Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистонро дар 7 соли оянда чӣ интизор аст? Коршиносони минтақа дар бораи натиҷаҳои интихоботи президентӣ


Раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии Тоҷикистон. 11-уми октябри 2020
Раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии Тоҷикистон. 11-уми октябри 2020

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гуфт, дар интихоботи 11-уми октябр беш аз 4 миллиону 238 ҳазор раъйдиҳанда иштирок карда, зиёда аз 90 дарсади онҳо аз Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ намудаанд. Аммо натиҷаҳои интихобот гуруҳеро норозӣ гузошт, чун бовар доранд, ба тақаллуб олуда буд ва бе рақобати воқеӣ гузашт.

Радиои Озодӣ бо чанд коршиноси минтақа дар мавриди натиҷаҳои раъйдиҳӣ ва рӯйи ин ки чӣ пешомадҳои сиёсие Тоҷикистонро дар 7 соли оянда мунтазир аст, суҳбат кард.

ТЕМУР УМАРОВ

коршиноси Маркази Карнегӣ дар Маскав:

“Бале, дар воқеъ, натиҷаҳои интихобот барои ҳеч кас ғайриинтизор набуд. Вале 7 сол давраи ба андозаи кофӣ дароз аст, ки метавонад ҳар чизе рух бидиҳад. Бинобар ин, раҳбарӣ дар ҳама ҳолат барои ҳалли мушкили эҳтимолии ҳифзи қудрат ва таъмини амнияти доираи маҳдуди нухбаҳо чораандешӣ мекунанд. Эҳтимолитарин сенария ин аст, ки Раҳмон дар ин давраи президентии худ ба тақсими дубораи салоҳиятҳои қудрат даст мезанад ва ваколати президентии худро ба писараш (ё шахси дигар, ки эҳтимоли хеле кам аст) тақдим мекунад. Ба ибораи дигар, роҳи қазоқиро дунбол мекунад. Қудрат дар Тоҷикистон дар дасти аъзои як хонавода ба андозаи ҳадди аксар инҳисорӣ шудааст. Аз ин рӯ, устувории низом аз муносибати аъзои хонавода вобаста шудааст.”

АНДРЕЙ КАЗАНТСЕВ

сарходими илмии Пажуҳишгоҳи мутолеоти байналмилалии Донишкадаи давлатии равобити байналмилали Маскав (МГИМО):

“Чолиши асосӣ барои Тоҷикистон интиқоли қудрат хоҳад буд. Эмомалӣ Раҳмон писарашро барои интиқоли қудрат омода мекунад, вале ин кори сода нест. Ягона намунаи интиқоли қудрат аз падар ба писар дар Озорбойҷон буд, ки Ҳайдар Алиев ба писараш Илҳом Алиев ҳавола кард. Дар Озорбойҷон ин кор дар як шароити рушди иқтисодии марбут ба шартномаҳои нафту газ сурат гирифт, ки ҳатто дар ин гуна вазъ ҳам кор бе мушкил сурат нагирифт. Эътирозҳое мушоҳида шуд, ки саркӯб шуданд. Дар Тоҷикистон ин кор дар шароити буҳрони иқтисодӣ сурат мегирад ва шояд то замоне ки мушкили интиқоли қудрат боло мегирад, ин буҳрон идома кунад. Тоҷикистон чанд сарчашмаи пур кардани ММД (ВВП)-ро дорад. Нахуст муҳоҷирон, пеш аз ҳама аз Русия, дувум сармоягузориҳои Чин ва алюминиюм. Ва ҳамаи ин се сарчашма ба андозаи кофӣ дар ҳоли буҳронӣ қарор доранд. Хатари сеюм марбут ба вазъи Афғонистон аст, ки берун рафтани нерӯҳои амрикоӣ, эҳтимол ба пайомадҳои ҷиддӣ дар бахши амният биоварад. Намешавад гуфт, ки ин давра барои Тоҷикистон содаву маъмулӣ хоҳад буд.”

АЙДАР АМРЕБАЕВ

раҳбари Маркази сиёсатшиносии бунёдӣ ва мутолеоти байналмилалӣ (Қазоқистон):

“Интихоботе, ки дар Тоҷикистон баргузор шуд, аз як сӯ пешгӯишаванда буд, аз сӯйи дигар вокуниши умумие ба рӯйдодҳои норӯшане, ки дар фазои пасошӯравӣ дар ҳоли рух додан ҳастанд, буд. Инҷо падидаи Белорус, Қирғизистон, фарояндҳои интихоботии оянда дар Қазоқистон ва ҳам марҳиилаи дувуми нигарониҳои пасоковидӣ вуҷуд доранд. Ҷомеаи Тоҷикистон, ба назари ман, бештар аз ду шуур иборат аст: шуури анъанавӣ ва яккасолории шӯравиёна. Агар чунин деллемаи қатъиро пеш гузорем – озодӣ ё оромӣ, шаҳрвандон, ба назари ман, оромӣ ва шеваи аз ҳама шиносро интихоб мекунанд. Аз ин рӯ, меросбарӣ боарзиштарин ва матлубтарин дидгоҳ барояшон аст. Аз нигоҳи иқтисодӣ, коҳиши ҷиддие ба назар мерасад ва ин марбут ба он хоҳад буд, ки иқтисоди ҷаҳон то куҷо баъд аз ҳамагирӣ барқарор мешавад. Аз ин рӯ, зарур аст дар бораи захираҳои иқтидори иқтисодӣ фикр кард. Дар Тоҷикистон маҳдудиятҳои мушахассе вуҷуд доранд ва аз ин рӯ бо зарфиятҳо ва имконоти кам бояд бо сарфаҷӯйии ҳадди аксар ва амалгароёна муносибат кард. Набояд талош кард, ки тарҳҳои подарҳавову амалинашавандеро пеш гирифт, ки ба харҷҳои калон ниёз доранд.”

ПАРВИЗ МУЛЛОҶОНОВ

сиёсатшиноси тоҷик (Аз мусоҳиба бо шабакаи «Настоящее время»):

“Раисҷумҳур маҷбур аст, ки бо иқтисод бештар кор бигирад, зеро вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ бад аст ва ин наметавонад ба иқтисоди миллӣ таъсир нагузорад. Ба ҳамин тартиб, кишвар аз содироти зарфиятҳои корӣ ба Русия вобаста аст. Ин ҳамчунин шомили касодии бозори кори Русия ва коҳиши даромади муҳоҷирон ҳам мешавад. Эҳтимол аст, даромади шаҳрвандон ва хонаводаҳо поин равад. Ин камчинии арзро ба вуҷуд меорад ва дар бахши бонкдорӣ мушкил эҷод мекунад. Ва ҳамаи ин рӯйи сатҳи зиндагии мардум асар мегузорад ва ҳукумат маҷбур аст инро ба навъе ҳал кунад.”

ҶУМЪАБЕК САРАБЕКОВ

коршиноси Пажуҳишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва сиёсат (Қазоқистон):

“Интихобот дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи хелеҳоро ба худ кашида буд. Пеш аз ҳама, дар пасманзари ҳаводиси Белорус ва Қирғизистон, ки онҷо маъракаҳои интихоботӣ омили хезишҳои дохилӣ шуд. Рафти муборизаи интихоботӣ ва тарзи баргузории интихобот дар маҷмӯъ нишон медиҳад, ки ҷомеаи Тоҷикистон ҷонибдори оромӣ ва суботи иҷтимоӣ мебошад, ки онро қисман ба ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум нисбат додан мумкин аст. Бо дар назар гирифтани ин, мешавад ҳадс зад, ки дар ояндаи наздик рушди Тоҷикистон ба як сатҳи пешгӯишаванда мерасад, вале дар айни замон масъалаи калидии ҳаёти сиёсӣ – интиқоли қудрат – ҳалношуда мемонад. Интихобот танҳо ин мушкилоти мураккабро ба таъхир меандозад, ки дер ё зуд бояд ҳал шавад.”

ИГОР ШЕСТАКОВ

сиёсатшинос, раиси бошгоҳи коршиносони минтақавии “Пикир” (Қирғизистон):

“Аз эҳтимол дур буд, ки натиҷаҳои интихобот дар Тоҷикистон ҳангомавӣ воқеъ шаванд. Эмомалӣ Раҳмон бешубҳа пештози кишвар аст. Ӯ хешро дар давоми ин ҳама соли ҳукуматаш ҳамин гуна ба намоиш гузоштааст ва аз ин рӯ ин интихобот барояш аз нигоҳи стратегӣ муҳим буд. Ба лиҳози синну сол ин давраи охирини маъмурияташ аст ва ин эҳтимол буд, ки шароитро барои ширкати рақибони нерӯмандтаре фароҳам намекунад. Ҳоло барои вай марҳилаи муҳим пирӯзӣ буд, ки ин пирӯзӣ далели ҷаҳиш барои интиқоли қудрат дар кишвар шавад. То куҷо ин имконпазир аст, ҳоло душвор аст чизе гуфт. Тоҷикистон кишваре аст, ки ҷанги шаҳрвандиро пушти сар гузошт, ки аз як сӯ дар баробари инқилобҳои ранга масуният дорад. Аз сӯйи дигар, ҳамагирӣ ба тамоми ҷомеаи ҷаҳон таъсир гузошт ва пайомадҳои он ба бахшҳои иқтисоду иҷтимои ҷаҳон асаргузор мешавад. Аз ин рӯ, барои суботи ҷамъиятиву сиёсӣ, ба ҳукумат зарур аст, ки бархӯрди дигаргуна дошта бошад. Пештар Тоҷикистон хеле зиёд ба умеди пулҳои муҳоҷирони меҳнатӣ буд. Вале ҳоло Русия ба далели ҳамагирӣ дар вазъи чандон хубе қарор надорад. Бинобар ин, ба вазъи сиёсии Тоҷикистон ҳам омилҳои дохилӣ ва ҳам берунӣ асар гузошта метавонанд. Ин ки дарсадии болои Раҳмон аз интихобот барои интиқоли бомуваффақияти қудрат кафил шуда метавонад, ё не, ҳанӯз хулоса кардан барвақт аст.”

XS
SM
MD
LG