«Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар меҳмонӣ бар «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд. «Энергетик»-и Душанбе дастаи меҳмон – «Гвардия»-и Душанберо бо ҳисоби 5:3 мағлуб сохт. CSKA «Помир»-и Душанбе дар сафар бар «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 4:2 ғалаба кард. Бад-ин тартиб дастаҳои «Вахш», «Энергетик» ва CSKА «Помир» ба чаҳорякфинал баромаданд.
Бозии ҷавобии ҳаштякниҳоӣ байни «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва дастаи мизбон – «Динамо»-и Душанбе бегоҳи имрӯз – 15-уми сентябр баргузор мешавад.
Танҳо як даста - «Саройкамар»-и Панҷ аз ширкат дар Ҷоми Тоҷикистон даст кашид. Бинобар ин рақибаш – «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ғолиб дониста, бар асоси қуръакашӣ бидуни ширкат дар даври чаҳорякниҳоӣ ба марҳилаи ниманиҳоӣ роҳ ёфтааст. Рақиби «Регар» ТадАЗ ғолиби бозии чаҳорякниҳоӣ ё «Вахш» ва ё «Энергетик» хоҳад шуд.
Инчунин дастаи CSKA «Помир» низ якбора ба нимфинал баромад ва рақибашро интизор аст. Дар даври чаҳорякниҳоӣ «Парвоз» бо ғолиби ҷуфти «Хуҷанд» - «Динамо» бозӣ хоҳад кард ва дастае, ки ба нимфинал мебарояд бо CSKA «Помир» рӯ ба рӯ мешавад.
Бозиҳои аввали чаҳорякниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2008 рӯзи 23-юми сентябр ва бозиҳои ҷавобӣ 27-уми сентябр баргузор хоҳанд шуд.