Довари ин мусобиқа Баҳром Ҳамидов, дабири кулли Федеросиюни каратэ-дои Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, дар сабқати қитъавӣ беш аз 500 варзишгар аз 6 кишвар - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Туркия ва Ҷопон - ширкат доштанд. Мусобиқа дар се гурӯҳ байни кӯдакону наврасон, ҷавонон ва бузургсолон баргузор шуд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа варзишгарони вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе намояндагӣ карданд.
Шогирдони бошгоҳи марказии варзишии «Ватан»-и шаҳри Хуҷанд Носиршайх Файзуллоев ва Саттор Фаттоҳов дар сабқати наврасон дар вазни худ ҷойҳои аввалро соҳиб шуданд. Аъзои ин бошгоҳ Наим Мансурӣ ва Манучеҳр Каримов дар сабқати навҷавонон дар ҷойҳои дуввум қарор гирифтанд.
Темур Қаюмов, намояндаи мактаби каратэи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар сабқати бузургсолон дар вазни то 78 кг бо медали нуқра сарфароз шуд.
Инчунин варзишгарони ҷавони тоҷик соҳиби 15 медали биринҷӣ гардиданд.
Баҳром Ҳамидов, ки беҳтарин довари ин мусобиқа эътироф шуд, бо ҷоиза сарфароз гашт.
Варзишгарони ҷавони тоҷик дар нахустин мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба шотакан каратэ-до дар шаҳри Тошканди Узбакистон 20 медал ба даст оварданд.