист ва муносибатҳои сардаш бо дигар кишварҳои дорои чунин силоҳ, хусусан Покистон, ин кишварро вомедорад, ки иқтидори низомиашро тақвият бахшад ва то ҷойи имкон ҳузури ҷузъу томҳои худро дар дигар кишварҳои минтақаи Осиё таъмин созад. Ҳамзамон Тоҷикистон соҳибихтиёр аст, бо ҳар кишваре, ки мехоҳад, албатта бо дарназардошти манофеъи худ, ҳамкориҳои гуногунҷабҳа, аз ҷумла низомӣ, ба роҳ монад. Агар мақомоти дахлдори Тоҷикистон дар айни замон имкони ҳузури нерӯҳои низомии Ҳиндустон дар фурудгоҳи Айниро на таъйид мекунанд, на такзиб, аҷаб нест, ки дар оянда ин нерӯҳо дар оянда дар қаламрави кишварамон воқеан ҳам мустақар гарданд. Фикр мекунам, ҷониби Тоҷикистон зимни чунин тасмимгирӣ мавқеи худро то андозае бо дидгоҳи қудратҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла Чин, Русия ва ИМА ҳамоҳанг хоҳад кард ва низ ба инобат хоҳад гирифт, ки муносибатҳояш бо давлати Покистон як андоза ба сардӣ мегарояд».
Ҳиндустон ҳамроҳ бо Тоҷикистону Русия дар таъмиру тармими фурудгоҳи низомии Айнӣ ширкат дошт ва ба гуфтаи мақомоти Ҳиндустон, барои анҷоми ин кор 25 миллион доллари амрикоӣ масраф кардааст. Ва барои бори чандум аст, ки манобеи вазорати мудофиаи Ҳиндустон пиромуни эҳтимоли таъсиси пойгоҳи низомии худ дар фурӯдгоҳи низомии Айнӣ хабар пахш мекунанд.
Дар ҳамин ҳол Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар вокуниш ба хабари интишоркардаи расонаҳои хабарии ҳинд гуфт, Тоҷикистон дар робита ба мустақар шудани нерӯҳои мусаллаҳи Ҳиндустон ҳеҷ қарордоде бо давлати ин кишвар ба имзо нарасонидааст ва ин хабар ба воқеият мувофиқ нест.