Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо назарашро дар бораи интихоботи Тоҷикистон гуфт. ВИДЕО


Раъйдиҳӣ дар хона.
Раъйдиҳӣ дар хона.

Иттиҳоди Аврупо бо нашри як баёнияи расмӣ дар бораи интихоботи президентии Тоҷикистон гуфт, ҳукумат бояд талошҳои чашмгире ба харҷ бидиҳад, то интихоботҳояш мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва демокративу холисона сурат бигирад.

Дар баёнияи расмие, ки Питер Стано - сухангӯи Идораи равобити хориҷии Иттиҳодияи Аврупо нашр кард, омадааст, бо вуҷуди онки интихобот орому муназзам сурат гирифт, чанде аз тавсияҳои нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки интихоботи порлумонии моҳи мартро назорат карданд, аз ҷумла дар робита ба муҳити матбуот ва дигарандешии сиёсӣ иҷроношуда мондаанд.

Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон эълон кард, ки раиси ҷумҳури феълӣ Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи рӯзи 11-уми октябр 90.92 дар сади раъйи мардумро ба даст оварда, пирӯз шудааст. Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссия рӯзи 12-уми октябр дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе бо эълони натиҷаҳои пешакии интихобот гуфт, ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон бештар аз 3 миллиону 837 ҳазор нафар раъй додаанд.

Кумисюни интихоботӣ гуфт, Эмомалӣ Раҳмон 90.92 % раъйҳоро ба даст овард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:58 0:00

Дар баёнияи Иттиҳоди Аврупо, ки рӯзи 12-уми октябр нашр шуд, омадааст, "талошҳои чашмгире зарур аст, то ҷараёни интихобот бо уҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, дигар уҳдадориҳои байналмилалӣ ва меъёрҳои як интихоботи демократӣ мутобиқ карда шавад." Дар баёния аз ҷумла ба зарурати озодии матбуот барои инъикоси холисонаи таҳаввулоти сиёсӣ дар тамоми гӯшаҳои кишвар таъкид шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистонро солҳои ахир барои маҳдуд кардани озодии баён, саркӯби матбуоти мустақил ва дигарандешон танқид мекунанд. Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, ҳозир аст, барои амалӣ кардани тавсияҳои нозирони байналмилалӣ барои баргузор кардани интихоботи демократӣ бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад.

Дар баёния гуфта мешавад: "Мо як ҳамкори қобили боварӣ дар амри тақвияти ҳамкориҳо, модернсозии иқтисод, рушди муназзами мунсифонаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ислоҳоти сохторӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ мемонем."

Қарор аст, гуруҳе аз нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо то якуним моҳи дигар арзёбиҳои худ аз ҷараёни интихоботи президентиро бигӯянд. Дар интихобот бар иловаи Эмомалӣ Раҳмон, чаҳор номзади дигар аз Ҳизби аграрӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Ҳизби коммунистӣ ва Ҳизби сотсиалист ширкат доштанд ва ба гуфтаи мақомоти интихоботӣ теъдоди бисёр каме аз раъйи мардумро ба даст оварданд.

Мухолифони давлат, аз ҷумла Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфт, ки дар интихобот ширкат намекунад, зеро он ғайриқонунӣ аст. Раҳматулло Зоиров, раиси ҳизб рӯзи 12-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт: “Интихобот ғайриқонуниву ғайриконститутсионӣ ташкил дода шудааст. Натиҷаҳои ин интихоботро ба инобат гирифтан, ин худ зидди қонун аст. “

Зоиров гуфт, мавқеаш нисбат ба интихобот тағйир накардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:13 0:00

Дар вокуниш ба натиҷаҳои интихобот, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллии Тоҷикистон, як эътилофи созмонҳои мухолиф рӯзи 12-уми октябр дар як паёми видеоӣ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Паймони миллии Тоҷикистон пештар ҳам интихоботро ғайриқонунӣ эълон карда буд ва натиҷаҳои эълоншуда бори дигар нишон дод, ки он на танҳо ғайриқонунӣ, балки ғайридемократӣ ҳам ҳаст.”

Муҳиддин Кабирӣ гуфт, интихобот ғайридемократӣ ва ғайриқонунӣ буд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:34 0:00

Суҳроб Зафар, раҳбари созмони Гуруҳи 24 гуфт, ки онҳо натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳуриро қабул надоранд, зеро онро ғайриқонунӣ мешуморанд. Ӯ дар як паёми видеоӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, мавқеи онҳо баъди соли 2016 аз замони эълони Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси пешвои миллат тағйир наёфтааст: “Сабаби қабул накардани интихоботи президентӣ ва натиҷаи он аз ҷониби ҳаракати сиёсии Гуруҳи 24 тибқи ойинномаи мо аст. Мо инро на танҳо дирӯзу имрӯз, балки соли 2016 баъди гузаронидани референдуми қалбакӣ, иваз кардани сарқонун ва додани унвони пешвои миллат ба Эмомалӣ Раҳмон маҳкум карда будем.”

Раҳбари "Гуруҳи 24" мегӯяд, натиҷаҳои интихоботро қабул надоранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:54 0:00

Президент дар Тоҷикистон дар ҳафт сол як дафъа интихоб мешавад ва номзади пирӯз ҳақ дорад, ду бор пайиҳам дар интихобот иштирок кунад. Бар асоси тағйироте, ки соли 2016 ба Конститутсия ворид карда шуд, Эмомалӣ Раҳмон унвони "Пешвои миллат"-ро гирифт ва ҳақ дорад, бемаҳдудият дар интихоботҳои президентӣ ширкат кунад.

Ширкати чаҳор нафар номзад ба мақоми раиси ҷумҳур аз аҳзоби дигарро, ки ҳама аз сиёсатҳои раиси ҷумҳур ҳимоят мекунанд ва ҳеч баҳсу мунозираи сиёсӣ ҳам надоштанд, намоишӣ номида ва гуфтаанд, ки онҳоро фақат барои "рақобатӣ ва демократӣ" вонамуд кардани интихобот ба ин корзори сиёсӣ ҷалб кардаанд.

Нозирони интихоботӣ аз кишварҳои дӯст бо Тоҷикистон, аз ҷумла аз кишварҳои муштаркулманофеъ мисли солҳои пешина гуфтаанд, ки интихобот бе қонуншиканиҳои ҷиддӣ сурат гирифт. Нозирони ғарбӣ гуфтаанд, то кунун ҳеҷ яке аз интихоботҳои Тоҷикистон шаффофу холисона ва мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сурат нагирифтаанд.

Назари нозирони Ассамблеяи байнипарламентӣ ба интихоботии Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:21 0:00

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG